Баргузории чорабинии тарбиявӣ дар мавзуи “Ҳаёт бидуни хушунат зебост” дар ДДҲБСТ
6 декабри соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар доираи маъракаи иттилоотии «16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат» бо ташаббуси кафедраи молия ва қарз чорабинии тарбиявӣ доир гардид. Дар чорабинӣ роҳбарият ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ, роҳбарону намояндагони ташкилоту идораҳои дахлдор ширкат намуданд.
Сароғоз, мудири кафедраи молия ва қарз н.и.и., дотсент Каримова М.И. чорабиниро ифтитоҳ намуда, меҳмононро ба иштирокчиён муаррифӣ кард ва афзуд, ки бояд алайҳи хушунат мубориза бурд ва оилаи солимро бунёд кард.
Дар идома Байзоев О., муовини имом – хатиби масҷиди ба номи Шайх Муслиҳиддин дар шаҳри Хуҷанд, Кенҷазода М., мудири шуъбаи кор бо занони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Хуҷанд ва Болтаева М.А., роҳбари барнома дар ташкилоти ҷамъиятии Маркази иҷтимоӣ-ҳуқуқии “Сарчашма” баромад намуда, дар мавриди сабабу омилҳои ба хушунат гирифтор шудани занону бонувон ва роҳҳои пешгирии он ибрози андеша карданд. Зикр шуд, ки оила асоси ҷамъият буда, таҳти ҳифзи махсуси қонун ва давлат қарор дорад. Қабл аз ҳама, ташаккули шахсият дар руҳияи инсондӯстӣ, эҳтиром ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мавқеъ ва масъулияти шаҳрвандӣ ба он вобастаанд. Бар зидди зӯроварӣ дар оила ва барои ҳалли ин мушкилот бояд дастаҷамъона мубориза бурд.
Таъкид шуд, ки бо қарори СММ ҳамасола аз санаи 25-уми ноябр то санаи 10-уми декабр 16 рӯзи алайҳи хушунат нисбат ба занону духтарон таҷлил карда мешавад. 16 рӯзи мубориза алайҳи зӯроварии асоси гендерӣ маъракаи солонаи байналмилалӣ мебошад, ки 25-уми ноябр Рӯзи байналмилалии барҳам додани хушунат нисбат ба занон оғоз ёфта, то 10-уми декабр Рӯзи ҳуқуқи инсон идома меёбад.
Маъракаи мазкур аз ҷониби фаъолони нахустин Институти пешвои ҷаҳонии занон дар соли 1991 таъсис ёфтааст ва ҳамасола аз ҷониби Маркази пешвоёни ҷаҳонии занон ҳамоҳанг карда мешавад. Он ҳамчун як стратегияи ташкилӣ аз ҷониби шахсони алоҳида ва ташкилотҳо дар саросари ҷаҳон барои пешгирӣ ва бартараф кардани зӯроварӣ нисбати занон ва духтарон истифода мешавад.
Ҳадафҳои асосии маъракаи 16 рӯзи зидди хушунат ҷалби таваҷҷуҳи мардум ба ду масъалаи мубрам: пешгирӣ ва муқовимат бо хушунати хонаводагӣ ва хариду фурӯши одамон, инчунин баланд бардоштани фаъолияти муассисаҳои давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар самти муттаҳид сохтани кӯшишҳо барои ҳифзи ҳуқуқи инсон мебошанд.
Дар интиҳо, мудири бахши кор бо занон, духтарон ва рушди ҳунарҳои мардумии донишгоҳ Олимбоева Ш.Б. ба сухан баромад намуда, мақсади асосии гузаронидани чорабинии тарбиявӣ, ҳимояи ҳуқуқии оила ҳамчун асоси ҷамъият, танзими ҳуқуқии муносибатҳои вобаста ба пешгирии зуроварӣ дар оила, мусоидат ба баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, инчунин зарурати гузаронидани чорабинии мазкурро маънидод намуд. Сипас, ҳозирин ва меҳмононро хайра мақдам гуфта, ҷиҳати иштирокашон дар чорабинӣ сипоси бепоён намуда, ба чорабинӣ ҳусни анҷом бахшид.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа