МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОН БАҲРИ ПЕШГИРИИ ҶИНОЯТ

Ба амнияти миллии ҳар як давлат, пеш аз ҳама, қувваҳои моҷароҷу ва террористӣ таҳдид менамоянд. Оқибатҳои фоҷианоки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои таърихи навини худ аз cap гузаронидааст. Ба шумораи чунин таҳдидҳо метавон экстремизм, ҷиноятҳои муташаккилона, коррупсия, гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва як қатор дигар тамоили номатлубро, ки метавонанд ба амнияти давлат ва ҷамъияти мо зарар оваранд, ворид намуд.

Рушди ҷиноятҳои муташаккилона, махфинигоҳдории ҳаракатҳои гуруҳҳои ҷинояткор, дараҷаи баланди таҷҳизоти техникии онҳо, давлату мақомотро водор месозад, ки роҳҳои нави ҳуқуқии мубориза бар зидди ҷинояткориро пайдо намуда, воситаҳои мавҷуда ва усулҳои пешгирӣ намудани ҷиноятро пурзӯр намоянд.

Бунёди давлати демократию дунявӣ ба давлати соҳибистиқлоламон, баландравии дараҷаи тафаккури ҳуқуқии шаҳрвандон ва ҷамъият низ ҳаминро талаб менамояд. Аз ин ҷост, ки сарвари давлат дар ҳар як маърўзаю гузориш ва суҳбатҳояшон бо аҳли ҷомеа аз устувории қонуният ва таъмини волоияти қонун сухан карда, таъкид мекунад, ки: «… раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад»[1].

Таъмини волоияти қонун дар фаъолияти ҳамаи зинаҳои ҳокимият ва иҷрои бечунучарои талаботи қонун аз тарафи ҳамаи шаҳрвандон ва мақомоти давлатӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Бе ташаккули шуури ҳуқуқӣ ва тафаккури таҳлилию созанда, риояи талаботи қонун ва дарки моҳияти ҳуқуқу уҳдадориҳо аз ҷониби шаҳрвандон ғайриимкон мегардад.

 

Баланд бардоштани сатҳи маърифат ва шуури ҳуқуқии аҳолӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз самтҳои муҳими сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва ҳамчун фаъолияти мақомоти давлатӣ, муассисаҳо, ташкилотҳои ҷамъиятию сиёсӣ, шаҳрвандон оид ба муайян намудани мақсадҳо, вазифаҳо, афзалиятҳо, воситаҳо, шаклҳои тарбияи ҳуқуқӣ баромад намуда, тавассути таъмини сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ, тарғиби ҳуқуқӣ, дар байни аҳолӣ бояд амалӣ гардад. Бо мақсаде, ки имрўза, такопўи ҷаҳонии, хатархои ҷаҳони муосир рў ба рў шудааст, ҳамеша ба назму тартиб, сулҳу субот, тинҷиву амният ниёз дорад.

Бояд иброз намуд, ки дар ҳар як сохти давлатдорӣ, қувва ва унсурҳое ҳастанд, ки дар чоҳорчўбаи конун ва тартиботи муқаррарнамудаи давлату хукумат зиндагӣ кардан намехоҳанд. Тақвият бахшидани корҳои фардии тарғиботӣ ва ташкили чорабиниҳои итилоотию маърифатӣ низ баҳри фаъолгардонии нақши ҷавонон дар ҷомеа аҳамияти муҳим дорад.

Ҳамин тариқ, таҳлили равандҳои сиёсии муосир нишон медиҳад, ки вобаста ба имконияти фарохи истифодаи василаҳои гуногун, аз он ҷумла техникӣ ва иттилоотӣ, суръат ва моҳияти онҳо куллан тағйир ёфта истодааст. Аз ин рӯ, пешгирии таъсири манфии онҳо ба ҷавонон ва ҷалби онҳо амри зарурист.

Бо мақсади ҷорӣ намудани амният, тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирӣ намудани қувва ва унсурҳои номатлуб, дар ҷомеа бояд худи ҷомеаи шаҳрвандӣ мубориза бурда, баҳри таъсир накардани хавфу хатар ба вазъи криминогенӣ, вазъи нобасомони минтақаҳои хориҷи дур, сиёсати давлатхои ғарб, афзудани хатарҳои ҷаҳонӣ, тақозо дорад, ки дастовардҳои ниёгон, фарҳанги миллӣ, дар заминаи маърифати ҳуқуқӣ ҳаматарафа нигоҳ дошта, дар ҳаёти осудагии мардуми кишвар нигоҳ дошта шаванд.

 

[1] Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”. Ҳафтаномаи “Мароми пойтахт” №1 (779) аз 3.01.2024. – С. 7.

 

Муаллими калони кафедраи

ҳуқуқи судӣ ва назорати

прокурорӣ Кабирзода Г.Қ.

You might also like