Маърифати ҳуқуқӣ-омили таҳкими пояҳои давлатдорӣ

Имсол, яъне соли 2024 ба қабули қонуни асосии мамлакат-Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикисон 30 сол сипарӣ мегардад. Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 қабул гардид ва чун бахтномаи кишвар шинохта шудааст, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ҳифзу ҳимоя менамояд. Яъне дар меҳвари бобу моддаҳои қонуни  асосии мамлакат инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ қарор гирифтааст. Ин аст, ки коршиносони байналмилалӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд дода, ҷойгоҳи ӯро дар қатори беҳтарин Конститутсияҳои кишварҳои олам қарор додаанд. Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар дастовардҳои муҳим яке аз муваффақияти ҷомеаи мо дар даврони соҳибистиқлолӣ маҳсуб мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешои милат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рамон  дар Паёмашон ба Маҷлиси олӣ ба хотири 30-солагии қабули Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикисон соли 2024-ро “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намуданд. Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчунин таъкид гардид, ки дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Пеш аз ҳама, бояд сари ин проблема андеша намоем, ки дар давраҳои хеле ҳассоси тезутунд шудани муносибатҳои байни абарқудратҳо барои ҷорӣ намудани низоми нави ҷаҳондорӣ, сарфи назар аз мавҷудияти ақидаҳои мухталифи сиёсиву динӣ ва иҷтимоӣ дар ҷомеа мо барои ҳифзи сарвати бузургтарин ва бобақои худ, яъне Ватан ва Истиқлолияти миллӣ муттаҳид бошем, барои ҳифзи манфиатҳои милливу давлатии худ зиракиро аз даст надиҳем».

Дар ҳақиқат, ҷаҳонишавӣ  ва зуҳури гуруҳҳои манфиатҷӯву афзоиши хатарҳои экстремистиву террористӣ ба оромиву субот ва истиқлолу соҳибихтиёрии кишарҳои  ҷудогонаи олам таҳдид менамояд,  ҳар сокини сайёра ва миллату давлатҳоро ҳушдор медиҳад, ки аз ин қабил падидаҳои хатарзо дар ҳифз бошад.

Коршиносони байналмилаливу  ватанӣ борҳо омили асосии пайваст шудани  ҷавонону сокинонро ба гуруҳҳои ифротӣ ба маърифати пасти  ҳуқуқӣ, донишҳои диниву сиёсии онҳо марбут медонанд.

Тоҷикон, ки аз қадим соҳиби таъриху тамаддун ва адабиёти бузургу фарҳанги оламшумул буданд, падидаҳои номатлубу гуруҳҳои зиёдаравро маҳкум мекарданду имрӯз низ дар мубориза ба терроризму экстремизм дар арсаи байналмилал кишвари пешсаф шинохта шудаанд.  Борҳо Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз минбарҳои созмону ташкилотҳои байналмилалӣ хатари экстремизму терроризмро ёдовар шуда, аз паёмадҳои ногувори он ҳушдор додаанд.

Конститутсия ва дигар қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар меҳвараш ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, адолати иҷтимоӣ ва гуманизмро фаро гирифта, инсон  ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро дар аввал мегузорад, тамоми хатару таҳдидҳо ва падидаҳои номатлубро пурра маҳкум менамояд.

Барои бунёди воқеии ҷомеаи демократӣ зарур  аст, ки дар баробари ҳамаи тадбирҳои дигари бунёдкорӣ, аҳли ҷомеа ҳамчун шаҳрванд ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои хешро хело хуб дар сатҳи зарурӣ донанд. Аз он самаранок ва пурмаҳсул истифода намоем. Қонун ва қоидаҳои қабулгардидаро баҳри зиндагии сазовор дуруст ва бо камоли ақл дар зиндагии рӯзмарра амалӣ намоем. Дар ин замина нақши Конститутсия дар ташаккули маърифати ҳуқуқӣ басо муҳим ва асосӣ маҳсуб меёбад.

Эълон гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” боз як иқдоми ояндасози Сарвари давлат ба шумор рафта, дар робита ба авзои ҷаҳони муосир амри бисёр муҳим ва саривақтӣ ба шумор меравад. Тамоми сокинон ва шаҳрвандони мамлакатро лозим аст, ки  дар заминаи эълон шудани соли 2024 ”Соли маърифати ҳуқуқӣ”  ҳарчи бештар донишҳои ҳуқуқиву сиёсии хешро баланд бардошта, ҳамвора ҳушёру зирак бошанд ва бо маърифати ҳуқуқӣ дар ҳифзи арзишҳои милливу давлатӣ, дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва ҳифзи якпорчагии мамлакати аҷдодӣ саҳмгузор бошанд.

 

Ғафурзода Сино

You might also like