ЧАНД НУҚТАИ МУҲИМИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАВРИДИ СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН

Соли ҷорӣ низ чун анъана Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои осудаҳолӣ ва субот ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардид. Чун ҳамешагӣ масъалаҳои мухталифи сиёсати дохиливу хориҷии кишвар мўҳтавои паёми раиси ҷумҳурро ташкил доданд. Президенти кишвар ба ҷиҳатҳои мухталифи сиёсати дохиливу хориҷии кишвар, махсусан дастоварду мушкилиҳои мавҷуда таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд. Хусусан дар самти сиёсати хориҷии кишвар нуқтаҳои муҳиме ёдоварӣ карда шуданд, ки чанде аз онҳоро мавриди баррасӣ қарор медиҳем.

Мураккабгардии муносибатҳои байналхалқӣ дар шароити муосир. Раванди бартариҷўӣ дар муносибатҳои байналхалқӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, нооромиву низоъҳо дар минтақаҳои мухталифи олам, васеъгардии фазои нооромиҳо албатта наметавонад моро бетафовут гузорад. Хусусан ба Тоҷикистон, ки дар минтақаи ҳассоси геополитикӣ қарор дорад ин мушкилотҳо чун омили хатарзо боқӣ мемонанд. Албатта дар чунин шароити мураккаби сиёсати ҷаҳонӣ ҳар як нафари моро зарур аст, ки дар мавриди ҳифзу ҳимояи истиқлолият ва якпорчагии кишварамон биандешем. Зарур аст, ки ваҳдату муттаҳидии мо аз ҳар давру замон дида боз ҳам бештар мустаҳкамтар бошад, то ҳамчун миллат ва умумияти воҳид тавонем алайҳи ҳамагуна чолишҳои берунӣ истодагарӣ дошта бошем ва мавҷудияту рушди  кишвари худро таъмин намоем. Зеро ҳифзи ҳуқуқу озодиҳоямон, ҳифзи арзишҳои волои аҷдодӣ ва каромати инсониямон дар шароити имрўза ва оянда ба ҳастии давлати соҳибистиқлоли мо ва суботу амнияти он пайванд дорад.

Ҷонибдории Тоҷикистон аз низоми одилонаи ҷаҳонӣ.  Кишвари мо ҳамеша ба роҳ мондани муносибатҳои байналхалқиро дар асоси принсипҳои ҳуқуқи байналхалқӣ ҷонибдорӣ намудааст ва дар сиёсати амалии хеш низ онҳоро ба роҳбарӣ гирифтааст. Бори дигар Пешвои миллат дар паёми хеш зикр намуданд, ки зарур аст муносибатҳои байналхалқӣ бидуни ҷангу низоъ дар заминаи густариши ҳамкориву шарикии баробар ва судманди ҳамаи кишварҳои олам, таъмини амнияти ҷаҳониву минтақавӣ ва созишу муколамаи созанда ба роҳ монда шавад. Албатта дар шароити имрўза ва дар оянда танҳо бо ташкили низоми одилонаи ҷаҳонӣ башарият метавонад бо мушкилотҳои глобалии пешорўи худ истода муқовимат ва онҳоро ҳалу фасл карда тавонад. Хусусан, ҳалли масъалаҳои глобалии экологӣ, муҳоҷират, норасоии оби ошомиданӣ, низоъҳои мухталифи минтақавӣ, мубориза бо терроризми байналхалқиву ифротгароӣ ва ғ. танҳо бо муттаҳидии кишварҳо имконпазир аст. Агарчанде, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати ҷуғрофӣ кишвари кўчак аст, аммо дар ҳалли масъалаҳои зикршуда ҳамеша омодагии худро эълон намудааст ва дар ин самт ташаббусҳои сатҳи ҷаҳониро низ ироа доштааст. Он нуқта қобили зикр аст, ки Пешвои миллат дар паёми имсолаи худ низ бори қайд намуданд то муносибати духўра бо терроризм канор гузошта шавад. Бо ин мушкили замони муосир, ки рўз аз рўз қурбониҳои зиёдеро ба миён меорад савдои сиёсӣ намудан нашояд.

Ҳамгироӣ ва ҳамкории минтақавӣ. Яке аз нуқтаҳои муҳими паёми Пешвои миллатро рушди ҳамгироӣ ва ҳамкории минтақавӣ ташкил медиҳад. Дар шароити кунунӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди ҳамгироӣ ва ҳамкории минтақавиро чун воситаи муассири ҳалли масъалаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, иҷтимоиву экологӣ ва аз ҳама муҳим таъмини амнияту суботи минтақавӣ арзёбӣ мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон тўли истиқлолияти хеш ҳамеша таҳкими муносибатҳои байниҳамдигарии мардумони минтақаро дар пояи дўстӣ ва ҳамкорӣ ҷонибдорӣ намудааст ва онро чун заминаи рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварҳои минтақа медонад. Албатта ҳамгироӣ ва ҳамкорӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар оянда метавонад рушди минтақаро на танҳо чун ҳудуди ҷуғрофӣ балки ҳамчун умумияти сиёсӣ фароҳам намояд.

Васеъ шудани фазои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Аз замони соҳибистиқлолӣ тадриҷан ҳавзаи сиёсати хориҷии Тоҷикистон васеъ мегардад. Сол аз сол шумораи шарикон ва ҳамкорони Тоҷикистон дар муносибатҳои байналхалқӣ меафзояд. Дар Паёми худ Пешвои миллат чунин қайд намуданд, ки Тоҷикистон дар баробари шарикони анъанавӣ чун кишварҳои ИДМ минбаъд ба кишварҳои Аврупо ва Амрико низ дар сиёсати хориҷии худ мақоми хосса медиҳад. То ба имрўз мо шоҳиди он гаштем, ки чи гуна Тоҷикистон ҳавзаҳои наверо дар сиёсати хориҷии худ боз мекунад. Барои мисол дар замони соҳибистиқлолӣ дар қатори шарикони анъанавӣ муносибатҳои Тоҷикистон дар самти ҷануб бо кишварҳои форсизабон ва кишварҳои арабӣ ба роҳ монда шуд ва ҳамкориҳо бо онҳо тадриҷан тақвият меёбанд. Дар шароити имрўза Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳони боз ҳам васеътар намудани фазои сиёсати хориҷии худ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо кишварҳои ҷануби Африқо ва Амрикои Лотинӣ мебошад. Ин иқдомро метавон чун самти нави сиёсати хориҷии кишвар қаламдод намуд.

Кишвари содиротӣ шудан. Яке аз нақшаҳои муҳими Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти сиёсати хориҷӣ ин ба кишвари содиротӣ табдил ёфтан аст. Ин нуқта дар Паёми Президенти кишвар махсусан дарҷ карда шудааст. Дар шароити имрўза мақоми давлатҳо дар муносибатҳои байналхалқӣ аз тавозуни воридот ва содироти онҳо вобастагӣ дорад. Дар оянда тасмим гирифта шудааст, ки ба рушди иқтисоди содиротӣ ва маҳсулоти ниҳоӣ дар Тоҷикистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардад. Яъне, кишвари мо на манбаъи ашёи хом балки истеҳсолгари навъҳои мухталифи маҳсулоти ниҳоӣ барои бозори истеъмолӣ гардад. Дар оянда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ барои рушди дастгирии содирот ва баланд бардоштани рақобатнокӣ дар назар гирифта шудааст.

Мутаассифона дар шароити имрўза мо ҳамчун кишвари воридкунандаи молу коло боқӣ мондаем. Президенти кишвар аз ин ҳолат нигаронӣ намуданд. Махсусан ба бозори молҳои бесифат табдил ёфтани Тоҷикистон сарвари кишварро сахт нигарон намуд, ки чунин молҳо на танҳо ба иқтисоди кишвар балки ба саломатӣ ва генофонди миллат таъсири манфӣ мерасонанд.

Ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон. Яке аз ҳадафҳои муҳими Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ташкил медиҳад, ки дар паёми Пешвои миллат махсусан қайд карда шудааст. Тоҷикистон дар ин самт лоиҳаҳои зиёди сармоягузориро амалӣ гардонидааст ва дар оянда низ дар ин самт корбариро идома медиҳад. Вазифагузории вазорати нақлиёти кишвар барои ташкили терминалҳои наздисарҳадӣ ва марказҳои логистикӣ, долонҳои нақлиётӣ ва ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгў гардонидани хизматрасониҳо аз ин иқдоми наҷиби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дарак медиҳад. Дар замони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон тавонист, ки тадриҷан аз як кишвари ҳошиявӣ барояд ва шароитҳоро то қадри имкон барои ба кишвари транзитӣ табдил ёфтан фароҳам кунад. Дар ин самт таъмири роҳҳо ва ба меъёрҳои байналмилалӣ мувофиқ намудани онҳо, кандани нақбҳо ва бунёди пулҳоро мисол овардан мумкин аст, ки на танҳо пайванди минтақаҳои кишварро фароҳам намуд, балки ҳамчунин роҳро ба ҷониби кишварҳои ҳамсоя боз кард.

Омўхтани таҷрибаи давлатҳои дигар.  Яке аз ҷиҳатҳои муҳими Паёми Пешвои миллатро тасвияи омўзиши таҷрибаи кишварҳои дигар ташкил медод. Албатта дар шароити кунунӣ моро зарур аст, ки таҷрибаҳои беҳтарини дигар кишварҳо дар самти рушди иқтисодӣ, хоҷагидорӣ, бонкдорӣ, бунёди инфрасохтор, сайёҳат, маорифу фарҳанг, обёрӣ ва ғ. омўзем ва мавриди истифода қарор диҳем. Хусусан, мисолҳои овардаи Президенти кишвар дар мавриди таҷрибаи бонкдорӣ дар кишвари Сингапур ва таҷрибаи обтаъминкунӣ дар Шоҳигарии Ҳошимии Урдун хеле ҷолиб буд. Барои мисол Шоҳигарии Ҳошимии Урдун новобаста аз камбудии манобеи обӣ тавонистааст, ки на танҳо талаботи худро бо маводи ғизоӣ таъмин кунад балки онро содир низ намояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад дар фарқият аз ин кишвар дорои манобеи зиёди обӣ ва зарфиятҳои калоне дар ин самт мебошад. Бо омўхтан ва амалӣ намудани таҷрибаи кишварҳои дигар дар соҳаҳои мухталиф мо метавонем зарфиятҳои мавҷудаи кишвари худро самаранок ва ба хотири рушду пешрафти кишвар истифода намоем.

Боло бурдани ҷолибияти кишвар. Яке аз ҷиҳатҳои муҳими рушди муносибатҳоро дар фазои байналхалқӣ ҷолибияти кишвар ташкил медиҳад. Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат якчанд нуқтаҳои муҳим дар мавриди боло бурдани ҷолибияти кишвар ироа карда шуд. Хусусан таваҷҷуҳи махсусе ба ҷолибияти сармоягузорӣ намуда шудааст, ки имрўз Ҳукумати кишвар ҳарчи бештар кўшиш бар он намуда истодааст  то фазои мусоиди сармоягузориро фароҳам намояд. Андешидани чораҳо барои бунёди инфрасохтори зарурӣ, ба роҳ мондани фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ, додани имтиёзҳои зиёд ба сармоягузорон, озод намудани бархе соҳаҳои фаъолият аз андоз аз арзиши илова ва пардохтҳои гумрукӣ, таъмини истеҳсолот бо барқи доимӣ, фароҳам намудани низоми соддакардашудаи раводид ва ғ. аз қабили чораҳое мебошанд, ки метавонанд ҷолибияти кишварро боло баранд. Дар самти боло бурдани ҷолибияти кишвар таваҷҷуҳи махсус ба ҷолибияти сайёҳии он намуда шудааст. Президенти кишвар мақомоти дахлдорро вазифадор намуданд, ки дар самти ҷолибияти сайёҳии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ биандешанд ва ҳарчи беҳтару хубтар зарфиатҳои сайёҳии кишварро муаррифӣ созанд.

Албатта Паёми Пешвои миллат дар самти сиёсати хориҷӣ нуқтаҳои зиёди ҷолиби таваҷҷуҳро доро мебошад. Амалӣ намудани нуқтаҳои Паём дар самти сиёсати хориҷӣ метавонад мақоми кишварро дар арсаи байналхалқӣ боло барад ва сатҳу сифати зиндагии шаҳрвандони Тоҷикистонро беҳтару хубтар гардонад.

 

Мунира Акмалова, профессор.

 

 

Шарофиддин  Солиев, дотсент.

You might also like