Мақоми ифтихорӣ дар Озмуни “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст”
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва ҷалби довталабон ба Озмуни ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст”, ки ҳамасола дар сатҳи баланди ғоявию ташкилӣ баргузор мегардад, тадбирҳои саривақтӣ роҳандозӣ шуда, дастпарварони донишгоҳ дар даврҳои шаҳрию вилоятӣ ва ҷумҳуриявии ин озмуни бонуфуз ба дастовардҳои шоёну назаррас ноил мегарданд.
Дар даври вилоятии Озмун соли равон се нафар донишҷўёни донишгоҳ аз рўйи номинатсияҳои адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик ва адабиёти ҷаҳон ба ҷойҳои намоён сазовор гардида, барои иштирок дар даври ниҳоии озмун роҳхат гирифтанд.
Боиси ифтихор аст, ки дар даври ҷумҳуриявии Озмуни мазкур, ки санаҳои 14 – 17 ноябри соли ҷорӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид, донишҷўи соли чоруми факултети ҳуқуқшиносӣ Мадалиева Шамсия дар номинатсияи адабиёти муосири тоҷик ва донишҷўи соли дуюми факултети мазкур Бутаева Фотима дар номинатсияи адабиёти ҷаҳон байни донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат ширкат варзида, ба мақоми ифтихорӣ ноил гардиданд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа