Иштирок ва баромади ректори ДДҲБСТ дар Форуми сеюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус
27 ноябри соли 2024 Форуми сеюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус таҳти унвони «Маориф – ҳамчун омили муҳим дар таҳкими робитаҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус» дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба кори худ оғоз кард.
Дар Форуми мазкур, ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ Ҳомид Ҳошимзода иштирок ва баромад намуд.
Ҳамчунин, дар доираи Форуми мазкур шартномаи ҳамкорӣ байни ДДҲБСТ бо Донишгоҳи давлатии технологии Брести Ҷумҳурии Беларус ва байни ДДҲБСТ бо Донишгоҳи Русия – Белорусия ба имзо расонида шуд. Форуми сеюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва Беларус ду рӯз дар ду бахш идома ёфта, баимзорасонии созишномаҳои нави ҳамкорӣ дар назар аст.
Дар форум намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус ва роҳбарони сохторҳои илмию таълимии ду давлат, аз ҷумла, ректорон ва намояндагони 13 муассисаи олии касбии ин кишвари дӯст иштирок доранд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа