НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР НИЗОМИ ҚОНУНГУЗОРӢ
Конститутсия ҳуҷчати сиёсӣ ва ҳуқуқӣ буда, ба сифати шиносномаи давлат баромад менамояд. Дар он самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар муайян карда мешаванд. Конститутсия нисбат ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ (қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, қарорҳои мақомоти қонунгузор ва иҷроия ва ѓайра) муқаррар шудааст. Тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз Конститутсия сарчашма мегиранд ва ба он набояд зид бошанд.
Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати сиёсӣ мазмуни ба худ хос дорад. Одатан, дар он шакли ҳуқуқии масъалаҳои муҳимтарини ба соҳибихтиёри давлат, шакли он, ба ҳокимияти давлатӣ, сохтори давлатӣ, ҳолати ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, шаклҳои моликият алоқаманд, муқаррар карда мешаванд. Меъёрҳои конститутсионӣ барои фаъолияти мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шахсони мансабдор, шаҳрвандон, хориҷиён ва шахсони шаҳрвандӣ надошта, ки дар Тоҷикистон истиқомат доранд, асос мебошанд. Меъёрҳои конститутсионӣ бисёр вақт усулҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлат, аз ҷумла, сиёсати хориҷиро низ муқаррар менамоянд.
Конститутсияи соли 1994 аз 10 боб ва 100 модда иборат аст. Конститутсия аз муқаддимаи мухтасар, ки пеш аз бобҳои Конститутсия дода шудааст, сар мешавад [4, с.343]. Ҳар як қисми муқаддима бо ин ё он бобу моддаҳои Конститутсия алоқамандӣ дорад. Масалан, дар муқаддима дар хусуси муқаддас донистани озодӣ ва ҳуқуқи шахс гуфта шудааст, ки он ба мазмуни матни моддаи 5, боби 2-юм (моддаҳои 14-47) ва баъзе моддаҳои боби 8-ум таъсири бевосита мерасонад.
Пайдоиши боби алоҳида дар хусуси асосҳои сохтори конститутсионии Тоҷикистон дар таҷрибаи конститутсионии ҷумҳурӣ чизи нав мебошад. Чи тавре ки маълум аст, фасли якуми Конститутсия соли 1978 асосҳои сохти ҷамъиятӣ ва сиёсати ҶТ ном дошт ва аз бобҳои низоми сиёсӣ, низоми иқтисодӣ, тараққиёти иҷтимоӣ ва фарҳанг, фаъолияти сиёсати хориҷӣ ва муҳофизати ҶТ иборат буд [7, с.381].
Боби якуми Конститутсия аз 13 модда иборат буда, дар онҳо хусусиятҳои ҶТ ҳамчун давлат, рамзҳои давлатӣ, дахлнопазирии инсон ва ҳуқуқҳои инкорнашавандаи ў, соҳибихтиёрии халқ, ягонагии давлат ва сохти марзию маъмурии он, кафолати гуногунии равияҳои сиёсӣ ва мафкуравӣ, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, эътибории олии конститутсия ва таъсири ҳуқуқи байналмилалӣ ба Конститутсия ва қонунҳои Тоҷикистон, усулҳои асосии самтҳои асосии сиёсати хориҷӣ, гуногуншаклии моликият ва объектҳои моликияти истисноии давлат муқаррар ва нишон дода шудаанд [5, с.79].
Матни боби якуми Конститутсияи ҶТ ҳам шаклан ва ҳам мазмунан бо қисми аввали конститутсияҳои Федератсияи Россия, Туркманистон, Ҷумҳурии Қазоқистон ва баъзе давлатҳои дигари аъзои ИДМ умумияти зиёд дорад. Чунки заминаҳои пайдоиш ва инкишофи давлатдории онҳо, даст кашидан аз қолибҳои пешина ва бунёд кардани шаклу сохторе, ки пойдорӣ ва устувории давлату ҷамъияти онҳоро таъмин намояд, ба ҳам хеле монанд ва наздиканд.
Баробари ин, бояд ба эътибор гирифт, ки ҳолату меъёрҳои боби якуми Конститутсия барои дигар бобҳои он хусусияти муайянкунӣ ва таъсискунӣ доранд, гарчи меъёрҳои боби якум хусусияти мустақиман амал кардан доранд. Масалан, моддаи 9 Конститутсия гарчи ҳаҷман хеле мухтасар аст, аммо дар он усули муҳимтарини ташкилу фаъолияти мақомоти давлатӣ ва асоси муайян кардани ҳадди салоҳияти онҳо муқаррар карда шудааст. Мувофиқи он ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад. Яъне, ҳамаи ҳокимияти давлатӣ дар ҳамин се шакл амалӣ гардонида мешавад. Ҳар як намуди мақомоти давлатӣ ба яке аз ин се шакл тааллуқ дорад ва ҳеҷ як мақомоти давлатӣ аз он берун ва ё хилофи он ташкил ёфта, амал карда наметавонад. Бинобар ин, дар бобҳои 3, 4, 5, 8, ва 9 Конститутсия усули дар моддаи 9 муқаррар гардида, бо роҳи ҷудо кардани салоҳияти ҳар яке аз узви ҳокимияти давлатӣ ва риоя кардани усули боздорӣ ва мувозина татбиқ карда шудаанд. Боби дуюми Конститутсия ҳолати ҳуқуқии инсон ва шаҳрвандро ба танзим андохта, усул ва кафолати ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои онҳоро муқаррар кардааст. Дар он чандин падидаҳои ҳуқуқӣ-конститутсионӣ муттаҳид карда шудаанд. Аз ҷумла, падидаҳои шаҳрвандӣ, баробарҳуқуқии инсон, ҳуқуқу озодӣ ва кафолати онҳо, ки мақоми шахсро дар ҷамъият ва шаҳрвандро дар давлат муайян менамоянд. Давлат ба воситаи меъёрҳои Конститутсия ба худ уҳдадорӣ гирифтааст, ки ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрвандро эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Ба низоми ҳуқуқу озодии конститутсионии шаҳрвандон ҳамеша аз рўи он баҳо дода мешавад, ки давлат дар кадом ҳаҷм онҳоро муқаррар карда, то кадом дараҷа ба тадбиқи онҳо кафолат додааст [2, с.110]. Конститутсияи нав баробари васеъ гардонидани номгўи ҳуқуқу озодӣ, кафолати онҳоро низ нишон додааст. Вале, ин кафолатҳо бо чораҳои ҳақиқӣ таъмин нагардидаанд.
Боби дуюми ин Конститутсия аз конститутсияи пешина аз ҷиҳати номгўи ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии шаҳрвандон кам фарқ дорад. Дар конститутсияи нави боби дуюм аз 34 модда, дар конститутсияи пешина фасли дуюм аз 37 модда иборат буд. Мазмунан низ онҳо бо ҳам наздиканд, вале аз ҷиҳати ҳаҷм баъзе меъёрҳо мухтасар гардидаанд. Масалан, дар конститутсияи пешина ба падидаи баробарҳуқуқии шаҳрвандон 3 модда (32, 33, 34) дар конститутсияи нав фақат 1 модда (17) бахшида шудааст.
Якумин бор дар таҷрибаи конститутсионии Тоҷикистон конститутсияи нав ҳолати ҳуқуқии инсонро дар вазъияти фавқулодда ба танзим андохтааст (моддаи 46 ва 47) [5, с.81].
Бобҳои 3, 4, 5, 6, 8, ва 9 Конститутсия низоми мақомоти давлатии Тоҷикистонро муқаррар карда, тартиби ташкилёби ва салоҳияти онҳоро дар асоси усули таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба танзим дароварда аст. Ба ҷои Шўрои Олӣ, ташкили Маҷлиси Олӣ ҳамчун мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории ҶТ, ба ҷои Президиум Шўрои Олӣ, Раёсати Маҷлиси Олӣ, ба ҷои Раиси Шўрои Олӣ, Раиси Маҷлиси Олиро муқаррар кард. Мувофиқи ислоҳоти конститутсионии соли 1999 бо сабаби таркиби дупалатагӣ пайдо кардани Маҷлиси Олӣ Раёсати он барҳам дода шуд. Низоми мақомоти иҷроия бошад, аз Президент ва Ҳукумат, ки ў ба он сардорӣ мекунад, иборат аст.
Дар Конститутсия номи Ҳукумати ҶТ муайян карда нашудааст, вале он аз Раис, муовини якум ва муовинон, вазирон, раисони кумитаҳои давлатӣ иборат аст. Президент дар як вақт Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия аст, бинобар ин, ба ў салоҳияти хеле зиёд дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷумҳурӣ дода шудааст. Ҳокимияти маҳаллӣ аз мақомоти намояндагӣ-Маҷлиси вакилони халқ, ки ба он раис роҳбарӣ мекунад, иборат аст. Ҳокимияти иҷроия намояндаи Президент – Раиси вилоят, шаҳр ва ноҳия мебошад. Ҳокимияти судӣ дар ҶТ аз Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди ВМКБ, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия иборат аст. Қисми таркибии ҳокимияти судӣ прокурорӣ буда, аз Прокурори кулл ва прокурорҳои тобеи он иборат мебошад. Дар боби ҳафтум ҳолати ҳуқуқии ВМКБ дар ҳайати Тоҷикистон танзим шудааст.
Меъёрҳои ин боб нисбат ба меъёрҳои ба ВМКБ бахшидаи Конститутсияи соли 1978 муфассалтар баъзе ҳуқуқҳои мухтории вилоятро нишон додаанд. Муқаррар карда шудааст, ки вазъи ҳуқуқии ин вилоятро қонуни конститутсионӣ ба танзим мендозад. Боби охирин ба тартиби таѓйири конститутсия бахшида шудааст. Дар он тартиби нисбатан мураккаби таѓйир додан ва илова даровардан ба Конститутсия пешбинӣ шудааст. Ба ҳамин тариқ, мазмуни Конститутсияи ҶТ соли 1994 давраи ҳозираи барпоёбии давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон ва хусусиятҳои он, ҳолати ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, вазъи ҳуқуқии ВМКБ, ва сохти марзию маъмурии Тоҷикистон, низом, тарзи ташкилёбӣ ва фаъолияти мақомоти давлатии ҷумҳуриро инъикос мекунад.
Мазмуни асосии Конститутсияи Тоҷикистон соли 1994 чанде пештар аз қабули он дар Конститутсияи соли 1978 ва баъзе қонунҳои хислати конститутсионӣ доштаи Тоҷикистон муайян гардида буданд. Аз давраи саршавии рафти тайёр кардани лоиҳаи Конститутсияи нави ҶТ, ки ба солҳои 1989-1990 рост меояд, ки қабули он ба конститутсияи он вақт амалкунанда чандин бор таѓйироту иловаҳои зиёд дароварда шуданд, ки баъдтар онҳо мазмуни асосии конститутсияи нав ва қонунҳои навро ташкил карданд. Масалан, меъёрҳо дар хусуси давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ будани ҶТ, дар хусуси забони давлатӣ, шаклҳои моликият, вазъи конститутсионии Президент ва салоҳияти ў ҳанўз чанде пеш ба матни Конститутсияи ҶТ соли 1978 дохил карда шуда буданд [11, с.57].
Мазмуни Конститутсия ба воситаи таркиби он ба худ шакли муайян мегирад. Мазмуни Конститутсия бо сабабҳои объективӣ ва субъективӣ муайян мегардад. Ин бештар ба он вобаста аст, ки конститутсияи мазкур кадом ҳадафи таърихӣ дорад. Таркиби Конститутсия бевосита бо мазмуни он муайян мегардад. Ба таври қатъӣ таѓйир додани мазмуни Конститутсия ногузир сабаби таѓйирёбии таркиби он мегардад.
Ба ҳамин тариқ, мазмуни Конститутсияи ҶТ соли 1994 давраи ҳозираи барпоёбии давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон ва хусусиятҳои он, ҳолати ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, вазъи ҳуқуқии ВМКБ ва сохти марзию маъмурии Тоҷикистон, низом, тарзи ташкилёбӣ ва фаъолияти мақомоти давлатии ҷумҳуриро инъикос мекунад.
Конститутсия ҳамчун қонуни асосии давлат манфиатҳо ва иродаи халқ ё худ гурўҳҳои (табақаҳои) алоҳидаи иҷтимоии ҷамъиятро ифода намуда, асосҳои муҳими сохтори ҷамъиятӣ ва ташкили ҳокимияти давлати дахлдорро дар заминаи манфиатҳои онҳо мустаҳкам месозад. Аз рўи шакл Конститутсия ҳамеша ҳуҷҷати давлатӣ маҳсуб меёбад, яъне санади ҳуқуқӣ, қонуни асосии давлат мебошад, ки аз ҷониби парлумон, маҷмааи махсуси конститутсионӣ ё худ бевосита бо иродаи халқ қабул карда шуда, ҳамчун санади дорои қувваи олии ҳуқуқидошта заминаи низоми ҳуқуқи миллиро ташкил медиҳад.
Моҳиятан Конститутсия ин санади ҳам давлат ҳаст ва ҳам ҷамъият. Бо ибораи дигар, Конститутсия санади сиёсӣ буда, мундариҷаи онро ҳокимият, шаклҳои моликият, вазъи ҳуқуқии шахс ва сохтори давлат дар бар мегиранд. Меъёрҳои Конститутсия барои фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шахсони мансабдор, шаҳрвандони ҳамин давлат ва шаҳрвандони хориҷии дар ҳудуди он иқоматдошта ҳамчун асоси роҳбарикунанда ба ҳисоб мераванд.
Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқии давлатӣ аз рўи нишонаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, ифодакунии демократия, шакл, тартиби қабул ва таѓйирдиҳӣ, доираи амал, мақсаднокӣ тасниф карда мешавад. Дар таълимоти ҳуқуқии муосир моҳияти Конститутсия як навъ шартномаи ҷамъиятӣ баҳо дода шудааст, ки дар он муносибатҳои муҳими давлат ва шаҳрванд муқаррар карда мешаванд.
Бурҳонов И.Б.,
н.и.и., дотсенти кафедраи менеҷмент
Негматова Ш.Ғ.,
н.и.и., муаллими калони кафедраи менеҷмент