Баъзе андешаҳо оид ба мафҳум ва мазмуни ватандўстӣ ва худшиносии миллӣ

       Бояд гуфт, ки худшиносии миллӣ, ҳисси ватандўстӣ ва садоқат ба Ватан ибораҳое мебошанд, ки дарки маънии он барои ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ вазифаи ҷонӣ мебошад.

Ватандӯстӣ, меҳандӯстӣ, ватанпарварӣ — принсипи ахлоқию сиёсӣ ва ҳисси иҷтимоӣ, мазмуни аслиаш меҳру муҳаббат ва садоқат ба Ватан ва омода будани инсон ба боло гузоштани манфиатҳои ӯ аз манфиатҳои шахсии худ мебошад. Ватандӯстӣ муносибати ҳиссӣ нисбат ба Ватан буда, дар хидмат кардан ба Ватан ва муҳофизат намудани он ифода меёбад.

Таърихи ташаккули ин падида исботи он аст, ки нишонаҳои ватандӯстӣ дар ҷамъияти ибтидоӣ пайдо шудаанд. Бо мурури замон ҳисси дилбастагӣ ба замин ва забони худ бо дарки вазифаҳои шаҳрвандӣ дар назди ҷамъият пайваст гардид. Кӯшиши одамон барои инкишоф додани ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ватани худ, ҳифзи он аз истилогарони хориҷӣ нишонаи барҷастаи ватандӯстӣ аст. Ифтихор намудан аз дастовардҳо ва фар­ҳан­ги ватани худ, бо хоҳиши худ маҳфуз нигоҳ доштани хислат ва хусусиятҳои фарҳангии он, ҳимояи манфиат­ҳои Ватан ва халқи худ сифатҳои беҳтарини ватандӯстӣ мебошанд. Дар шароити бавуҷудоии миллатҳо ва давлат­ҳои миллӣ, ватандӯстӣ қисми таркибии шуури ҷамъиятӣ, инъикоскунандаи инкишофи омилҳои умумимиллии он мегардад. Ватандӯстӣ дар ҳамаи давру замонҳо яке аз хислатҳои неки инсоният ба шумор меравад.

Дар ҳақиқат мавзўи ватандўстӣ, худшиносии миллӣ ва арҷ гузоштан бар арзишҳои олии кишвар аз ҷумлаи мавзўъҳои муҳимми раванди таълиму тарбия ба ҳисоб рафта, тадриси он вазифаи аввалиндараҷа ва муқаддаси ҳар як шаҳрванд ба ҳисоб меравад. Имрўз дар робита ба ин масъала Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус дорад ва таълими ин масъала дар тамоми сохторҳои илмию таълимӣ, ба роҳ монда шудааст. Хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ, ҳимояти марзу буми кишвар ва нигоҳ доштани оромиву осудагии мамлакат низ аз худшиносӣ, худогоҳӣ ва садоқат ба давлату миллати ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дарак медиҳад. Бояд ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ барои абадӣ пойдор мондани сулҳу ваҳдат дар ҷомеа ва Истиқлолият дар Ватани азизамон саҳмгузор бошад. Дар замоне, ки гурўҳҳои ифротгаро ва найрангбоз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷавононро ба ҳар навъ ҳаракатҳои террористӣ ва ниҳоят номатлуб роҳандозӣ мекунанд, вазифаи ҷавонон зиракии сиёсиро аз даст надода, шомил шудан ба ин гурўҳҳоро инкор кардан аст.

Маънидод кардани ин ибораҳо ба соатҳои зиёд ниёз дорад. Имрўз худшиносии миллӣ, ҳисси ватандўстӣ ва садоқат ба Ватан яке аз пояҳои муҳимми давлату давлатдорӣ ба ҳисоб меравад. Чунки давлат бе миллат буда наметавонад ва дар ин баробар миллате, ки худро нашиносад, ба арзишҳои миллии худ эҳтиром надошта бошад, он миллат соҳибдавлат буда наметавонад. Ҳамин ҳисси ватандўстӣ буд, ки миллати мо ба ҳеҷ як мушкилӣ ва фиребу найранги ашхоси бегона нигоҳ накарда, ваҳдати миллиро дар кишвар пойдор намуд. Аз ин рў, тарғиби ҳамешагии ин мафҳумҳо барои насли ҷавони кишвар аз манфиат дур нест.

Тавре Пешвои миллат изҳор доштанд: «Дар замири ҳар як фарди ҷомеа тарбия кардан ва таҳкиму тақвият бахшидани ҳисси баланди ватандўстиву ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои маънавӣ ва муқаддасоти миллӣ яке аз омилҳои муҳимми пойдории давлати соҳибистиқлол мебошад»

Санавваров Ғолибҷон Бақоевич., н.и.ҳ.,

дотсент., и.в. мудири кафедраи

 ҳуқуқи конститутсионии ДДҲБСТ

 

You might also like