ПАРЧАМ – РАМЗИ ДАВЛАТДОРӢ ВА САОДАТИ МИЛЛӢ АСТ.

Дар таърихи башарият парчам аз давраҳои қадим ҳамчун рамзи давлатдорӣ истифода мешуд. Парчамҳои нахустин дар Чин, Миср ва Эрони бостон пайдо шудаанд.

Парчам дар забони адабии ҳозираи тоҷикӣ ҳамчун истилоҳ ба маънои ливо байрақ диравфш ва рамзи давлатӣ мавриди истифода аст. Парчаму дирафш воҷаҳои асилу қадимаи тоҷикӣ, байрақ туркӣ, ливо ва алам арабианд. (1,2)

Дар сарчашмаҳои мӯътабари таърихӣ аз ҷумла дар китоби муқаддаси «Авесто», асари безаволи ҳаким Фирдавсӣ «Шоҳнома» ва дигар осори таърихию адабӣ ҷиҳати мавқеъ, шакл, намуд ва истифодаи парчам ахбороти муфассал оварда шудааст. Дар «Авесто» роҷеъ ба парчамҳои Бохтари қадим ва дирафшҳои рақибони он борҳо ёдрас шудааст.

Дар «Дирафши Ковиён», ки яке аз ривоятҳои машҳури мардуми тоҷик ва тамоми қавмҳои ориёинажод аст ва дар «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ ба шакли достони назмӣ оварда шудааст, ривоят карда мешавад, ки Заҳҳок писари Мардос ном бодиянишини тозӣ буда, шахси бадкину сабуксару нопоку палид буд. Шоҳ Ҷамшед ба Яздон носипосӣ кард ва дар Эрони бостон парокандагӣ оғоз ёфт. Заҳҳоки палид ба кишвари Ҷамшед лашкар кашид ва ғолиб омад. Бо фармони ӯ Ҷамшедро дастгир намуданд ва пайкарашро бо арра дунима карданд.

Дар аҳди Заҳҳок бедодӣ, ғоратгарӣ, зулму ситам ба авҷи аъло расид. Заҳҳоки ситамгар ҳабдаҳ писари Коваи оҳангарро тӯъмаи моронаш сохта қасди писари ҳаждаҳумаш кард.

Коваи оҳангар шӯрид пешдомани чармини худро, ки ранги сурх дошт дирафш кард. Мазлумон гирди он парчам, ки бо номи «Дирафши ковиён» машҳур буд ба ҳам омаданд ва Заҳҳоки беаслу золимро сарнагун сохтанд.

Коваи оҳангар пас аз пирӯзӣ бар Заҳҳоки золим Фаридунро, ки аз наҷоди Таҳмурас буд, ба салтанат хонд. Фаридун Заҳҳокро дар кӯҳи Дамованд занҷирбанд кард. (2,2).

Дирафши ковиёнӣ парчами тамоми шоҳони ривоятӣ ва парчами давлати Эрон дар аҳди Кӯшониён ва Сосониён буда, дар замони истилои арабҳо нобуд карда шуд.

Аз он замон сар карда парчам чун рамзи озодӣ нахустин давлатдории ориёниён рамзи ҳаёти ҷовидон, фатҳу нусрат дар байни халқамон қабул ва шоистаи парастиш қарор гирифт. Мӯҳтавои асосии он муттаҳид намудани мардум барои мақсадҳои ягона буд.

Сарчашмаҳои таърихӣ шаҳодат медиҳад, ки дар аҳди бостон шоҳаншоҳони ориёнӣ парчами давлатиро бо зару зевар ороста, гиромӣ медоштанд.

Қобили тазаккур аст, ки он замонҳо сипаҳсолорон парчами худро доштанд, ки дар онҳо тасвирҳои махсус ҷойгир буданд.

Масалан дар парчами Рустам акси шере буд, ки аждаҳорро пахш мекард ва парчами Сиёвуш дар худ акси гавазнро дошт.

Дар Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон, дар қатори масъалаҳои аввалине ки мавриди муҳокима қарор дода шуда буд, масъалаи   қабули рамзҳои нави давлати Тоҷикистон буд.

Маротибаи нахустин Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол дар толори қасри фарҳангии хоҷагии ҷамоваи  ба номи Ӯрунхӯҷаев парафшони кард, ки онро вакилони халқ хуш пазируфтанд. Сарвари тозаинтихоби тоҷикон, ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон чун рамзи эҳтиром онро бӯсида, сипас қабули вазифа намуд. Роҳбарони тозаинтихобшудаи ҷумҳуриамон зери парчами нави давлат савганд ёд карданд, ки ба халқу миллат садоқатмандона хизмат мекунанд.

Мусаллам аст, ки лоиҳаҳои гуногуни рамзҳои миллӣ муддатҳои зиёд дар саҳифаҳои матбуот тавассути оинаи нилгун мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Комисиони бонуфузи корӣ, ки ҳайати симоҳои шинохтаи ҷумҳурӣ: собиқ раиси робитаҳои фарҳангӣ бо тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзии «Пайванд» академик Муҳаммад Осимӣ, шоири номвари тоҷик Мӯъмин Қаноат ва дигарон шомил буданд, дар ҷаласаҳои худ борҳо ҷамъ омада фикру мулоҳиза, дархосту пешниҳодоти фаровонеро, ки аз ҷониби шаҳрвандон расиданд ҳамаҷониба баррасӣ намуданд.

Аз ин рӯ метавон гуфт, ки парчаму нишони давлатии Ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон маҳсули фикру андеша, орзуву омоли ҳамаи табақаҳои аҳолии Ҷумҳурӣ аст. (3,2).

Дар рамзҳои давлатии Тоҷикистон анъанаҳои таърихию фарҳанги чандинҳазорсолаи тоҷикон ва ҳамчунин рамзҳои ҳафтод соли охири давлатдориамон таҷассуми худро ёфтаанд.

Дар таърихи 24 ноябри соли 1992 Иҷлосия ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуд.(4,56)

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки аз се рангаи уфуқи иборат аст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнҳои он ба рахи поёнии сабз баробар мебошад. Рахи сафеди мобайн якуним баробари  паҳнои ҳар яке аз рахҳои ранга аст. Рӯйи рахи сафед дар мобайни Парчам бо зарҳал рамзи тоҷ ва болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира кашида шудааст. Мутобиқати бару дарозии умумии Парчам 1:2 аст.

Рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон рамз ва решаҳои қадимаи суннатӣ доранд. Рахи аввал ранги сурх – ранги шуои офтоб, ранги равшанӣ, сурхрӯйӣ, ҳаёти ҷовидон, фатҳу нусрат, ифтихор, матонату шуҷоат ва соҳибистиқлолӣ аст. Парчами Коваи оҳангар низ аз чарми сурх буд.

Рахи дуввум ранги сафед-рамзи тозагӣ, покӣ, роҳи саодати зиндагӣ ва беғубории рӯзгор, рамзи сулҳ, шири поки модар, одоби ҳамидаи инсонӣ, виҷдону дили пок, имони комил, эътимоди қавӣ аст.

Рахи сеюм – ранги сабз аз қадимулайём рамзи ҳаёт, табиати ҳамешабаҳор, Наврӯз, бародарию рафоқат, файзу баракат, ҷавонӣ, зебоӣ ва рамзи дини мубини ислом мебошад (2,2).

Тоҷ рамзи истиқлолияту озодии кишвар ва рамзи давлатдорист. Тоҷикон ва аҷдоди онҳо дорои анъанаҳои бои давлатдорӣ мебошанд.

Ситораҳо рамзи бахт ва пайвастагӣ бо кайҳон аст. Муссалам аст, ки ниёгони мо дар рушди илми ахтаршиносӣ нақши мунире доштанд. Рақами ҳафт дар байни халқҳои ҷаҳон, аз ҷумла тоҷикон, рақами бахосият, сеҳрангез ба шумор меравад.

Бубинед: ҳафт рӯзи ҳафта, ҳафт иқлим, ҳафт қабати осмон. Дар осори классикони адабиётамон: ҳафт хони Рустам, (дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ), «Ҳафт пайкар» (асарҳои Низомӣ) «Ҳафт авранг» (номи маҷмӯи осори А. Ҷомӣ ) дар суннатҳои наврӯзӣ: ҳафт шин ва ҳафт син ва ғайра.

Ҳамчунин ҳафт ситора рамзи ҳафт диёри таърихию зебоманзари Тоҷикистон Суғд, Зарафшон, Ҳисор, Рашт, Вахш, Хатлону Бадахшонанд.

Ҳамин тавр, Парчам ва Нишони давлатӣ мувофиқи таъриху фарҳанги ғанӣ ва ақлу хиради волои халқамон хеле зебою дилчасп ва пурмазмун офарида шудааст ва онҳо дар ҳама ҷо чун муқаддасоти миллӣ боиси эҳтироми ҳамагон бояд бошад.

Дар баробари Суруди миллӣ, Нишони давлатӣ, Конститутсия, забони давлатӣ, Парчами давлатӣ низ барои шаҳрвандони мо муқаддас аст. Агар забон қалби миллат бошад, Парчамро метавон сари баланди халқ номид.

Ҳамзамон боиси ифтихор аст, ки парчами нави Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯз дар қатори парчамҳои давлатҳои соҳибихтиёри дунё дар саҳни бинои Созмони Миллали Муттаҳид ҷилвагар аст.(3,2).

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии   Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таърихи 12 майи соли 2007 қабул карда шудааст аз 5 фасл иборат аст.(5,3)

Дар моддаи 5-уми фасли дуюми қонун таъкид карда мешавад, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойҳои зайл: дар боло ё пештоқи бино ва ё дар пояи махсус дар ҳавлии Қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Миллӣ, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон,  мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти идоракунии давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти худидории шаҳрак ва деҳа (ҷамоатҳо), намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмиллалӣ ба таври доимӣ афрохта мешавад.

Дар вақти афрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон ва парчами ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ё дигар шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли моликияташон, паҳно ва баландии ин парчамҳо  набояд аз паҳно ва баландии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон калон бошад.

Ҳангоми дар як вақт афрохтани Шумораи тоқи парчамҳо Парчами  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мабайн ва мавриди афрохтани шумораи ҷуфти парчамҳо аз марказ дар тарафи чап ҷой дода мешавад.

Дар моддаи 6-уми фасли дуюми қонуни маскур доир ба тартиби ҷойгиркунии тасвири Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан меравд.

Мутобиқи он тасвири Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷиистон дар ҳавопаймоҳо, чархболҳо ва киштиҳое дар кайди  Ҷумҳурии Тоҷиистон буда,

дар асъори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон қоғазҳои қиматнок ва лотареяҳои куллию молии давлатӣ, дар нишони сарисангӣ ва шаҳодатномаи узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Оллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойҳои истироҳати шаҳрвандон, хиёбонҳо, гулгаштҳо, лавҳаҳои телевизионӣ ва дигар нашрияҳои давлатӣ ҳамчун рамзи давлатӣ дар аломатҳои қайди давлатии воситаҳои нақлиёт бо тартиби муқаррар намудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон. (5,6). (Қонун №508 аз 16.10.09.) ҷойгир карда мешавад.

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таърихи 20 ноябри соли 2009 «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳар сол Рӯзи Парчами Давлатӣ, ки 24 ноябри соли 1992 аз ҷониби Иҷлосияи ХVI Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида буд, таҷлил карда мешавад. (6,9).

Ҳамин тариқ, тоҷикон, ки дорои таърих ва суннатҳои хело қадимаи давлатсозию давлатдорӣ мебошанд, аз давраҳои бостонӣ соҳиби давлатҳои мутамарказ ва рамзи рукнҳои хоси онҳо буданд.

Парчами имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол, яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзую ормонҳои тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад.

 

Мансурова Мунзифа Акмаловна

и.в. муаллими калони кафедраи таърих ва диншиносӣ

 

You might also like