МУЛОҚОТ БО ҶАВОНОН ДАР МАВЗУИ «ҶАВОНОН, ПАЁМ ВА МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ»
Бо мақсади шарҳи муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ҷалби ҷавонон ба илму донишомӯзӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқӣ, таҳкими худшиносию худогоҳӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ дар толори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мулоқоти судманд баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шокирзода Маҳмадтолиб, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд Исматзода Бахтиёр, мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд Ғафуров Абдувосит иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар мулоқот қайд карда шуд, ки Паём на танҳо барои таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар, балки барои тақвияти пайвандҳои миллӣ, устувор кардани амният ва таҳкими ҳамгироии ҷомеа нақши муҳим дорад. Татбиқи самтҳои асосии Паёми Роҳбари олии мамлакат ба ҳар як шаҳрванди кишвар масъулият ва вазифаҳои нави сиёсӣ ва иҷтимоиро пеш мегузорад, ки барои рушди устувори давлат муҳим мебошанд.
Дар робита ба ин аз иштирокчиён даъват ба амал оварда шуд, ки бо истифода аз шароити фароҳам овардани давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вақти худро мақсаднок сарф намуда, дар ҷустуҷӯи касбу ҳунар ва донишҳои замони муосир бошанд ва дар рушду пешрафти Тоҷикистони саҳми босазо гузоранд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа