Рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар таълими забони англисӣ: тренинги муҳимми таълимӣ дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ўзбекистон

Санаҳои 9 – 11 январи соли 2025, бо ташаббуси Шӯрои Бритониё ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, тренинги 3-рӯзаи такмили ихтисоси омӯзгорони забони англисӣ дар шаҳри Тошканд баргузор гардид. Чорабинии мазкур дар Донишгоҳи давлатии забонҳои ҷаҳонии Ӯзбекистон, бо ширкати 165 намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупо, инчунин муассисаҳои маъруфи таълимӣ доир шуд.

Дар тренинги мазкур, аз ҷониби ректори Донишгоҳи давлатии забонҳои ҷаҳонии Ӯзбекистон, д.и.п., профессор Илхомжон Тухтасинов ва намояндагони Шӯрои Бритониё – Денис Вэдингхем, Ҷамила Гулямова ва Том Киддл оид ба аҳамияти тавсеаи таҷрибаҳои муосир ва инноватсионии таълим дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва аврупоӣ маьрузаҳои пурмуҳтаво шунида шуд.

Ҳамчунин дар чорабинӣ намояндагон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар фаъолона иштирок намуданд.

Ҳадафи асосии тренинг аз муаррифии усулҳои пешқадам ва таҷрибаҳои муосири таълими забони англисӣ, ки ба тавсеаи ҳамкориҳои илмӣ ва таълимӣ дар Осиёи Марказӣ кўмак мекунанд, арзёбӣ мегардад.

Ин чорабинӣ намунаи барҷаста аз ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи таълим ва дастгирии мунтазами ислоҳоти таълимии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад, ки барои омӯзгорон ва донишҷӯён имкониятҳои навро, ҷиҳати истифода бурдани технологияҳои инноватсионӣ дастрас мегардонад.

                                                                                                   Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like