Баргузории силсилачорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ДДҲБСТ

Ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” дар кафедраву факултетҳои донишгоҳ чорабиниҳои тарбиявиву маърифатӣ ташкилу баргузор шуданд.

Бо ташаббуси маҳфили “Пайравони Пешвои миллат”-и назди донишгоҳ бахшида ба 30 – солагии Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Конститутсия- санади сарнавиштсози миллат”  мизи мудаввар доир гардид.

Дар мизи мудаввар муовини ректор оид ба корҳои тарбия, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Шаҳноза Норматова, кормандони шуъбаи тарбия, ҷавонон ва кор бо занон, аъзои фаъоли маҳфили “Пайравони Пешвои миллат” иштирок намуданд.

Сараввал, Шаҳноза Норматова чорабиниро ифтитоҳ намуда, доир ба аҳамияти бузурги ҳуҷҷати тақдирсози мамлакат яъне Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ кард. Ӯ қайд намуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади муҳими тақдирсози миллат 6-уми ноябри соли 1994  тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида, дар устувор гардидани рукнҳои давлатдорӣ ва такмилу таҳкими низоми қонунгузорӣ заминаи боэътимод гузошт.

Дар дигар кафедраву факултетҳои донишгоҳ низ конференсияву чорабиниҳо доир шуданд.

Устодону донишҷӯён перомуни нақши Конститутсия дар ҳифзу ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи манфиатҳои давлат ва таҳкими маърифати ҳуқуқӣ ибрози андеша карданд.

Таъкид шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид мекунанд, мо бояд аз он фахр кунем, ки соҳиби Ватан ва давлати соҳибихтиёр ҳастем, Конститутсияи ҷавобгӯй ба орзуҳои мардумӣ дорем ва дар фазои сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ зиндагӣ мекунем.

Дар маърӯзаҳо ҳамчунин моҳияти эълон гардидани “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойдории давлати соҳибистиқлолии Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ ёфтанд.

Боиси ифтихор аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби созмонҳои бонуфуз ва коршиносони ҷаҳон дар қатори беҳтарин конститутсияҳо эътироф шуда, таҷассумгари манфиатҳои миллӣ, рушди бонизоми давлат ва ҳаёти осудаи ҷомеа гардидааст.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like