Мулоқоти ректори донишгоҳ бо сардорони гуруҳҳои таълимӣ

Дар  маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мулоқоти ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ Ҳомид Ҳошимзода бо сардорони гуруҳҳои таълимии донишгоҳ доир гардид. Дар мулоқот муовини ректор оид ба корҳои тарбия, кормандони шуъбаи тарбия, ҷавонон ва бахши кор бо занон, духтарон ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, муовинони декан оид ба корҳои тарбияи факултетҳои донишгоҳ  иштирок намуданд.

Нахуст, ректори донишгоҳ вобаста ба таваҷҷуҳу дастгириҳои рӯзафзуни Ҳукумати мамлакат зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати соҳаи маориф изҳори назар карда, қайд намуд, ки соҳаи маориф ва илм яке аз  самтҳои афзалиятноки кишвар буда,  омили муҳимтарини таҳкимбахши давлат ва наҷоти миллат ба ҳисоб меравад. Ба ҳамин далел, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушду инкишофи бемайлони маориф ва илм, сатҳу сифати донишомӯзии хонандагону донишҷӯён дар ҳама зинаҳои таҳсилот, сифати омода намудани кадрҳои баландихтисосу унвондор таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад.

Дар идомаи мулоқот ректори донишгоҳ Ҳошимзода Ҳ.Ҳ. оид ба вазъи печидаи ҷаҳони муосир, пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон, шомилшавии онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, риоя намудани сару либоси тавсиявӣ аз ҷониби донишҷӯён, истифода накардани телефонҳои мобилӣ дар раванди машғулият сухан ронда, ба донишҷӯён таъкид кард, ки ҳамеша ҳушёру зирак бошанд ва дар мубориза ба ин қабил амалҳо бетарафӣ зоҳир нанамоянд.  Ҳамзамон дӯстдори сарзамини худ гардида, дар ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ саҳмгузор бошанд.

Аз донишҷӯён даъват ба амал оварда шуд, ки ба омӯзиши илму дониш, забономӯзӣ, иштирок дар  озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат”, “ Тоҷикистон- Ватани азизи ман” таваҷҷуҳи асосии худро равона намоянд, то ки дар оянда ҳамчун мутахассиси варзида ва кордон баҳри пешрафту ободонии Тоҷикистони азиз саҳми арзанда гузоранд.

Дар охири мулоқот сардорони  чанде аз гуруҳҳои таълимӣ ба ректори донишгоҳ пешниҳодҳои мухталифи худро баён намуданд ва аз тарафи ректор оид ба амалӣ намудани пешниҳодҳои судманди донишҷӯён ба масъулин дастурҳои мушаххас дода шуд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like