Ҳамкориҳои ДДҲБСТ бо муассисаҳои олии Финляндия ва СММ
15-уми апрели соли 2025 дар Маркази таҳсилоти рақамии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон вохӯрии расмӣ бо намояндагони Вазорати корҳои хориҷии кишвари Финляндия ва Барномаи рушди СММ (UNDP) баргузор гардид.
Дар ин дидор маслиҳатчии калони сиёсати рушди Финляндия Катя Хирвонен, мутахассиси сиёсати рушд Майю Палосаари, Зарина Нигматова – намояндаи UNDP ва Шама Фарук- менеҷери лоиҳаи “Волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолати судӣ” иштирок намуданд. Меҳмононро муовини ректор оид ба корҳои таълими донишгоҳ Шероз Муминзода ва ҳайати раёсати донишгоҳ пазируфтанд.
Дар чорабинии мазкур муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, д.и.и., професор Ризозода Т.Р., мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ, н.и.ф., дотсент Шарипов К.К., муовини декани факултети ҳуқуқшиносӣ, н.и.ҳ., дотсент Зиёбоева М.Н., дотсенти кафедраи ҳуқуқи байналмилалӣ, н.и.ҳ., Хомидова М.Ф. ва мутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Мӯминҷонова П.Т. ширкат варзиданд.
Дар ҷаласаи корӣ масъалаҳои табодули донишҷӯён ва омӯзгорон бо муассисаҳои олии Финляндия, лоиҳаҳои муштараки илмӣ-тадқиқотӣ, барномаҳои такмили ихтисос дар соҳаи ҳуқуқ ва бизнес мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар идома, меҳмонон аз имкониятҳои муосири донишгоҳ, аз ҷумла инфрасохтори рақамӣ ва захираҳои илмӣ дидан намуда, баҳо доданд ва эътироф карданд, ки ДДҲБСТ барои ҳамкории стратегӣ бо муассисаҳои байналмилалӣ комилан омода аст.
Ҷонибҳо рӯйхати амалиҳои муштаракро барои соли 2025-2026 муаррифӣ намуда, ба рушду тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи таълим ва илм эътимод зоҳир карданд. Ин вохӯрӣ ҳамчун қадами муҳим дар роҳи байналмилалӣ шудани таҳсилоти олии ҷумҳурӣ арзёбӣ мешавад.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа