Татбиқи консепсияи миллии тарбия дар донишгоҳ

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастии самти тарбияи донишгоҳ дар нимсолаи якуми соли 2024 – 2025 ташкилу баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур муовини ректор оид ба корҳои тарбия, дотсент Норматова Шаҳноз Маноновна, мудири шуъбаи корҳои тарбияи донишгоҳ Ҳасанов Маъруфҷон Маҳмудбоевич, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Ҷаъфаров Диловар Замирҷонович, муовинони декан оид ба корҳои тарбияи факултетҳо ва дигар масъулини созмонҳои ҷамъиятӣ ҳузур доштанд.

Дар ҷаласа таъкид гардид, ки шуъбаи корҳои тарбияи донишгоҳ идомаи соли таҳсил ба тарбияи миллӣ, ватанпарастӣ, симои маънавӣ, ахлоқи ҳамида, тарбияи ғоявию сиёсӣ, хештаншиносӣ, боло бурдани маърифати ҳуқуқии донишҷўён эътибори зарурӣ равона намуд. Тибқи нақшаи солона ва бо мақсади сари вақт иҷро намудани унсурҳои таркибии тарбияи миллии Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишгоҳ аз оғози соли таҳсили 2024 – 2025 зиёда аз 393 чорбиниҳои мухталифи тарбиявӣ ба амсоли  дарсҳои кушоди тарбиявӣ, мизҳои мудаввар, мулоқоту вохӯриҳо, маҳфилҳо, конференсияҳо, чорабиниҳои фарҳангӣ-адабӣ, чорабиниҳои варзишӣ, озмунҳо, чорабиниҳои сиёсӣ, семинар, ҷаласаҳо, ҳафтаи кафедра ва дигар чорабиниҳо ба ифтихори санаҳои муҳими таърихӣ ташкилу баргузор гардиданд, ки нисбат ба ҳамин давраи нимсолаи якуми соли таҳсили 2023 – 2024 – 135 чорабинии тарбиявӣ зиёд аст.

Ҳамзамон бо мақсади омӯзиши муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну марсим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, татбиқи самтҳои афзалиятноки Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 1 июни соли 2021 дар бораи “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризму экстремизм барои солҳои 2021 – 2025”, пешгирии шомилшавии ҷавонон аз ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву сиёсии ҷавонон ва ба ин васила тарбия намудани онҳо дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва эҳтиром ба муқаддасоти милливу давлатӣ сухан рафт.

Ҳамзамон вобаста ба тақвият бахшидани фаъолияти Созмонҳои ҷамъиятӣ, иштироки донишҷӯёни ба озмунҳои ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат” ба масъулини созмонҳои ҷамъиятӣ аз ҷониби масъулини шуъбаи корҳои тарбияи донишгоҳ дастурҳо дода шуданд.

 

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like