РУШДИ УСТУВОРИ СОҲАИ МАОРИФ – МАСЪАЛАИ КАЛИДӢ ДАР ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ доир ба самтҳои гуногуни сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон андешаронӣ намуда, ҳар як соҳаҳои асосии ҳаёти ҷомеаро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд. Масъалаи рушди устувори соҳаи маориф дар Паёми Роҳбари давлат яке аз масъалаҳли муҳим арзёбӣ гардид. Ҷиҳати рушд бахшидани соҳаи мазкур Президенти кишвар вазъи кунунии соҳаро таҳлил намуда, изҳор доштанд, ки рушди ояндаи давлат бо пешрафти соҳаи маориф алоқамандии бевосита дорад. Бетаваҷҷуҳӣ нисбат ба соҳаи маорифро боиси қафомонӣ ва мушкилотҳои гуногун арзёбӣ намуда, изҳор доштанд, ки сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат эътибор надодан ба сифати мактабу маориф, саҳлангорӣ кардан ба тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия мебошад. Яъне то вақте, ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯйинашаванда боқӣ хоҳанд монд.

Бинобар ин масъулини соҳаро вазифадор намуданд, ки барои баланд бардоштани сифати таълим дар муассисаҳои соҳаи маориф ва омода намудани кадрҳои баландихтисос эътибори аввалиндараҷа дода бошанд. Такрор ба такрор изҳор доштанд, ки бояд мутахассисон ва кадрҳои баландихтисос ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат омода карда шавад. Ба хатмкунандагони мактаби олӣ танҳо бо додани дипломи олӣ қонеъ набошем, балки донишу маърифати касбӣ дода шавад, то онҳо ҳамчун мутахассисони соҳаҳои гуногун дар пешрафти ҳаёти ҷомеа ва давлат саҳмгузор бошанд. Дар ин иртибот зикр намуданд, ки дар зинаи таҳсилоти олӣ масъалаҳои сатҳу сифати таълим, дараҷаи касбии омӯзгорон ва истифодаи технологияҳои муосир аз ҷониби онҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим, таҳкими заминаи моддиву техникӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, табодули илмии омӯзгорону донишҷӯён, корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва тадбирҳои тарбиявӣ ҳанӯз ба тақвият ниёз доранд.

Бо дастури Роҳбари давлат ва бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз 1 сентябри соли 2025 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз, маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда мешавад. Бояд гуфт, ки масъалаи баланд бардоштани сатҳи зиндагии кормандони соҳаи маориф пайваста дар маркази таваҷҷуҳи Роҳбари давлат қарор дорад, ки вобаста ба ин дар панҷ соли охир дар маҷмуъ 100% маоши кормандони соҳаи маориф, аз он ҷумла корманди буҷавӣ баланд бардошта шудааст, ки ин ҷиҳати беҳтар намудани вазъи зиндагии онҳо ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолии мамлакат нишондиҳандаи муҳиму таъсирбахш ба ҳисоб меравад.

Роҳбари давлат бо мақсад пурра таъмин намудани хонандагон бо шароити хуби таълим ба Ҳукумати Тоҷикистон дастур доданд, ки дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо дарназардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумиро таъмин намоянд. Ҳамчунин ба роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дастур дода шуд, ки дар панҷ соли оянда, бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ, барои дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, ки 100 оила зиндагӣ мекунад, ҳатман бунёд кардани як муассисаи томактабӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд. Ин тадбир яз як ҷониб барои таъмин намудани хонандагон бо шароити таълими зарурӣ равон шуда бошад, аз тарафи дигар ба баланд гардидани сатҳи дониши насли наврасу ҷавон мусоидат менамояд.

Яке аз иқдомҳои дигаре, ки вобаста ба рушди соҳаи маориф баён дар Паёми Президенти кишвар баён гардид, оғоз намудани омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз зинаи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ мебошад. Бо назардошти он, ки торафт донистани забонҳои хориҷӣ вобаста ба талаботи замони муосир муҳим гардида истодааст, аз тарафи ҳар як хонандагони муассисаҳои таълимӣ омӯхтани забони хориҷӣ на танҳо шарти муҳим дар омода гардидани мутахассиси ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат, ҳамчунин он боиси пайдо кардани ҷойи кории муносиб бо маоши хуб дар ташкилотҳои дохилии кишвар ва хориҷ аз Тоҷикистон мегардад. Гузашта аз ин чуноне ки Пешвои миллат дар Паёми хеш зикр намуданд, дар шароити рушди босуботи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва вусъат ёфтани ҳамгироии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ талабот ба мутахассисоне, ки сатҳи касбияти баланд дошта, забонҳои хориҷӣ, махсусан, русӣ ва англисиро хуб медонанд, рӯз ба рӯз меафзояд.

Воқеан, боиси зикр аст, ки Роҳбари давлат ба масъалаи рушди соҳаи илму маориф ҳамеша таваҷҷуҳи хоса доранд ва пайваста барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии кормандони соҳаи маориф, беҳтар намудани сатҳу сифати таълим, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, технологияи муосир талошу кӯшиш менамоянд. Махсусан Президенти кишвар ба масъалаи рушди технологияи муосир ва инноватсия таваҷҷуҳи хоса доранд. Дар ин иртибот бо пешниҳоди Роҳбари давлат ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт дар Тоҷикистон солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шуд.

Бояд гуфт, ки пайваста зиёд гардидани имтиёзу имкониятҳои барои таҳсил дар дохил ва хориҷи кишвар то ба имрӯз ҳазорон нафар ҷавонони тоҷик дар ин давра дар муассисаҳои таълимии дохил ва хориҷи кишвар таълим гирифта ҳоло дар мақомотҳои гуногуни ватанӣ ва хориҷ аз он ба ҳайси мутахассисони варзида  кору фаъолият намуда истодаанд. Барои муқоиса назар намоем, агар соли 1991 дар кишвар ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 69 ҳазор донишҷӯ фаъолият мекард.  Ҳоло шумораи ин муассисаҳо ба 48 ва донишҷӯёни онҳо ба зиёда аз 214 ҳазор нафар расидааст. Дар баробари ин имрӯз 42 ҳазору 400 нафар ҷавонони мо дар 42 давлати мутараққии ҷаҳон таҳсили илм доранд, ки 13 ҳазор нафар ё беш аз 30 фоизи онҳо духтарон мебошанд.

Ба андешаи мо, дастгирии ҳамаҷонибаи сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон дар соҳаи маориф, дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ва татбиқи амалии барномаву стратегияҳое, ки ҳоло дар соҳаи маориф амал менамояд, рушду устувори соҳаи мазкурро таъмин намуда, ба баланд гардидани сатҳи дониши аҳолии кишвар, омода намудани мутахассисони баландихтисос, рушди соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва таҳкими суботи амният ва мақоми Тоҷикистон дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон мусоидат хоҳад намуд.

 

Шӯҳрат Саидзода,

н.и.с., дотсент, мудири кафедраи

 фанҳои ҷамъиятии ДДҲБСТ

You might also like