Рушди устувор дар соҳаҳои иқтисодиёт, суботи иҷтимоӣ, мувозинати экологӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бахшида ба амалишавии «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037» ва Рўзи илми тоҷик конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Рушди устувор дар соҳаҳои иқтисодиёт, суботи иҷтимоӣ, мувозинати экологӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон»,  бо иштироки олимону устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ  баргузор гардид.

Сухани ифтитоҳиро муовини ректор оид ба таълим, н.и.ҳ., дотсент Мўминзода Шероз Абдуҷаббор оғоз бахшида қайд намуд, чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, кишвари мо бо мақсади дастрасӣ ба ҳадафҳои “иқтисоди сабз” Стратегияи рушди ин соҳаро барои солҳои 2023-2037 таҳия намуда, мавриди татбиқ қарор додааст. Ин санад истифодаи самараноки обу замин, маъданҳои табиӣ, ҷалби сармоя, роҳандозии технологияи муосиру инноватсионӣ ва таҳкими ҳамкории байналмилалиро дар ин самт дар назар дорад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афзоиши истеҳсоли “энергияи сабз”-ро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии Тоҷикистон ва соҳаҳои ояндадори он, бо назардошти хусусиятҳои ҷуғрофӣ, захираҳои табиӣ ва дигар имкониятҳои мавҷуда, номбар намуданд.

Дар ин замина бо мақсади истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва ҷалби сармояву технологияҳои “сабз” ба иқтисодиёт аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон “Стратегияи рушди иқтисоди сабз барои солҳои 2023-2037” қабул гардида, мавриди татбиқ қарор гирифтааст.

Дар конференсия намояндаи МИҲД – и вилояти Суғд Тоҷибой Султонӣ, д.и.и., декани факултети молия ва баҳисобгирии МД “Донишкадаи байналмилалии Хуҷанд” – и  Донишгоҳи байналмилалии  сайеҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Шокиров Р.С.  дар мавзуи “Ташаккули саноати «сабз» ва сарчашмаҳои маблағгузории он”,  н.и.ҳ., дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқшиносӣ, МДТ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров Мухторзода К. дар мавзуи “Заминаҳои иҷтимоӣ-ҳуқуқии такмили принсипҳои иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, н.и.б., дотсенти кафераи фанҳои ҷамъиятӣ ДИС ДДТТ Даниярова М. дар мавзуи “Зелёная экономика – важный компонент адаптации к изменению климата”, н.и.и., дотсенти кафедраи назарияи иқтисодии ДДҲБСТ Алиҷонова С. дар мавзуи “Консепсияи иқтисоди “сабз”: муқаррароти асосӣ ва дурнамои рушд”, н.и.и., дотсенти кафедраи иқтисоди ҷаҳонии ДДҲБСТ Аминов Д. дар мавзуи “Устойчивое развитие экономики: опыт, проблемы и перспективы для Республики Таджикистан” баромад намуданд.

Дар итмоми  қисми пленарии конференсия муовини ректор оид ба таълим, н.и.ҳ., дотсент Мўминзода Шероз Абдуҷаббор иштирокчиёнро бо Сипосномаҳо қадрдонӣ намуданд. Идомаи кори конференсия нисфирузӣ дар бахшҳои факултетҳо баргузор гардид.

Ҳадафи баргузории конференсия рушди иқтисоди «сабз», мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, кам кардани партовҳои газҳои гулхонаӣ, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва ҷалби сармояю технологияҳои каммасраф «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037» мебошад.

Ҳамзамон кори конференсия дар бахшҳо дар заминаи 28 кафедраҳои донишгоҳ ҷараён гирифт. Баррасии зиёда аз 400 мақолаҳои илмии устодон ва муҳаққиққони ҷавон дар бахшҳои конференсия пешбинӣ гардида буд: аз ҷумла, дар тамоми бахшҳо олимону омӯзгорон – 155  мақола, донишҷуён – зиёда аз 253 мақола ва докторантону магистрантон – беш аз 29 мақолаи илмӣ карданд.

Чун ҳамасола  маърўза ва мақолаҳои  илмӣ дар маҷмуаи мақолаҳои конференсия нашр мешавад.

Бояд қайд намуд, ки ҷараёни баргузории бахшҳои конференсия аз ҷониби кормандони раёсати корҳои илмию таҳқиқотӣ ва рушди инноватсионӣ зери назорат қарор дошта, кори бахшҳо мувофиқи барнома дар вақти муайяншуда, дар синфхонаҳои муҷаҳҳаз бо ҷалби доираи муайяни устодон ва донишҷўён ба роҳ монда шуд.

Мувофиқи барнома фарогирии доираи нисбатан васеи донишҷўён дар бахши кафедраҳои молия ва қарз, назарияи иқтисодӣ, муносибатҳои байналхалқӣ, сиёсатшиносӣ, фанҳои ҷамъиятӣ, таърих ва диншиносӣ, забонҳои хориҷӣ, забони англисӣ ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва барномарезӣ мушоҳида шуд,  ки шумораи зиёди донишҷӯёнро ба конференсияи мазкур ҷалб намуданд.

Дар қисмати ҷамъбастии конференсия иштирокчиёни фаъол ва ғолибони бахшҳо  аз ҷониби раёсати Донишгоҳ бо Сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

                                                                                                         Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

You might also like