МУЛОҚОТ БО ДОВТАЛАБОНИ ОЗМУНИ СТИПЕНДИЯИ РАИСИ ВИЛОЯТИ СУҒД
28-уми апрели соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо довталабони озмуни Стипендияи Раиси вилояти Суғд мулоқоти муовини ректор оид ба корҳои тарбия Шаҳноза Норматова баргузор гардид. Тибқи низомнома даври интихобии озмуни мазкур сараввал дар сатҳи факултетҳо ва донишгоҳ гузаронида шуд. Ин озмун ҳамасола бо мақсади ҳавасмандкунӣ, дастгирии моддиву маънавии донишҷӯён, магистрантон ва докторантони фаъоли муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, бо қарори Раиси вилоят “Дар бораи муқаррар намудани стипендияи Раиси вилояти Суғд” баргузор мешавад.
Ба даври ниҳоии озмуни мазкур, тибқи қарори шурои олимони донишгоҳ донишҷӯёни курсҳои 2, 3 ва 4, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ фаъолияти назаррас доранд ва магистрантону докторантоне, ки ба дастовардҳои илмӣ соҳиб гаштаанд, пешниҳод карда шуданд.
Дар кори мулоқот Шаҳноза Норматова аз донишҷӯён – довталабони озмун даъват ба амал овард, ки ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, сайқал додани дониши сиёсию ҳуқуқӣ ва донишҳои тахассусӣ эътибори аввалиндараҷа диҳанд, зеро аз шартҳои асосии озмуни мазкур ба ҳисоб меравад. Инчунин, ҷавобан ба ин гуна ғамхориҳо, ҷавонон бояд пайваста талош намоянд, ки бо хониши аъло, иҷрои корҳои таҳқиқотии илмӣ, хизмат дар сафи Артиши миллӣ ва муҳим аз ҳама, дар тарғибу татбиқи сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон саҳм гузошта, ба Ватани соҳибистиқлоламон хизмати шоиста намоянд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа