Баргузории чорабиниҳо дар доираи ҳафтаи кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика ва пешгирии коррупсияи ДДҲБСТ

Бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ, 30 – солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва нақша-чорабиниҳои кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика ва пешгирии коррупсия, дар доираи ҳафтаи кафедраи мазкур аз санаи 7-ум то 12- уми декабри соли ҷорӣ чорабиниҳои мухталиф доир гардиданд.

Маросими кушодашавии ҳафтаи кафедра ва муаррифии дастовардҳои устодони кафедра дар даромадгоҳи бинои таълимии №2 ба чорабиниҳо ҳусни оғоз бахшид.

Санаи 02-юми декабр аз ҷониби кафедраи мазкур, дар факулети ҳуқуқшиносӣ чорабинии тарбиявӣ таҳти унвони “Поси хотири устодони зиндаёд” баргузор гардид, ки дар он декани факултет, дотсент Кенҷаев Ш.Ю. ва аъзоёни кафедра иштирок намуданд.

Чорабиниро мудири кафедра, дотсент Қобилов Б.Қ. оғоз намуда, доир ба мақсад ва ҳадафҳои баргузории ҳафтаи кафедра, пос доштани ёди устодоне, ки дар ташкили факултет ва рушду инкишофи он саҳм гузоштаанду имрӯз дар байни ҳамкорон қарор надоранд, сухан кард. Дар идома, Қобилов Б.Қ. аз собиқ деканони факултети ҳуқуқшиносӣ, устодон Ҳасанов С.Ҳ. ва Сангинов Ҳ.С., ки дар ташкил ва пешрафти факултети мазкур саҳми назаррас доранд, ёдовар шуда, омӯзгорони кафедра бобати таърихи ташкили факултет ва кафедра, аз ҳаёт ва фаъолияти устодони зиндаёд маълумот доданд.

Санаи 03-юми декабр дар китобхонаи донишгоҳ озмуни иншои беҳтарин дар мавзуъҳои Истиқлоли давлатӣ: ҳадафҳо ва дастовардҳо, Саҳми Пешвои миллат дар давлатдории навини тоҷикон, Иҷлосияи 16 Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Иҷлосияи тақдирсози миллат ташкил ва баргузор гардид. Дар озмун  зиёда аз 80 нафар донишҷӯёни факултет иштирок намуда, корҳои ба озмун пешниҳодшудаи онҳо аз ҷониби ҳайати ҳакамони озмун баҳогузорӣ шуда, ба донишҷўёне, ки сазовори ҷойҳои ифтихорӣ дониста шуданд, туҳфаҳо тақдим карда шуд.

Ҳамзамон, санаи 03-юми декабр дар толори маҷлисгоҳи бинои таълимии №2 мизи мудаввар дар мавзуи “Ҳизби адолатхоҳ ва мардумӣ”, бахшида ба 30 – солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Соли 2024 – Соли маърифати ҳуқуқӣ баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Ҷабборӣ М., мудири шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Сатториён Ғ, декани факултети ҳуқуқшиносӣ дотсент Кенҷаев Ш.Ю., мудири кафедра, дотсент Қобилов Б.Қ. иштирок намуданд. Ба аъзоёни кафедра Сипосномаи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд ва ба якчанд нафар донишҷӯён шаҳодатномаи ҲХДТ супорида шуд.

Дар идомаи ҳафтаи кафедра, санаи 04-уми декабр дар толори варзишгоҳи донишгоҳ  мусобиқаи варзишӣ дар намуди шоҳмот, шашка, тениси рӯи миз ва дастхобонӣ ташкил ва баргузор карда шуд. Дар маросими кушодашавии мусобиқа дотсент Кенҷаев Ш.Ю., мудири кафедра, дотсент Қобилов Б.Қ., мутахассиси бахши тарбияи ДДҲБСТ Ҷаъфаров Д ва зиёда аз 100 нафар донишҷӯён иштирок намуданд.

Санаи 04-уми декабр дар толори маҷлисгоҳи бинои таълимии №2 вохӯрӣ бо хатмкардагони муваффақи факултети ҳуқуқшиносӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ декани факултет, дотсент Кенҷаев Ш.Ю., мудири шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ- педагогӣ, дотсент Тоҷзод Д.Ҳ., мудири кафедра, дотсент Қобилов Б.Қ., намояндагон аз прокуратураи вилояти Суғд Абдуллозода З.М., аз прокуратураи ҳарбӣ- гарнизони вилояти Суғд Олимиён Р.Б., аз Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Сайфуллозода Ф.Б., ва Ахмедҷонов Ф.Ф. иштирок ва суханронӣ намуданд.

Санаи 05-уми декабр дар толори маҷлисгоҳи бинои таълимии №2 семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Саҳми Пешвои миллат дар бунёди давлатдории навини тоҷикон” баргузор гардид, ки дар он собиқадори ҳизбу хизмати давлатӣ, корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштирокчии бевоситаи Иҷлосияи 16 Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Карамулло Одилов, декани факултет ва мудирони кафедраҳо иштирок намуданд.

Дар санаи 05-уми декабр дар толори маҷлисгоҳи бинои таълимии №2 маҳфили илмии Криминалист дар мавзуи “Экстремизм ва терроризм – таҳдид ба амнияти миллӣ” бо иштироки муовини сардори шуъбаи мубориза бо терроризми Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Маҳкамов Д. Р. ва  Раиси Шурои уламои дини вилояти Суғд, Ҳоҷӣ Ҳусайн Мусозода, декани факултети ҳуқуқшиносӣ н.и.ҳ., дотсент Кенҷаев Ш.Ю. ва аъзоёни кафедра баргузор гардид.

Ҳамчунин, санаи 06-уми декабр дар толори маҷлисгоҳи бинои таълимии №2 конференсияи илмӣ – амалии вилоятӣ таҳти унвони “Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ – омили асосии муқовимат ба коррупсия” баргузор гардид. Дар кори конференсияи илмӣ – амалии байнидонишгоҳӣ ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан, сарнозири шуъбаи муқовимат ба коррупсияи раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, подполковники адлия Каримӣ Ҳ.Ҳ., сармутахасиси шуъбаи ёрии ҳуқуқӣ ва робита бо ҷомеаи Раёсати адлияи вилояти Суғд Исозода Н.М.,  н.и.ҳ., дотсент, сардори факултети № 4 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Ғафурӣ М.С.,  н.и.ҳ., дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Мухторзода К. Т. , н.и.ҳ., дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалии “Донишкадаи байналмилалии Хуҷанд”-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Акилов Ф.И. иштирок ва маъруза намуданд.

Инчунин, худи ҳамон рӯз санаи 06-уми декабр дар хобгоҳи донишгоҳ чорабинии тарбиявӣ дар мавзуи “Иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ” ташкил ва баргузор карда шуд. Дар чорабинии тарбиявӣ муовини сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, подполковники милитсия Фозилбеков Ш., декани факултет  ва аъзоёни кафедра иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳамин тариқ, дар доираи ҳафтаи кафедра вобаста ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ ва 30 – солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» мулоқоту вохўриҳо бо ҷалби намояндагони ҳифзи ҳуқуқ, дарсҳои кушод, маҳфили илмӣ, семинари илмӣ – назариявӣ ва чорабиниҳои тарбиявии варзишӣ дар сатҳи баланд баргузор гардиданд.

Дар анҷом, декани факултет, дотсент Кенҷаев Ш.Ю. доир ба аҳамияти ташкил ва баргузории чорабиниҳо  дар доираи ҳафтаи кафедра сухан гуфта,  ба  аъзоёни кафедра изҳори миннатдорӣ баён намуд ва ҷиҳати дар оянда баргузор намудани чорабиниҳои сатҳи донишгоҳӣ тавсияҳои судманд дод.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

 

 

You might also like