Қадршиносии варзишгарон аз ҷониби ректори донишгоҳ

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон аз ҷониби ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ Ҳошимзода Ҳомид маросими қадршиносии варзишгарон баргузор гардид.
Дар оғози маросим ректори донишгоҳ оиди сиёсати созандаю бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан ҷаҳду талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба дастгирии пайвастаи варзишгарон ва рушду нумӯи соҳаи варзиш сухан карда, зикр намуд, ки варзишгарони тоҷик бо истифода аз имкониятҳои фароҳамшуда бо дили пур ба сӯи фатҳи қуллаҳои варзиш бо истифода аз пуштибониву дастгириҳои беназири Пешвои миллат равона мегарданд. Дар симои чунин ҷавонон донишҷўёни боргоҳи маърифатамон Ҳаитов Шаҳбоз Абдуқаҳҳорович – донишҷӯи курси чоруми факултети ҳуқуқшиносӣ, Махкамов Довуд Махкамбоевич – донишҷӯи курси сеюми факултети молия ва андоз, Искандарзода Эҳсонҷон Ҳасан – донишҷӯи соли сеюми факултети ҳуқуқшиносӣ, Қаюмов Муҳаммадамин Темурхонович – донишҷӯи курси дуюми факултети ҳуқуқшиносӣ ва дигар донишҷӯён дар чемпионатҳои сатҳи ҷумҳуриявиву байналмилалӣ иштирок ва обрӯи боргоҳи маърифатамонро дар қаламрави ҷумҳурӣ ва парчами кишвари азизамонро дар сатҳи ҷаҳонӣ баланд бардошта истодаанд. Ин ҷавонон бо дастовардҳои варзишии худ давлатро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ ва номи худро дар хазинаи таърихи варзишии кишвар сабт менамоянд.
Дар идомаи чорабинӣ барои саҳми сазовор гузоштан дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, саҳми арзанда бобати рушди варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, ноил гардидан ба дастовардҳои назарраси варзишӣ устодони соҳаи варзиши донишгоҳ, ҳамзамон ассистенти кафедраи тарбияи ҷисмонӣ Баҳром Ёрматов барои дарёфти иҷозатномаи мураббии футзали «Level-2»-и Конфедератсияи футболи Осиё, донишҷӯён – ғолибони мусобиқаҳои байналмилалӣ аз рӯи намуди варзиши бокс, Карате До WKC ва дастаи мунтахаби футболи донишгоҳ барои ишғоли мақоми дуюм дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ байни донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба футбол байни мардон бо Сипосномаи ректори донишгоҳ сарфароз гардонида шуданд.
Дар интиҳои маросим донишҷӯён – варзишгарон ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид ва дастгирӣ ба роҳбарияти донишгоҳ миннатдорӣ баён намуданд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

 

 

You might also like