Идомаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни Меҳргон дар ДДҲБСТ

Бахшида ба ҷашни Меҳргон дар факултетҳои муштараки ДДҲБСТ- ДМТ, сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байхалхалқӣ, молия ва андози донишгоҳ чорабиниҳои тарбиявиву адабӣ ва маърифатӣ ташкилу баргузор гардиданд.
Дар макони баргузории чорабиниҳо маҳсулоти кишоварзӣ, ки хоси ҷашни Меҳргон мебошад, ба намоиш гузошта шуд.
Устодону донишҷӯён зимни таҷлили ин ҷашн аз таърихи он маълумот доданд.
Иброз шуд, ки Меҳргон яке аз қадимтарин ҷашнҳои фасли тирамоҳ аст, ки дар байни қавмҳои форсизабон расм шудааст. Он баробари инкишофи кишоварзӣ ва ҷорӣ шудани тақвими деҳқонӣ ба миён омадааст. Меҳргон иди ҳосилот аст, ки дар рӯзи эътидоли тирамоҳ оғоз меёбад. Эътидоли тирамоҳ маънои баробаршавии шабу рӯз дар оғози фасли тирамоҳро дорад. Меҳргон рӯзи 16-уми меҳрмоҳ баргузор мешуд, ки эрониёни қадим онро муборак шумурда, ҷашн барпо мекарданд.
Гузаштагони мо ба пешвози ҷашни Меҳргон омодагӣ дида, ҳашарҳои умумихалқӣ ташкил мекарданд, корҳои ободонӣ анҷом медоданд. Дар рӯзи ҷашн либоси нав ба бар карда, ба сайругашт мебаромаданд ва ба дидорбинии дӯстон мерафтанд, дар дастархони Меҳргон анвои мева, ширинӣ ва меваву сабзавот мегузоштанд.
Меҳргон ҷашни ҳосилот ва намоиши дастранҷи кишоварзон мебошад, таъкид шуд дар идомаи чорабиниҳо.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

 

You might also like