Модар – оғозбахши зиндагии пурсаодат
Ба ифтихори Рӯзи Модар, ки ҳамасола санаи 08-уми март дар кишвари азизамон таҷлил карда мешавад, дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд.
Дар оғоз, ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ Ҳомид Ҳошимзода иштирокчиёни чорабинӣ ва тамоми занону бонувони мамлакатро ба муносибати Рӯзи Модар шодбош намуда, иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Модарро қимматарин неъмати рўи дунё, чашмаи мусаффо ва ҳимматбаландтарин шахси башарият унвон кардаанд.
Воқеан, маҳз меҳри бепоён ва навозиши гарми модар моро ба оламу одам ошно сохта, аз ў дарси одамгарию ватандўстиро меомўзем. Канори модар худ биҳишти аввалини ҳаёти мост. Ифтихорманд ҳастем, ки зан – модари тоҷик дар тӯли таърихи пурғановати хеш ҳазорҳо абармардону фарзонафарзандони миллатро ба дунё овардаасту дар оғӯши пурмеҳри худ парвариш карда, дар замири онҳо беҳтарин хислатҳои инсонӣ – башардӯстиву ватанпарварӣ ва ҳунармандиву созандагиро ҷой намудааст.
Ҳошимзода Ҳ.Ҳ. саҳми занону бонувон, ки шумораи зиёди кормандону омӯзгоронро дар донишгоҳ ташкил медиҳад, дар тарбияву ба камол расонидани мутахассисон назаррас арзёбӣ кард.
Пас аз ироаи номаи шодбошии ректори донишгоҳ ба ифтихори Рӯзи Модар як зумра занону бонувони донишгоҳ қадршиносӣ гардиданд.
Бо шеъру суруди дастаҳои ҳунарии донишгоҳ ва саҳнаҳои тарбиявӣ, ки чашмаи меҳру вафо будани зан – модарро инъикос менамуд, чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рўзи Модар бо шукўҳ ва рақсу шодии иштирокчиён хубу хотирмон хотима ёфт.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа