Масоили маърифати ҳуқуқӣ дар илми ҳуқуқшиносӣ
Дар мақолаи мазкур масъалаи муайяннамоии мафҳуми «маърифати ҳуқуқӣ» аз мавқеи ақидаи олимон ва пеш аз ҳама ҳуқуқшиносон баррасӣ гардидааст.
Дар қонунгузорӣ ва адабиёти соҳавӣ мафҳумҳои ба ҳам ҳаммаъно ҷой доранд. Аксар вақт дар баробари мафҳуми «маърифати ҳуқуқӣ» ва баъзан ҳамчун синоними он ибораҳои «таълими ҳуқуқӣ», «иттилоотнокии ҳуқуқӣ», «тарғиботи ҳуқуқӣ», «тарбияи ватандустӣ», «тарбияи шаҳрвандӣ», «тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандӣ», «инкишофи саводнокии ҳуқуқӣ ва шуури ҳуқуқӣ» ва ғайраҳо истифода мешаванд.
Дар забони тоҷикӣ вожаҳои «ҳуқуқ», «ҳақиқат», «адолат» як реша дошта, бо ҳам пайвандии зич доранд. Мафҳуми «адолат» аз ҷиҳати маъно ва шакл бо мафҳуми «ҳуқуқ» наздик аст. Кодекси қонунгузории Юстиниан бо таърифи мафҳуми «ҳуқуқ» оғоз меёбад: «Таҳқиқгари ҳуқуқ бояд, пеш аз ҳама, дарк намояд, ки калимаи «ҳуқуқ» – (ius) аз куҷо пайдо шудааст. Ҳуқуқ номи худро аз “ҳақиқат, адолат” (iustitia) гирифтааст, зеро тибқи таърифи Селсус, ҳуқуқ илм оид ба некӣ ва одилӣ аст. Яке аз аввалин муҳаққиқони ҳуқуқ Улпиён, ки дар асрҳои II-III умр ба сар бурдааст, принсипҳои асосии ҳуқуқро дар се муқаррароти мухтасар муайян кардааст: поквиҷдонона зистан, ба каси дигар зарар нарасондан, ба ҳар кас чизеро, ки ба ў тааллуқ дорад, баргардонидан.
Мақсад аз маънидод намудани истилоҳи ҳуқуқ дар он аст, ки шахс то маънои ҳуқуқро дарк накунад, фаҳмиши амиқи онро тассавур насозад, ў ба ҳадафҳои маърифати ҳуқуқӣ расида наметавонад. Яке аз ҳадафҳои маърифати ҳуқуқӣ бошад, ин бо усулу равишҳои нав ба аҳолӣ расонидани донишҳои ҳуқуқӣ, мазмуну моҳияти он ва бо ин роҳ баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, ки ин пеш аз ҳама вазифаи олимон ва ҳуқуқшиносони касбӣ аст.
Дар воқеъ, шаҳрвандон ва ҳуқуқшиносон қонунро, бо назардошти сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва дониши ҳуқуқӣ, гуногун дарк мекунанд. Дарки қонун аз тарафи шаҳрвандон дар доираи тасаввуроти ҳуқуқии оддии онҳо, бидуни дарки мафҳум, моҳият, нишонаҳои қонун, бо мақсади риояи қонун, қонеъ гардонидани манфиатҳои қонунӣ, риоя ва амалӣ гардидани ҳуқуқу озодиҳо сурат мегирад.
Низоми тарбияи ҳуқуқӣ аз унсурҳое иборат аст, ки таркиби (сохти) дохилии ҷараёни тарбияи ҳуқуқиро муайян мекунанд. Унсурҳои низоми тарбияи ҳуқуқӣ инҳоянд: 1) субекти тарбияи ҳуқуқӣ (мақомотҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо, ашхоси мансабдор, ки шуғли тарбияи ҳуқуқӣ мебошанд), 2) обектҳои тарбияи ҳуқуқӣ (фардҳо ё гурўҳҳои иҷтимоии тарбияшаванда), 3) амалиётҳои тарбиявӣ-ҳуқуқӣ (мазмуни тарбияи ҳуқуқӣ).
Раҷабзода Р.М. қайд менамояд, ки шуури ҳуқуқӣ функсияҳои ташаккули ҳуқуқ, маърифатӣ, танзимӣ, баҳогузорӣ, идеологӣ, иттилоотӣ, коммуникативӣ, пешгўиро иҷро мекунад. Ба андешаи ў функсияи маърифатӣ дар он зоҳир мешавад, ки шуури ҳуқуқӣ барои дарки воқеият, падидаҳои давлатӣ ва ҳуқуқӣ, дигар падидаҳои бо онҳо алоқаманд мусоидат менамояд. Мафҳумҳо, ақидаҳо, тасаввурот, иттилоот оид ба воқеияти ҳуқуқӣ ва давлатӣ барои такомули шуури шахс замина мегузорад. Сатҳи баланди шуури ҳуқуқӣ заминаи такмили ҷаҳонбинии ҳуқуқии шахс аст.
Стреляева В.В. мушкилоти тарбияи ҳуқуқиро дар шароити ташаккули давлати ҳуқуқбунёд баррасӣ намуда, маърифати ҳуқуқиро яке аз ҷанбаҳои тарбияи ҳуқуқӣ зикр менамояд. Муаллиф дуруст кайд кардааст, ки ин категорияхои ҳуқуқӣ бояд як чиз фаҳмида нашаванд, яъне як мафҳум нестанд, аммо доираи вазифахоеро, ки дар назди маърифати ҳуқуқӣ истодаанд, ў беасос танг карда, ба он нисбат ба тарбияи ҳуқуқӣ нақши дуюмдараҷаро мегузорад.
Профессор Миронов О.О. бошад, маърифати ҳуқуқиро «танҳо марҳилаи ибтидоии дарки категорияҳои ҳуқуқӣ, меъёрҳои ҳуқуқӣ» мефаҳмад ва ҳамчун қадамҳои минбаъдаи «омўзиш, тарбияи фарҳанги ҳуқуқи инсон, таълим дар соҳаи ҳуқуқшиносӣ» таъкид мекунад (бо зикри он, ки ин категорияҳо ба ҳам наздиканд, вале якхела нест). Ба ақидаи Дотсенко А.С., ин равиш беасос танг буда, муносибатҳои пешниҳодшудаи байни категорияҳои додашуда, ба мазмуни маъноии истилоҳот мувофиқат намекунанд.
Профессор Рыбаков О.Ю. маърифати ҳуқуқиро яке аз шаклҳои муҳими татбиқи сиёсати ҳуқуқӣ муайян мекунад, ки бо ёрии маърифати ҳуқуқӣ мумкин аст ба шуур таъсир расонида, тарзи муайяни тафаккур, фарҳанги ҳуқуқиро ташаккул дод. Муаллиф ба он диққати махсус медиҳад, ки ин соҳаро мақомотҳои давлатӣ бояд фаро гиранд, зеро маҳз мақомотҳо барои иҷрои вазифаҳои муайяншуда захираҳои калон доранд.
Барыкина М.В. мафҳуми зеринро медиҳад: «Маърифати ҳуқуқӣ дар ҷомеа паҳн кардани донишҳо дар бораи ҳуқуқ ва тавзеҳи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда, инчунин амалияи татбиқи онҳо бо мақсади ба вуҷуд овардани боварӣ ба зарурати риояи қонунҳо ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо мебошад.».
Дар адабиёти таълимӣ муаллифон ҳангоми баррасии проблемаҳои фарҳанги ҳуқуқӣ ва шуури ҳуқуқӣ дар бораи маърифати ҳуқуқӣ кам ёдовар мешаванд, вале аксаран маърифати ҳуқуқиро яке аз ҷанбаҳои тарбияи ҳуқуқӣ арзёбӣ менамоянд.
Ҳамин тавр, Иванников И.А. маърифати ҳуқуқиро яке аз усулҳои тарбияи ҳуқуқӣ мефаҳмад ва онро ба таври зайл муайян мекунад: «Маърифати ҳуқуқӣ ин раванди паҳн кардани донишҳои ҳуқуқӣ дар байни аҳолӣ мебошад, ки ба афзоиши фарҳанги ҳуқуқии онҳо, эҳтиром ба қонун, адолат ва қонуният мусоидат мекунад.».
Кулапов В.Л. бошад, маърифати ҳуқуқиро (бидуни ифшои мазмуни он) ба яке аз шаклҳои ташкилии таълими ҳуқуқӣ (дар баробари таълими ҳуқуқшиносӣ, ки онро «шакли ибтидоӣ» ва таблиғи ҳуқуқӣ меномад) тасниф мекунад.
Андешаҳои консептуалии равишҳои дар боло зикршуда таваҷҷуҳи илмӣ доранд, вале равшан кардани моҳият ва доираи робитаи маърифати ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқӣ, таълиму тарбияи ҳуқуқӣ ва иттилооти ҳуқуқиро талаб мекунанд, ки мо дар боло муфассал истода гузаштем ва танҳо онро таъкид карданием, ки маърифати ҳуқуқӣ маънои аҳамияти мустақилро дорост. Он бо тарбияи ҳуқуқӣ, таҳсилоти ҳуқуқӣ ва таълими ҳуқуқӣ алоқаманд аст, аммо комилан мувофиқат намекунад, ҳеҷ яке аз истилоҳҳои дар боло зикршуда дигарашро ба таври назаррас дарбар намегирад. Тарбияи ҳуқуқӣ, таҳсилоти ҳуқуқӣ ва таълими ҳуқуқӣ ба маърифати ҳуқуқӣ ба ҳамон андоза дохил мешаванд, ки маърифати ҳуқуқӣ ба онҳо дохил карда шудааст, дар ҳоле ки маърифати ҳуқуқӣ мазмунан категорияи хеле васеътар аст.
Инъикоси мукаммали мазмуни падидаи ҳуқуқии таҳқиқшаванда бо нишон додани аломатҳои маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун категорияи ҳуқуқӣ мусоидат мекунад:
– якум, маърифати ҳуқуқӣ имрўз на танҳо фаъолияти махсус ташкилшудаи давлат ва ҷомеа, балки ҳамчун самти мустақили сиёсати давлат амал мекунад.
Сиёсати давлатиро дар ин самт Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми ноябри соли 2019 таҳти №599 тасдиқ гардида, ки аз паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат аз 26 декабри соли 2018 бармеояд, инчунин Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2018, №1005 тасдиқ гардидааст, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 1997, № 691 “Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон”, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 1997, №383 “Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ”, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2006, № 94 “Дар бораи тасдиқи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2016 № 636 тасдиқ шудааст ва ғайраҳо мебошанд.
Тарбияи ҳуқуқӣ бо дар назар доштани арзишҳои ахлоқӣ, фарҳанги миллӣ, мероси таърихӣ, одату арзишҳои миллӣ ба амал бароварда мешавад. Дар ин раванд, диққати махсус ба интихоби мушаххаси гурўҳҳои аҳолӣ, ки бо сабаби дар сатҳи паст будани маърифат ва шуури ҳуқуқӣ ё надоштани имконияти гирифтани иттилооти ҳуқуқӣ дар ҳолати осебпазир қарор доранд, бояд равона гардад.
Таҳқиқоти пурсамари фарҳанги ҳуқуқӣ, аз он ҷумла, унсурҳои миллии он бори аввал дар илми ҳуқуқшиносии Тоҷикистон дар диссертатсияи докторӣ ва асарҳои профессор Насриддинзода Э.С. (Насурдинов Э.С.) гузаронида шудааст. Солҳои охир профессор Насриддинзода Э.С. фарҳанги ҳуқуқиро дар доираи маърифати нави ҳуқуқӣ, ҳуқуқҳои ҷудонопазири инсон, озодии иқтисодӣ, эҷодӣ, илмӣ ва намуди дигари фаъолият, ҳуқуқ ва адолат таҳқиқ мекунад. Насриддинзода Э.С. фарҳанги (маданияти) ҳуқуқиро ҳамчун ғояҳое, ки фикру эҳсосотро амалӣ мекунад, эътиқоди ҳуқуқӣ, дастурҳоро, ки ба фаҳмиши дурусти низоми ҳуқуқии ҷомеа нигаронида шудаанд, муайян месозад, маънидод кардааст.
Унсурҳои ҷудогонаи маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳанги ҳуқуқӣ дар робита бо масъалаҳои дигари илмӣ дар асарҳои Тоҳиров Ф.Т., Маҳмудзода М.А., Нематов А.Р., Азиззода У.А. ва дигарон таҳлил карда мешавад. Масъалаҳои шуури ҳуқуқӣ ва фарҳанги ҳуқуқӣ дар робита бо рушди илми ҳуқуқшиносии Тоҷикистон, инкишофи низоми ҳуқуқӣ ва таҳкими соҳибистиқлолии давлати Тоҷикистон дар асарҳои академик Тоҳиров Ф.Т. таҳқиқ карда шудаанд.
Паҳлуҳои ҷудогонаи маърифати ҳуқуқӣ дар асарҳои олимони дигари Тоҷикистон – Азизқулова Г.С., Буризода Э.Б., Зоир Ҷ.М., Сафаров Б.А., Тоҳиров Ф.Т., Раҳимзода Р.Ҳ., Холиқзода А.Ғ. ва дигарон низ таҳқиқ мешаванд.
Ба андешаи профессор Насриддинзода Э.С. дар доираи гуногунии фаҳмиши ҳуқуқ, ки хосси даврони муосири таърихӣ мебошад, фарҳанги ҳуқуқӣ дар доираи маърифати нави ҳуқуқӣ, дар асоси шинохти ҳуқуқҳои ҷудоинопазири инсон, озодии иқтисодӣ, эҷодӣ, илмӣ ва намуди дигари фаъолиятҳо, консепсияи ҳуқуқҳои табии инсон шакл мегираду рушд менамояд. Аз ин лиҳоз, фарҳанги ҳуқуқӣ комёбиҳои мавҷударо дар заминаи ҳуқуқ (маълумоти ҳуқуқӣ, парламенти касбӣ, ҳифзи судии ҳуқуқҳои инсон ва ғайра) инъикос менамояд. Фарҳанги ҳуқуқӣ танҳо бо дарки ҳуқуқ ҳамчун шеваи озодӣ ва адолат тасаввурпазир аст.
Маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун воситаи ягонаи ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ тавассути таъсиррасонӣ ба шуури ҳуқуқӣ баромад мекунад, ки дар навбати худ рафтори ҳуқуқиро (аз ҷумла дар шакли бештар инкишофёфтаи он – фаъолияти ҳуқуқии шахси воқеӣ) муайян мекунад.
Певсова Е.А. моҳияти маърифати ҳуқуқиро дар шароити муосирро баррасӣ намуда, қайд мекунад, ки сатҳи шуури ҳуқуқӣ ва фарҳанги ҳуқуқӣ, ки ба ҳадафҳои таълими ҳуқуқӣ мувофиқ аст, «мавҷудияти таълими ҳуқуқӣ ва низоми эътиқодро пешбинӣ мекунад, ки бо эътирофи ҳуқуқ, дарки зарурати риояи талаботи он, доштани маҳорат ва малакаи татбики конунро дар назар дорад. Донише, ки дар рафти таълими ҳуқуқӣ гирифта шудааст, бояд ба эътиқоди шахсӣ, ба муносибати қатъӣ ба риояи ҳатмии меъёрҳои ҳуқуқӣ ва баъдан ба талаботи ботинӣ ва одати риояи қонун, нишон додани фаъолияти ҳуқуқию сиёсӣ табдил ёбад».
Ташаккули фарҳанги баланди ҳуқуқии аҳолӣ, анъанаи эҳтиром ва риояи бечунучарои қонун, тартибот ва суд, хушрафторӣ ва поквиҷдонӣ ҳамчун намунаи ибрати рафтори иҷтимоӣ, инчунин рафъи нигилизми ҳуқуқӣ дар чамъият, ки ба инкишофи Ҷумҳурии Тоҷикистон хамчун давлати мутамаддини муосир халал мерасонад.
Сиёсати давлатй нисбат ба ҳамаи халки Ҷумҳурии Тоҷикистон, гуруҳҳои алохидаи ичтимой ва хар як шахрванди он ба амал бароварда мешавад. Ба ташаккули шуури ҳуқуқӣ ва саводи ҳуқуқии насли наврас таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад.
Сиёсати давлатӣ дар ҳамкории зич бо сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ амалӣ карда мешавад. Давлат фаъолияти ташкилотҳои ғайриҳукуматиро, ки ба ноил шудан ба ҳадафҳои сиёсати давлатӣ мусоидат мекунанд, дар шакли шарикии иҷтимоӣ дастгирӣ менамояд.
Давлат шароитеро фароҳам меорад, ки рушди саводнокии ҳуқуқӣ ва шуури ҳуқуқии шаҳрвандон, огоҳии онҳо аз моҳият, усул ва ҳудуди амалӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳо, манфиатҳои аз ҷониби қонун ҳифзшаванда дар мурофиаи маъмурӣ ва судӣ, инчунин дастрасии онҳо ба шаҳрвандон ба ёрии ҳуқуқии ихтисоснок. Инчунин тарғиб ва фаҳмонидани зарурати риояи уҳдадориҳои худ, қоидаҳои зиндагӣ, эҳтироми ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии дигарон, сарфи назар аз нажод, миллат, забон, муносибат ба дин, эътиқод ва дигар ҳолатҳо аз ҷониби шаҳрвандон муҳимтарин вазифаи давлат мебошад.
Сиёсати давлатӣ меъёрҳои ахлоқии таърихан муқарраршуда ва арзишҳои ахлоқии аз ҷониби умум эътирофшудаи мардуми сермиллати Тоҷикистонро ба роҳбарӣ мегирад, ки ба таъмини рафтори қонунӣ ва эҳтироми шаҳрвандон нигаронида шудааст. Ташаккули шуури мусбии ҳуқуқӣ, аз ҷумла, тавассути андешидани тадбирҳои мунтазам оид ба муқовимат ба ҳама гуна шаклҳои ифротгароии миллӣ ва динӣ ё рафторе, ки ба ахлоқи ҷамъиятӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ, сулҳу суботи ҷомеа ва ризоияти миллӣ халал мерасонад, таъмин карда мешавад.
Сиёсати давлатӣ ҳамзамон бо маҷмӯи тадбирҳо оид ба такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалияи татбиқи он, баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ, муқовимат бо коррупсия ва мақсаду вазифаҳоеро, ки ҷомеаи демократӣ муайян мекунад, амалӣ карда мешавад.
Эргашева Шарофатхон Икромовна |