42 нафар донишҷӯёни фаъоли ДДҲБСТ сазовори Стипендияи Раиси вилояти Суғд гардиданд
Дар доираи таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд, маросими супоридани Стипендияи Раиси вилояти Суғд ба донишҷӯён, магистрант ва аспиранти муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ баргузор гардид. Ин иқдом як нуктаи муҳими сиёсати давлатии ҷавонон буда, бо мақсади тақвият бахшидани таваҷҷуҳ ба таҳсил ва фаъолияти илмии ҷавонон дар вилоят амалӣ шудааст.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ки дар маросими расмии супоридан иштирок дошт, дар суханронии худ таъкид намуд, ки дастгирии ҷавонон ва тақвияти сиёсати давлатии ҷавонон дар заминаи таълим, илм ва фарҳанг аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ мебошад. Вай изҳор дошт, ки соли 2024 шумораи стипендияҳо барои донишҷӯён дар вилоят ба 250 адад расида, ҳаҷми онҳо низ як баробар афзудааст.
Раиси вилоят зимни суханронӣ ба ҷавонон даъват кард, ки дар омӯзиши амиқи фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ фаъол бошанд, чун ки ин илмҳо дар заминаи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ” яке аз самтҳои муҳим дар рушди муосири Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Роҳбари вилоят дар идомаи суханронии худ афзуд, ки ҷавонон бояд барои таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди илму маърифат ва ҳифзи арзишҳои миллӣ нақши муҳим дошта бошанд. Ӯ инчунин ҷавононро ба худшиносӣ ва ватандӯстӣ, инчунин ба муқовимат ба падидаҳои номатлуби ҷомеа даъват намуд.
Дар охир, Раиси вилоят ба донишҷӯёни лаёқатманд барои заҳмату талошҳои пайвастаи онҳо дар роҳи илм ва рушди Ватани азиз комёбиҳои нав орзу намуд.
Сипас, Мӯминзода Шероз Абдуҷаббор, муовини ректор оид ба корҳои таълими ДДҲБСТ гирандагони стипендияро ба ҳузур пазируфта, барои дастовардҳои назаррас ва талошҳояшон табрик гуфт. Ӯ аз ҳамаи донишҷӯён хоҳиш кард, ки дар роҳи илм ва таҳсил бо рӯҳияи баланд ва босамар ҳаракат кунанд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа