Баргузории чорабинии муштараки тарбиявию маърифатӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Парчам рамзи соҳибдавлатӣ»
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодагари мустақилият, ваҳдату ягонагӣ, созандагию бунёдкорӣ, якпорчагии мамлакат, инъикоскунандаи ормонҳои волои халқ баҳри пешрафту гулгулшукуфии кишвари маҳбубамон – Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, эҳтирому арҷгузорӣ ба он ҳамчун муқаддасоти миллӣ вазифаи ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи кишвар мебошад. Имрӯз мардуми шарафманди тоҷик зери Парчами ваҳдату якдилӣ ба хотири эъмори ҷомеаи мутаммадин устуворона қадам мегузоранд ва бо азму иродаи созандаи худ дар қатори дигар муқаддасоти миллӣ Парчами давлатиро, ки инъикосгари ормонҳои миллии мо мебошад, ҷовидона муқаддас медоранд. Аз ин ҷост, ки ҳамасола тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” санаи 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳ ва шаҳомати хоса таҷлил мегардад.
Санаи 22.11.2024 дар толори китобхонаи илмии ДДҲБСТ дар якҷоягӣ бо кафедраи забони тоҷикӣ ва китобхонаи илмӣ, ба муносибати таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тарбиявию маърифатӣ таҳти унвони «Парчам рамзи соҳибдавлатӣ» баргузор гардид. Директори китобхонаи илмӣ чорабиниро ҳусни оғоз намуда, доир ба ҳадаф ва моҳияти рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ ҳамчун рукни муҳимми давлатдорӣ ва муқаддасоти миллӣ ибрози андеша намуд. Сипас тибқи барнома профессори кафедраи забони тоҷикӣ Шокириён Т.С. дар мавзуи “Парчам ва заминаҳои таърихии парчамдории ниёгон”, мудири кафедраи забони тоҷикӣ, дотсент Рустамов Ш.Р. таҳти унвони “Парчам, маънибандӣ ва ғояи парчамдорӣ дар фарҳанги миллӣ”, мутахассиси китобхонаи илмӣ Муминҷонова П.Т. роҷеъ ба мавзуи “Парчамат парафшон бод Тоҷикистони азиз” баромад намуданд. Дар ҷараёни чорабинӣ навори мустанад аз таърихи парчам ва парчамдорӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуда, донишҷӯён дар хусуси ватану ватандорӣ, ифтихори миллӣ, муқаддасоти миллӣ ва амсоли инҳо шеърҳо қироат намуданд.
Бо мақсади ошноии бештари таълимгирандагон бо осору китобҳои марбут ба мавзуъҳои мазкур намоиши китоб ташкил карда шуд.
Ҳамчунин ба муносибати ин санаи фархундаи таърихӣ санаи 21-уми ноябр дар толори маҷлиси хобгоҳи ДДҲБСТ чорабинии муштараки тарбиявии кафедраи забони тоҷикӣ, филиали китобхонаи илмӣ дар хобгоҳ ва кафедраи сиёсатшиносӣ таҳти унвони “Парчами Тоҷикистон рамзи ваҳдат ва ягонагии миллат” баргузор шуд. Дар чорабинӣ бо мақсади арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби устодон маърӯзаҳо ва суханрониҳо ва аз тарафи донишҷӯён қироати шеърҳо,викторина, суруду рақсҳои миллӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуданд.