Масоили муқовимат бо таҳдидҳои терроризму экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифротгароӣ ҳамчун феномен, ки дар асрҳои охир хеле такмил ёфтааст, барои ҷомеаҳои гуногун, бахусус дар кишварҳои рушди рӯ ба тараққӣ, мушкилиҳои зиёдро ба вуҷуд овардааст. Ташкилот ва созмонҳои ифротгаро бо истифода аз технологияи муосир ва стратегияи муваффақ, барномаҳои худро пеш мебаранд, ки ин ба таърихи ин падида ва таъсири он ба ҷомеа вобаста аст. Масъалаи муқовимат ба ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ (ифротгароӣ) дошта ва тартиби баррасии парвандаҳои ҷиноятии номбурда бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм (ифротгароӣ), Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мурофиаи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналмилалии зерини аз тарафи Тоҷикистон эътирофшуда ба танзим дароварда шудаанд:

* Эъломияи умумии ҳуқуқи башар (соли 1948);

* Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқҳои гражданӣ ва сиёсӣ (соли 1966)

* Конвенсияи байналхалқӣ дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъизи нажодӣ (соли 1965);

* Эъломияи Ассамблеяи генералии СММ дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои тоқатнопазирӣ ва табъизи (дискриминатсия) ҳуқуқ дар асоси дин ё ақида (соли 1981);

* Конвенсияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар бораи ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон (соли 1995);

* Конвенсияи Шанхай дар бораи мубориза зидди терроризм, сепаратизм ва экстремизм (соли 2001).

Экстремизм – ин изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба даъвати нооромӣ, дигаркунии сохти конститутсионӣ ва давлат, ғасби ҳокимият ва азонихудкунии салоҳияти он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабӣ мебошад. Ташкилотҳои ифротгароӣ асосан дар асоси як идеологияи муайян фаъолият мекунанд, ки одатан идеологияи динӣ, сиёсӣ ё фарҳангӣ мебошад. Ин идеологияҳо аксар вақт ба дунёбинӣ ва муносибатҳои инсонӣ таъсир мерасонанд. Ташкилотҳо барои расидан ба ҳадафҳои худ роҳҳои гуногуни амалро истифода мебаранд, аз ҷумла терроризм, хушунат ва амалҳои ғайриқонунӣ. Созмонҳои экстремистию террористӣ ҷиҳати ба сафҳои худ ҷалб намудани ҷавонон, аз ҷумла тавассути ҷустуҷўи аъзои нав бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолияти густурдаи ташвиқотию тарғиботӣ мебаранд. Ҷавонон ҳамчун мақсади асосии ташкилотҳои ифротгаро шинохта мешаванд, зеро онҳо одатан осебпазир ва ба тағйирот роҳат мебошанд.

Таҳлилҳо  нишон медиҳанд, ки таҳдидҳои экстремизм ва терроризм  дар марҳилаи кунунӣ ба  омилҳои зерин асос ёфтаанд:

– тарғиби ғояҳои экстремизм ва терроризм тавассути шабакаи интернет, ҷалбкунии ҷавонон ба сафи ташкилотҳои байналмилалии экстремистию террористӣ, кўшишҳои аз ҷониби ин ташкилотҳо тарҳрезӣ ва амалӣ намудани амалҳои террористӣ дар ҳудуди Тоҷикистон;

– аз ҷониби гурўҳҳои тундрав истифода бурдани низоъҳои байнимазҳабии солҳои охир дар ҳудуди кишварҳои дигар рухдода ва дар сатҳи байналмилалӣ мавриди вокуниш қарор нагирифтани онҳо ҳамчун баҳона барои даъват ба якдилии мазҳабӣ ва муттаҳид шудан дар атрофи ғояҳои ин ташкилотҳо;

–  таҳти таъсири ташкилотҳои экстремистию террористӣ қарор гирифтани  шаҳрвандони дар муассисаҳои таҳсилоти динии хориҷӣ  таълимгиранда, инчунин муҳоҷирони меҳнатӣ дар кишварҳои будубоши онҳо;

– наздикии ҷуғрофӣ бо кишварҳое, ки дар онҳо низоъҳои ҳарбӣ бо иштироки гурўҳҳои тундрави динӣ идома доранд, дар қаламрави онҳо ҷойгир шудани пойгоҳҳои тайёркунии ҷангиёни ташкилотҳои террористие, ки қасди ба ҳудуди кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон паҳн намудани фаъолияти худро доранд.

Доир ба гуфтаҳои боло ба чунин хулоса омадан лозим аст, ки мақсади асосии муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионӣ, тамомияти арзии давлат, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти ҷамъиятӣ, ҳифзи аҳолӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз таҳдидҳои экстремистӣ ва  террористӣ  мебошанд. Мақсадҳои номбаргардида бояд тариқи амалӣ намудани чорабиниҳои хусусияти ташкилӣ-ҳуқуқӣ, профилактикӣ ва ҳуқуқтатбиқкунӣ, санадҳои дигари сиёсию ҳуқуқӣ ва дастурҳои бо дарназардошти эҳтиёҷоти  мубориза бо экстремизм ва терроризм қабулшаванда пешбинӣ шудаанд, ба даст оварда шуда, мебояд ҳамзамон тамоми ҷомеаро фаро гирифта, ба уҳдадориҳои марбут ба ҳуқуқи байналмилалӣ, аз ҷумла стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳуқуқи байналмилалии инсондўстӣ ва стандартҳои озодӣ аз табъиз мувофиқат намоянд.

Вазифаҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар марҳилаи кунунӣ баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти давлатӣ, тақвияти ҳамкориҳои онҳо бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар самти коҳиш додан, кам ва паст намудани хавфу таҳдиди терроризм, инчунин тақвияти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва таъмини волоияти қонун ба ҳисоб меравад.

 

Ахмедов Нарзуллохон Иззатуллоевич

н.и.ҳ., дотсенти кафедраи ҳуқуқи

ҷиноятӣ, криминалистика ва пешгирии

коррупсияи ДДҲБСТ

You might also like