Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромўш намешавад!

07 майи соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 80- солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ таҳти унвони «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромўш  нашудааст» баргузор гардид.

Дар чорабинӣ олимону таърихшиносон, кормандону устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд.

Нахуст, муовини ректор оид ба корҳои таълими донишгоҳ, дотсент Мўминзода Шероз Абдуҷаббор ҷаласаро ҳусни ифтитоҳ бахшида, қайд кард, ки Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945) аз ҷумлаи идҳои давраи шӯравӣ мебошад, ки дар Тоҷикистони муосир боқӣ мондааст ва он ба таври тантанавӣ ҷашн гирифта мешавад.
Дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз ҳам бештар аён мегарданд..
Таҷлили ҳамасолаи ҷашни Ғалаба ҳамчун иди умумихалқӣ нишони арҷгузорӣ ба қаҳрамонӣ ва анъанаҳои пуршарафи ҷангии падарони шуҳратманд аст. Ҳар сол дар кишвари азизу маҳбуби мо ба хотири ёдбуди онҳое, ки баҳри халқу Ватан дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷон фидо намудаанд  ва барои қадрдонии онҳое, ки баҳри ба даст овардани ғалаба мардонавор ҷангидаанд, 9 май ҳамчун Иди Ғалаба ҷашн гирифта мешавад.

Сипас, ҳамоҳангсози барномаҳои таълимии Хонаи рус дар шаҳри Хуҷанд, дотсент Сатторова Ф. М., мудири кафедраи сиёсатшиносӣ, профессор Ҳомидзода Ф.М. ва муаллими калони кафедраи забони русӣ Дадобоева Р.С.  перомуни саҳми иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ибрози андеша карданд.  Зикр шуд, ки ҳанӯз аз оғози ҷанг фарзандони тоҷик дар қатори аввалинҳо дар ҳайати ду дивизия ба ҷабҳаи ҷанг рафта буданд. Умуман, аз кишвари мо наздик  300 ҳазор нафар бевосита дар задухӯрдҳои шадиди ҷанги зидди фашизм иштирок намуда, аз худ ҷасорату мардонагиҳои бемисл нишон додаанд. Эҳсоси ватандӯстӣ ва мушкилнописандии онҳо имрӯз барои мо, ки истиқлолияти давлати худро таҳким бахшида, созандагиву бунёдкорӣ ва ободии Тоҷикистони азизро ҳадафи хеш қарор додаем, намунаи ибрат ва сабақ аст.

Дар хотима, аз ҷониби донишҷӯёни донишгоҳ намоиши сахначаҳо ва шеъру гуфторҳо қироат карда шуд, ки мўҳтавояш қаҳрамониву ҷонисориҳои қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, дӯст доштани Ватан, сарзамин ва хоки поки меҳан буд.

 

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like