Ғолибияти донишҷӯёни ДДҲБСТ дар озмуни ҷумҳуриявӣ

Дар озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин донандаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки имсол бахшида ба 30- солагии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуд, донишҷӯёни ихтисоси  андоз ва андозбандии факултети молия ва андози ДДҲБСТ сазовори мақоми ифтихорӣ шуданд.

Озмуни мазкур байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти касбии олии мамлакат дар шаҳри Душанбе доир шуд, ки дар он донишҷӯёни 16 донишгоҳу донишкадаҳо ширкат варзиданд. Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар озмуни мазкур фаъолона ширкат намуда, ба гирифтани мақоми 3-юм ноил гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки солҳои қаблӣ низ донишҷӯёни донишгоҳи мо дар озмуни мазкур иштирок намуда, ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ комёб шуда буданд.

                                                                                                 Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like