САҲМИ ҶАВОНОН ДАР ПЕШРАФТИ КИШВАР

Ҷавонон қувваи бузург ҳастанд ва ҳар миллат дар ҳар давру замон аз ҷавонони худ умеди ояндаи нек мекунад. Эмомалӣ Раҳмон

Ҷавонон қувваи бузург ҳастанд ва ҳар миллат дар ҳар давру замон аз ҷавонони худ умеди ояндаи нек мекунад.

Эмомалӣ Раҳмон

Cарвари давлат барои миллат ва Ватани мо, барои нигоҳдории сулҳу оромии кишвар, таъмини шароити зиндагии арзандаи иҷтимоӣ барои тамоми сокинони ҷумҳурӣ, насли ояндасози ҷомеа ҷидду ҷаҳд, заҳмату талошҳо ва хизмати басо бузурге кардаанд.

Саҳифаҳои таърих шоҳид аст, ки дар даврони бесарусомониҳо, рӯзгори нобасомон ва шикастаруҳии мардуми мо тақдир башорати баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро  ҳамчун ҳадяи таърих ва пайки наҷот ба миллати тоҷик ато кард ва ҷараёни ин анҷумани саодати халқ ҳодиву раҳкушову раҳнамо ва мубашшири ин наҷотро ҳамчун туҳфаи олитарини тақдиру сарнавишти миллати тоҷик дар симои фарзанди сарсупурдаву меҳанпарасти хеш – Эмомалӣ Раҳмон насиб гардонид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дилу нияти нек зимоми идораи давлатро дар замони бениҳоят ҳассос, ки хавфи пароканда шудани давлат ва аз байн рафтани миллати тоҷик баръало эҳсос мегардид, бар уҳда гирифтанд ва дар як муддати кӯтоҳ шуълаи умедро ба фардои дурахшон дар қалби ҳар як фарди миллат фурӯзон намуданд. Ин буд, ки меҳнаткашон, модарону хоҳарони мушфиқ, пирони рӯзгордидаву ҷавонони навовару ғайратманд, чашми ростбин, гӯши ҳақшунав, ақли бедору хиради дурбин, забони ҳақгӯву табъи нуктасанҷ ва ҳазорҳо бозуи қавӣ дар зери сиёсати оқилонаашон гирд омада, дар ободиву пешравии Тоҷикистон муттаҳид гардиданд.

Андешаҳои созандаи Пешвои миллат омили пешбаранда ва такмилдиҳандаи давлати миллии тоҷикон буда, аз марҳилаҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар то имрӯз ба ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд ва бо ин муҳаббат, ғамхориву самимияти падарона меҳри қишри созандаи ҷомеаро ба Ватан ва эҳтиромашонро ба арзишҳову муқаддасоти миллӣ афзун мегардонанд.

Президенти маҳбуби кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон принсипҳои бунёди сиёсати давлатии ҷавононро бо набзи замон ва руҳи ҷавонон мувофиқ сохта, дар доираи сиёсати созанда ваҳдати миллиро миёни ҷавонон густариш бахшиданд, меҳнати ҳалол ва интизоми қатъиро бунёд гузоштанд, робитаҳои судбахшро бо кишварҳои мутамаддин дар самти ҳамкориҳои ҷавонон боло бурданд ва шаклҳои нави фаъолияти ҷавононро роҳандозӣ намуданд.

Лозим ба тазаккур аст, ки яке аз дастовардҳои асосӣ ва бузурги ҷавонон дар замони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон ва ҳамчун самти афзалиятнок қабул донистани сиёсати давлатии ҷавонон мебошад.

Новобаста ба вазъи душвори таърихии сахту сангин ва давраи гузариш, ки бо ташаккули низоми сифатан нави иҷтимоию иқтисодӣ алоқаманд мебошад, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба масъалаҳои ҷавонон, аз ҷумла беҳдошти вазъи таълиму тарбия, соҳиби ихтисос, касбу ҳунар, ҷои кор гардидани онҳо ва мавқеи хосса пайдо намудани ҷавонон дар ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.

Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари ба даст овардани Истиқлолият зарурати ногузирии ташаккул ва амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавононро пазируфтааст. Баъди 6 моҳи соҳиб гаштани Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гаштани қонуни асосии ҷавонон – Қонун “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон”, ки 13 марти соли 1992 сурат гирифтааст, далели ин гуфтаҳо мебошад. Ибрози он бамаврид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз аввалинҳо шуда қонуни асосии ҷавононро қабул кардааст. Ин бори дигар собит месозад, ки кишвари азизамон Тоҷикистон дар таҳкими сиёсати давлатдорӣ ва сохтмони ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёд ташаккули сиёсати ҷавононро яке аз самтҳои асосии стратегии фаъолият медонад.

Дар марҳилаҳои минбаъдаи рушди давлатдорӣ ва таҳкими сиёсати давлатии ҷавонон қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, Консепсияву стратегияи давлатӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар ҷомеа, қабул ва амалигардонии як қатор барномаҳои соҳавии давлатӣ, мулоқотҳои пайваставу мунтазами Пешвои ҷавонпарвари миллат бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ, роҳандозии як зумра ҳавасмандиҳо, аз қабили стипендияҳои президентӣ, Ҷоизаи ба номи И.Сомонӣ барои олимони ҷавон, грантҳои ҳукуматӣ бо мақсади дастгирии ташкилотҳои ҷамъиятии кор бо ҷавонон, таъсисёбӣ ва баргузории ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷлили ҳамасолаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ҷавоникунонии сиёсати кадрӣ ва дар зинаҳои роҳбарикунанда таъин гардидани шумораи зиёди ҷавонони лаёқатманд,  дастовардҳои беназиртарину нотакрор дар ҳаёти ҳар як ҷавони саодатманди кишвар мебошад.

Бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ифтихори ҷашни 33-солагии Истиқлоли Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) ва ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самт, ҳамасола озмуни ҷумҳуриявии «Илмфурӯғи маърифат», бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистонватани азизи ман» тасдиқ гардид.

Ҷалби нерӯи ҷавонон ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, тақвияти таъмини ширкати фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ, ҷалби ин табақаи нерӯманди ҷомеа ба сафҳои хеш барои устувор намудани рукнҳои давлатдории навин, ҳимояи марзу буми Ватани азизамон ва мутобиқат намудан ба ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳон ва эмин нигоҳ доштани давлату миллат аз таззодҳову таҳдидҳои замони муосир мусоидат менамояд.

Тавре Сарвари давлат, Пешвои муаззами кишвар зикр намуданд, “Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар-Ватани худ содиқона хизмат мекунанд”.

Мо ифтихорманд ва сарбаланд аз онем, ки ҷавонони саодатманди мо сазовори боварии боэътимоди Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардидаанд.

Ин нуктаҳо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, худшиносиву худогоҳӣ, руҳияи озодихоҳӣ, ватанпарастӣ, ифтихори миллии ҷавонони саодатманди диёрро баланд бардошта, бори дигар водор месозад, то ба қадри неъматҳои бебаҳо, ба мисли Истиқлоли давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, Ватани ободу ором ва арзишҳои фарҳангии хеш бирасем.

Дар умум гуфтан ҷоиз аст, ки тамоми заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҷавонон бисёр арзанда арзёбӣ гардида, барои мақоми хоса пайдо кардани сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми беназир гузоштаанд.

Бори дигар итминон ҳосил намудам, ки имрӯз Тоҷикистони азиз дар симои ҷавонони далеру шуҷои худ фарзандонеро дорад, ки баҳри пешрафту саодати он ба ҳама чи таёранд ва дар пастиву баландии зиндагӣ аз худ ҷасорат нишон дода метавонанд. Дар воқеъ имрӯз давлату ҳукумат ҳама чизро барои рушду пешрафти ҷавонон муҳайё  кардааст, ки ин ғамхориҳо ҷавононро рӯҳбаланд намуда, барои кӯшишу ғайрати онҳо, ҷиҳати хизмат ба Ватан-Модар мусоидат мекунад.

Хоҷаева Марҳаматхон Исроиловна

                                                    н.и.и, дотсент, мудири кафедраи

                                                    аудит ва ревизияи ДДҲБСТ

You might also like