Қирғизистон ва Тоҷикистон дар шароити сулҳу амонй ва дустй зиндагй мекарданд ва зиндагй хоҳанд кард

Дӯст ояд, гарм дар оғӯш гир...

Дар сарам ҳаргиз набошад ҷуз ҳавои кӯйи Дӯст,

Эй хуш он дам, ки сарам бошад сари зонуйи Дӯст.

Боғбон кай сарв биншонад дигар дар бӯстон,

Гар ба тарфи боғ бинад қомати некуйи Дӯст?!

Кай манаҷҷим бохабар гардад, ки дар даври Замин,

Офтобу моҳ мегирад фурӯғ аз рӯйи Дӯст.

         Чунин шуд, ки халқҳои бародар — қирғизу тоҷик чандин аср боз дар ҳамсоягй дӯстона зиндагй мекунанд. Дӯстӣ ва хешутабории тоҷикону қирғизҳо дар достони монументалии «Манас» тараннум шудааст. Аз кадимулайём Тоҷикистону Қирғизистон — халқҳои хамсоя маҳкуми дӯстии абадӣ буданд. Моро на танхо маданияту анъанахои умумй, муносибатҳои иқтисодию иҷтимой, балки иттиҳоди адабй ҳам бо ҳам алоқаманд мекунад ва мепайвандад. Шоирон ва нависандагони Тоҷикистон ва Қирғизистон сулҳ, дӯстй ва якдилии на танхо Осиёи Миёна, балки тамоми ҷаҳонро тараннум кардаанд.

Мисоли равшани дустй ва фаъолияти чамъиятию сиёсии шоири маъруфи сулҳпарвари Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ва нависандаи маъруфи қирғиз Чингиз Айтматов мебошад. Ба гуфтаи Чингиз Айтматов, Мирзо Турсунзода аксар вақт дар сӯҳбатҳои хусусӣ ва ҷамъиятӣ такрор карданро дӯст медошт, ки қирғизҳо ва тоҷикон на танҳо ҳамсояи хуб, балки мисли як хонаводаанд. Мо тоҷикон, инро ҳамеша дар ёд дорем.

Аммо агар ба таърих амиқтар назар андозед, маълум мешавад, ки ин халқҳо дар тамоми давраҳои таърихӣ дар дӯстӣ ва ҳамсоягии нек зиндагӣ кардаанд. Таърих ҷангу задухӯрдҳои байни халқҳои моро дар хотир надорад. Борҳое буданд, ки сарҳадхои давлатй шартан муайян карда мешуданд, одамон оромона зиндагй мекарданд, хешу табор мешуданд, ба ду тараф ҳаракат мекарданд, ба чарогоҳу заминҳои корам озод мерафтанд.

Аз ҷангу ҷидол ягон фоида нест. Ҷои зисти ҳамаи Одамон ин сайёраи Замин мебошад. Биёед дӯстона зиндагӣ кунем ва ҷангу ҷидолро аз бехаш барканем. Шеъри Мирзо Турсунзода сеҳр дорад, сеҳри он дар ҳикматаш нуҳуфта аст.

Дӯст ояд, гарм дар оғӯш гир,

Расми хуби тоҷиконро гум макун.

Дар ҷаҳон бе дӯст будан мушкил аст,

Мушкилосонкун касонро гум макун.

 

 Дадобоева Раҳбарой Самеҷоновна,

                                                         муаллими калони кафедраи

                                                 забони русии  ДДҲБСТ

You might also like