Баргузории семинари таьлимӣ – методӣ дар мавзуи “Татбиқи усулҳои муосири таълим дар ҷараёни машғулиятҳо»
Санаи 23 январи соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи бинои таълимии донишгоҳ бахшида ба эълон гардидани солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия», бо ташаббуси бахши идоракунӣ ва мониторинги сифати таҳсилот семинари таълимӣ – методӣ таҳти унвони «Татбиқи усулҳои муосири таълим дар ҷараёни машғулиятҳо» бо устодону кормандони донишгоҳ баргузор гардид.
Семинари таълимӣ – методиро муовини ректор оид ба корҳои таълим, н.и.ҳ., дотсент Мўминзода Шероз Абдуҷаббор ифтитоҳ намуда, оид ба муҳиммият ва масъалаи саривақтӣ будани он, дар ҷараёни таълим татбиқи усулҳои муосири таълим маълумот дод.
Сипас, мушовири калони Мақомоти андоз, дараҷаи 1, сармутахассиси шуъбаи маъмурикунонии андозҳои Раёсати андоз дар вилояти Суғд Розия Аҳмадҷонова бахшида ба эълон гардидани солҳои 2025-2030 солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия, мудири бахши идоракунӣ ва мониторинги сифати таҳсилот, н. и. и., дотсент Абдуллоева А.Т. дар мавзуи «Усулҳои муосири таълим ҳамчун омили баланд бардоштани сатҳу сифати машғулиятҳо» баромад намуда, оид ба муаммоҳо, ҳалли масъала, марҳилаҳои дарс, лексияи пешқадам, усулҳо ва стратегияҳои муосири таълим, д. и. т., профессор, мудири кафедраи сиёсатшиносӣ Ҳомидзода Ф. М. дар мавзуи «Истифодаи усулҳои фаъоли таълим дар раванди машғулиятҳо», мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ, н. и. ҳ., дотсент Санавваров Ғ. Б. дар мавзуи «Истифодаи усулҳои муосири таълим дар омўзиши фанҳои ҳуқуқшиносӣ» ва мудири бахши технологияҳои иттилоотӣ ва рушди инноватсионӣ Ҳасанов М.М. дар мавзуи «Таъмини донишҷўён бо маводи таълимӣ тариқи технологияҳои иттилоотӣ» маълумоти муфассал доданд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа