Тоҷикистони соҳибистиқлол: марҳилаҳои рушд ва таҳаввулоти ҷомеа
Санаи 9 сентябр дар таърихи навини халқи тоҷик ҳамчун Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Ин сана барои ҳар як шаҳрванди кишвар ҷашни муқаддас, рамзи озодӣ, соҳибихтиёрӣ ва давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад. Мардуми сарбаланди Тоҷикистон имрӯз бо ҳисси баланди ифтихор аз он ёд мекунанд, ки 35 сол муқаддам нахустин пояҳои истиқлолият ва давлатдории миллии худро бунёд намуда, соҳиби ҳамаи рукнҳои давлатдории мустақил – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардиданд. Халқи тоҷик дар марҳилаи бисёр ҳассосу тақдирсоз Пешвои хирадмандеро интихоб намуд, ки тавонистанд миллат ва давлати тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуда, Тоҷикистони соҳибистиқлолро аз вартаи парокандагӣ наҷот диҳанд, ҷанги шаҳрвандиро хотима бахшида, ба сӯи сулҳу субот ва созандагӣ раҳнамун созанд. Эмомали Рахмон тамоми неру, донишу таҷриба ва сиёсати хирадмандонаи худро баҳри таъмини зиндагии шоистаи мардум, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва рушди устувори кишвар равона намуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша истиқлолиятро бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати тоҷик арзёбӣ намуда, онро рамзи адолати таърихӣ, эҳёи давлатдории миллӣ ва идомаи анъанаҳои давлатсозии ниёгон медонанд. Дар ҷавоб ба ин сиёсати хирадмандона мардуми Тоҷикистон низ барои ҳифз ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва суботи ҷомеа саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Бояд таъкид намуд, ки роҳи ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ осон набуд. Мардуми тоҷик дар ин роҳ мушкилоту озмоишҳои зиёдеро паси сар карданд. Ниёгони мо баҳри ҳифзи сарзамин, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва устувории давлатдорӣ қаҳрамониҳои бемисл нишон дода, барои зиндагии осоишта ва шоистаи наслҳои оянда хизматҳои арзанда анҷом додаанд.
Солҳои аввали истиқлолият бо ҷанги шаҳрвандӣ ва буҳрони шадиди сиёсиву иқтисодӣ ҳамроҳ гардид. Ин вазъият фаъолияти сохторҳои давлатӣ ва иқтисоди миллиро фалаҷ намуда буд. Бо вуҷуди ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат роҳҳои расидан ба сулҳу оштӣ ва ваҳдати миллиро ҷустуҷӯ мекард. Ниҳоят, 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки он оғози марҳилаи нави таърихии давлатдории тоҷикон гардид. Ин сана имрӯз ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил мегардад.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ташаббуси Пешвои миллат барои аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар сохтмони роҳҳои байналмилалӣ ва нақбҳои муосир амалӣ гардид. Бунёди нақбҳои “Анзоб”, “Шаҳристон”, “Шаршар” ва “Чормағзак”, инчунин роҳҳои Душанбе-Хуҷанд-Чанак, Душанбе-Хоруғ-Мурғоб, Душанбе-Рашт-Саритош ва Қулма-Қароқурум ба рушди иқтисодӣ, таҳкими робитаҳои дохилӣ ва осон гардидани рафтуомади мардум мусоидат намуданд. Истиқлолияти давлатӣ барои Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки барномаҳои муҳимми рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангиро амалӣ намояд. Маҳз дар натиҷаи чунин тадбирҳо симои кишвар ба таври куллӣ тағйир ёфта, Тоҷикистон ба кишвари ободу созанда табдил ёфт. Имрӯз ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ вазифадор аст, ки бо ҳисси баланди худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва зиракии сиёсӣ дастовардҳои даврони истиқлолиятро ҳифз ва таҳким бахшад. Зеро ҳамаи пешрафту комёбиҳои имрӯза самараи истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу суботи ҷомеа мебошанд. Аз ин рӯ, барои идомаи раванди рушди давлатдории миллӣ ва таҳкими истиқлолияти сиёсӣ зарур аст, ки дар ҷомеа ҳисси ватандӯстӣ, худогоҳии миллӣ ва ҳувияти шаҳрвандӣ бештар ташаккул дода шавад. Танҳо дар ҳамин сурат метавон ояндаи дурахшони кишварро таъмин намуд.
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро имрӯз зиёда аз 200 кишвари ҷаҳон эътироф намудааст. Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи байналмилалӣ бо ҳифзи арзишҳои миллӣ ва фарҳангии худ дар арсаи ҷаҳонӣ мақоми шоиста касб кардааст.
Пешвои миллат ҳамчунин муаллифи ташаббусҳои муҳими байналмилалӣ дар соҳаи об мебошанд, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфтаанд:
- «Соли байналмилалии оби тоза – 2003»;
- «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об – 2013»;
- «Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” (2005-2015)»;
- «Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” (2018-2028)».
Ин ташаббусҳо аз болоравии нуфуз ва обрӯи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳанд.
Дар баробари ин, даврони соҳибистиқлолӣ барои эҳёи фарҳанг ва тамаддуни миллӣ низ марҳилаи бисёр муҳим гардид. Омӯзиш ва ҳифзи мероси таърихиву фарҳангии миллат, эҳёи анъанаҳои миллӣ ва рушди илму маърифат ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфтанд.
Аз ҷумла, ҷашни бостонии Навруз мақоми байналмилалӣ касб намуда, ҳамчун мероси фарҳангии башарӣ эътироф гардид. Ин падида нишонаи эҳтиром ба фарҳанги куҳанбунёди тоҷикон ва саҳми арзандаи миллати тоҷик дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ мебошад.
Дар маҷмӯъ, истиқлолияти давлатӣ барои халқи тоҷик на танҳо озодии сиёсӣ, балки эҳёи фарҳанг, худшиносии миллӣ, рушди илму маърифат ва таҳкими давлатдории миллиро фароҳам овард. Аз ин рӯ, ҳифз ва таҳкими истиқлолият вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи як қатор лоиҳаҳои муҳими стратегӣ оғоз гардид, ки дар миёни онҳо сохтмони неругоҳи азими барқи обии «Роғун» мавқеи махсус дорад. Пас аз солҳои тӯлонии заҳмату талошҳо агрегати аввали НБО-и «Роғун» ба истифода дода шуд, ки ин рӯйдод ҳамчун қадами муҳим дар роҳи расидан ба истиқлолияти энергетикии кишвар арзёбӣ мегардад.
Дар бахши иқтисодиёт низ Тоҷикистон тадриҷан ба кишвари истеҳсолкунанда ва содиркунанда табдил ёфта истодааст. Истихроҷи тилло, нуқра, алюминий ва дигар маъданҳои фоиданок, инчунин истеҳсоли молҳои ниёзи мардум, нуриҳои минералӣ ва автобусҳои муосир аз ҷумлаи дастовардҳои муҳими даврони истиқлолият ба ҳисоб мераванд.
Бо ташаббуси Эмомали Рахмон соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид. Ин иқдом барои эҳё ва рушди ҳунарҳои миллӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва дастгирии занони хонашин заминаи мусоид фароҳам овард. Дар натиҷа ҳазорон нафар занону кадбонуҳо ба ҳунармандӣ ҷалб гардида, ба эҳё ва рушди анъанаҳои миллӣ саҳм гузоштанд. Имрӯз адрасу атласи тоҷикӣ на танҳо дар дохили кишвар, балки дар арсаи байналмилалӣ низ шуҳрат пайдо намуда, либосҳои миллӣ таваҷҷуҳи намояндагони миллатҳои гуногунро ба худ ҷалб кардаанд.
Ҳамчунин, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2019–2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шуданд. Ҳадафи асосии ин ташаббус рушди инфрасохтори деҳот, густариши соҳаи сайёҳӣ ва муаррифии имкониятҳои фаровони туристии Тоҷикистон буд. Тоҷикистон бо табиати нотакрор, мероси бойи таърихиву фарҳангӣ ва мавзеъҳои зебои худ барои рушди сайёҳии байналмилалӣ имкониятҳои васеъ дорад.
Ба шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Пешвои миллат муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманди байни Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки ду кишвари ҳамсоя ва ҳамфарҳанг мебошанд, дубора таҳким ёфтанд. Ин раванд барои густариши робитаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии ду кишвар заминаи мусоид фароҳам овард ва ҳамчун намунаи сиёсати сулҳҷӯёна ва ҳамсоягии нек арзёбӣ мегардад.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаҳои илму маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, як қатор ислоҳоту ташаббусҳои созанда амалӣ карда шуданд. Ин тадбирҳо барои навсозии низоми таълим, баланд бардоштани сатҳи донишандӯзӣ ва мутобиқ намудани соҳаи маориф ба талаботи замони муосир заминаи мусоид фароҳам оварданд.
Ҳамзамон, дар сиёсати давлатии кишвар рушди фарҳанг ҳамчун яке аз самтҳои муҳими таҳкими худшиносии миллӣ ва ҳифзи арзишҳои маънавӣ мавқеи муҳимро ишғол намуд. Эмомали Рахмон таъкид менамоянд, ки омӯзиши таърих, фарҳанг ва зиндагиномаи шахсиятҳои барҷастаи миллат барои эҳёи хотираи таърихӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба мероси ниёгон аҳаммияти бузург дорад.
Маҳз бо ҳамин мақсад дар солҳои истиқлолият бузургдошти шахсиятҳои маъруфи таърихиву фарҳангӣ ва намояндагони илму адаб бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Аз ҷумла, хизматҳои шахсиятҳои барҷаста, аз қабили Исмоили Сомонӣ, Абуабдулло Рудаки, Абулқосим Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Ҷалолиддини Балхӣ, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзода ҳамчун фарзандони фарзонаи миллат бо муҳтавои нав ва рӯҳияи ватандӯстӣ гиромӣ дошта шуданд.
Қобили зикр аст, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба омӯзиш ва эҳёи таъриху фарҳанги миллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Аз ҷумла, асари гаронбаҳои Тоҷикон-и Бобоҷон Ғафуров бо ташаббуси Эмомали Рахмон бо теъдоди зиёд нашр гардида, ба ҳар як оилаи кишвар дастрас карда шуд. Ҳадафи ин иқдом баланд бардоштани худшиносиву ифтихори миллӣ, омӯзиши таъриху тамаддуни тоҷикон ва тарғиби фарҳанги китобхонӣ дар ҷомеа мебошад. Ҳамзамон, соли 2023 Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон – ойинаи таърихи миллат» баргузор гардид, ки барои ҷалби бештари ҷомеа ба омӯзиши таърихи миллӣ заминаи муҳим фароҳам овард.
Иқдоми муҳими дигар нашр ва тақдими асари безаволи Шоҳнома-и Абулқосим Фирдавсӣ ба ҳар хонаводаи Тоҷикистон мебошад. Ин асари бузурги таърихиву адабӣ бо дастгирии Пешвои миллат бори аввал бо теъдоди зиёд нашр гардида, соли 2025 ба таври ройгон миёни мардум паҳн карда шуд. Мақсади асосии ин иқдом таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба мероси фарҳангии ниёгон, тарбияи ахлоқӣ ва пайванди насли имрӯз бо таърихи пурғановати миллат мебошад.
Инчунин, бо мақсади баланд бардоштани маърифати динии ҷомеа ва дастрас намудани арзишҳои динӣ ба мардум, Қуръони карим бори аввал бо забони тоҷикӣ дар теъдоди зиёда аз 200 ҳазор нусха нашр гардида, ройгон миёни аҳолӣ тақсим карда шуд. Ин иқдом барои баланд бардоштани маърифати динӣ ва пешгирии таъсири андешаҳои ифротӣ аҳаммияти муҳим дошт. Дар самти иҷтимоӣ қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» яке аз иқдомҳои муҳимми даврони истиқлолият ба шумор меравад. Амалисозии ин қонун ба коҳиш ёфтани хароҷоти зиёдатӣ, беҳтар гардидани вазъи иҷтимоиву иқтисодии мардум ва ташаккули фарҳанги нави маъракаороӣ мусоидат намуд. Ҳамзамон, бо татбиқи ин қонун бисёр расму ойинҳои хурофотие, ки бо арзишҳои динӣ омехта гардида буданд, тадриҷан аз байн бурда шуданд. Бо вуҷуди дастовардҳои назарраси солҳои истиқлолият, ҷаҳони муосир ҳамоно бо таҳдидҳои терроризм ва экстремизм рӯ ба рӯ мебошад. Ин зуҳуроти номатлуб ба истиқлолияти давлатӣ, сулҳу субот, сохтори давлатдории демократӣ ва зиндагии осоиштаи мардум хатари ҷиддӣ эҷод мекунанд. Аз ин рӯ, мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ ҳамчун ҳифзи давлатдорӣ, фарҳанг, забон, арзишҳои миллӣ ва амнияти ҷомеа арзёбӣ мегардад.
Имрӯз дар ҷаҳон миллатҳое низ ҳастанд, ки орзуи соҳибдавлатӣ ва истиқлолият доранд, вале барои расидан ба ин ҳадаф бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ мешаванд. Аз ҳамин лиҳоз, мардуми Тоҷикистон бояд шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатиро ба ҷо оварда, барои ҳифз ва ободии ин сарзамини биҳиштосо ҳамеша талош намоянд. Ҳар як шаҳрванди кишвар вазифадор аст, ки ба қадри сулҳу субот, истиқлолият ва заҳматҳои роҳбарияти давлат расида, дар рушди Тоҷикистони озоду обод саҳми арзандаи худро гузорад.
Раҳимова Насиба Ҳасановна
муаллими калони кафедраи
фанҳои ҷамъиятӣ