Тарбияи насли наврас
Аз мутолиаи ҳикоя дар бораи модари дилшикастае, ки шабу рўз дар фикри писари роҳгумкарда аст, ба фикри он омадам, ки чӣ қадар модарони ҳамин хел дилсўхта, аз фарзанд ҷудо шудаанд.
Ман ҳамчун падар гуфтани ҳастам, ки вақте, ки фарзанд ба дунё меояд, оиларо хушбахтӣ фаро мегирад ва бо баробари он дар дили падару модар орзуҳои зиёде пайдо мешавад, ки фарзандаш инсони солиму бомаърифат шавад, намунаи оила ва дуогири волидайн гардад ва ватандўсти сарзамини худ шуда, баҳри шукуфон гардидани оила ва Тоҷикистони худ ҳамчун мутахасиси беҳтарин меҳнат кунад. Ва ҳар як фарзанд бояд инро донад, ҳис кунад, ки падару модар ўро бо орзуе тарбия ва ба воя мерасонад, ки дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб кунад ва худшинос бошад. Лекин сад афсўс баъзе нафароне ҳастанд, ки аз нодонии ҷавонон истифода бурда, онҳоро бо роҳҳои фиребу дурўғ ба сафи ҳизби наҳзати ислом аъзо карда, ба фарзанди гумроҳшуда табдил гардонида истодаанд. Ҳизби наҳзати исломӣ дар барангехтани низоъ дар кишвар ва қатлу куштор даст дошта, оғозгар ва саркардаи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аст.
Имрўз Тоҷикистон яке аз давлатҳои мустақили пешрафтаистода буда, ба яке аз давлатҳои тараққикардаистода мубаддал гардида истодааст. Дар Тоҷикистони имрўза зиндагии мардум низ беҳтар шуда истодааст. Имрўз он ҳама муваффақиятҳое, ки халқи тоҷик ба даст овард, бевосита бо роҳбарии президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Баъзе шахсоне дар фикре буданд, ки дар Тоҷикистон ваҳдат намешавад ва мардум дар сулҳу осоиштагӣ зиндагӣ карда наметавонад. Дар олам ҳарчанд вазъ ноором ба назар мерасад, муноқишаҳои мазҳабиву миллӣ рў ба афзоиш аст, ифтихори мо тоҷикон аз ин дастоварди бузурги таърихиамон сулҳ ва ваҳдати миллӣ афзунтар мегардад. Мо ба андешаи он бояд бошем, ки ин доди Худованди ва нигаҳдошти онро аз қарзҳои худ бидонем.
Имрўз мо волидайн вазифадор ҳастем, ки фарзанди худро ба роҳи дуруст тарбия намоем, то ки роҳгумкарда шуда ҷавонии худро қурбони ҳаргуна ҳизбу гумроҳон накунанд, ҳаёти худро насўзонанд. Шукр ба Худо мегўем, ки имрўз ҷумҳурии мо осмони соф дорад, халқаш ба меҳнати осоиштаю созанда машғул аст. Бар муқобили ҳизу ҳарактҳои ифротӣ баромад менамоем.
Муҳсинов Ё.М. – н.и.ф-м., дотсенти кафедраи
фанҳои риёзӣ-табиатшиносии муосири ДДҲБСТ