ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ ВА ТАЪСИРИ ОН БА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ
Муаммои бегонапарастӣ дар ҷомеаи муосири мо ба яке аз муаммоҳои мубрами замон табдил ёфтааст, ки аҳли ҷомеаро ба ташвишовардааст ва моро водор мекунад нисбат ба ин падидаҳои номатлуб бетараф набошем ва дар мубориза бо паҳншавии урфу одатҳои бегона якҷоя мубориза барем.
Муаммои бегонапарастӣ дар ҷомеаи муосири мо ба яке аз муаммоҳои мубрами замон табдил ёфтааст, ки аҳли ҷомеаро ба ташвишовардааст ва моро водор мекунад нисбат ба ин падидаҳои номатлуб бетараф набошем ва дар мубориза бо паҳншавии урфу одатҳои бегона якҷоя мубориза барем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъала таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, борҳо қайд намудаанд, ки бегонапарастӣ ва тақлид ба фарҳанги бегона яке аз падидаҳои номатлуб дар ҷомеаи муосири кишвари мо маҳсуб мешавад ва сарвари давлат ин нуктаро махсусан таъкид кардаанд: «Сиёсатмадорон, фарҳангшиносон ва зиёиёни моро зарур аст, ки дар самти фаҳмонидани моҳияти равандҳои муосир, мубориза бар зидди хурофот ва реакционерҳо ва тақлид ба расму ойинҳои бегона дар ҷомеа, амалӣ намудани рисолати сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии худ дар назди мардум ва Ватан корро пурзӯр намоянд». Бояд зикр намуд, ки бегонапарастӣ ва тақлиди кӯр-кӯрона ба урфу одатҳои бегона хоси мардуми тоҷик нест ва дар раванди ҷаҳонишавии фарҳангӣ ба наслҳои оянда таъсири бад мерасонад. Дар ҷомеаи мо нафароне кам нестанд, ки бо либоси худ ба фарҳанги бегона такя мекунанд ва аз арзишҳои миллии худ берун мераванд. Воқеан, ин рафтори онҳо, агар аз як сӯ аз суннатҳои либоспӯшии суннатии ниёгонамон огоҳ набошанд, аз сӯи дигар, бемасъулиятии комили онҳо дар либоспӯшӣ арзёбӣ мешавад. Агар ба марҳалаҳои гуногуни таърихи ҷомеаи мо назар андозем, либоси занони тоҷик ҳеҷ гоҳ тақлиди кӯр-кӯрона ба ормонҳои динҳои гуногун набуд, баръакс, либоси миллии тоҷикон як падидаи арзишманде аст, ки ҳувияти миллии моро таъкид менамояд. Бо мақсади омӯхтани сабабу омилҳои либоси ғайримиллӣ пӯшидани занону духтарони мо аз тарафи коршиносон тадқиқоти социологӣ гузаронда шуд. Таҳлили натиљаҳои таҳќиќот нишон медиҳад, ки сабаби асосии майли занону духтарони мо ба пўшидани либоси ѓайримиллӣ таќлид ба мӯди ин гуна либосҳо (34,8%) ва нишон додани диндории онҳо (6,3%) мебошад. Аз ин бармеояд, ки пӯшидани либоси ғайримиллӣ на ба эътиқоди динӣ (6,3%) ва на эҳсоси роҳат (5,1), яъне пӯшидани ин либос аз рӯи ҳавас ва тақлид аст ва ҳеҷ фоидаи воқеӣ надорад. Таъсири волидайн ва наздикон дар интихоби либос барои занону духтарон (асосан ҳиҷоб) хеле кам аст, ки онҳо худашон ин гуна либосҳоро бартарӣ медиҳанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бештари заноне, ки ба сафари ҳаҷ ё умра мераванд, пас аз бозгашт либосҳои бегона ба бар мекунанд, то худро аз дигарон фарқ кунанд ва ба як василаи таблиғот табдил шаванд. Тақлид ба либоси бегона, яъне пӯшидани либоси бегона як мушкили муҳимми ҷомеаи мост. Бегона шудани одоб ва расму оин дар либос, бегонагии фарҳангӣ аст, ки истиқлоли ақлонӣ ва ҳувияти милливу фарҳангии як миллатро коста месозад. Имрўз воќеият ин аст, ки ҳар як миллат вобаста ба фарҳангии худ намунаҳои хоси рафтору кирдор ва суннатҳои сару либос дорад, ки инъикоскунандаи арзишҳои моддию маънавии гузаштаи таърихии он буда, бо забону фарҳанг ва сабки либосаш эътироф мешавад. Тӯли солҳои зиёд занони тоҷики мо низ сабки либоси миллии худро доштанд ва онро ҳамчун мерос ба мо гузоштаанд, ки ҳар яки онҳо дар баробари зебоӣ ва рангубор меъёрҳои ахлоқию динии мардуми бостонии моро инъикос мекарданд; Аз ин лиҳоз, барои ҳифзи ҳувият ва арзишҳои миллӣ мо бояд аз ворид шудани либосҳои ба истилоҳ мазҳабӣ, вале ба расму оин ва фарҳанги мо бегона пешгирӣ карда, бо он муборизаи беамон барем. Дар тули асрҳо маданияти миллӣ, махсусан либоси миллии мо зебоию шукуҳи худро гум накарда тобишҳои нав пайдо кардааст. Дар тӯли садсолаҳо шукӯҳу зебоии либосҳои миллии тоҷикӣ марзҳоро убур карда, дили кишварҳои Осиё, Африқо, Амрико ва Аврупоро тасхир кардааст. Созмони Милали Муттаҳид, ЮНЕСКО ва Хонаи фарҳанги ҷаҳонӣ дар Порис бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавоҳироти тоҷиконро яке аз ёдгориҳои нодири фарҳангии ҷаҳон донистанд. Ташвишовар аст, ки солҳои охир занону духтарони мо ба фарҳангҳои бегона рӯ овардаанд. Аз ҷумла, тақлид ба шеваи либоспӯшии занони эронӣ ва туркӣ, ки вориди бозорҳои мо шуданд. Ҳадафи мо аз байн бурдани ин анъанаҳои либоспӯшии мардуми бегона ва таблиғ кардани услуби миллии либоси тоҷикӣ мебошад. Имрўзҳо ҳар яки моро зарур аст, ки барои ҳифзи фарҳанги миллӣ ва ба наслҳои оянда интиќол додани он саҳми худро гузорем ва ҳамчунин нагузорем, ки либоси ҳар миллати бегона ба фарҳанги ғании аҷдодони мо ворид шуда, боиси аз байн рафтани фарҳанги миллии мо гардад.
Қурбонова Шоира муаллими калони кафедраи маркетинг – агробизнес, ДДҲБСТ