Ғуломони хоҷагони хориҷӣ, даъвои озодӣ мекунанд

Чанде қабл тавассути сомонаҳои интернетӣ як мақолаи пурмазмунеро, ки аз ҷониби  таҳлилгари бошгоҳи сотсиологии «Шарқи озод» бо номи «Сафари Пешвои миллат ба Аврупо бозгӯкунандаи қудрати миллати тоҷик аст», рўи чоп омада буд муҳокима намуда арз менамоем, ки Тоҷикистони муосир аз сиёсати пешгирифта ва сулҳҷўёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша фахр менамояд ва ҳар гуна кинаву адоват, кибру ғурури беасоси ҳоинони ватанро маҳкум менамояд.

Аз мушоҳидаҳо ба хулоса омаданамон мумкин аст, ки ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти динидошта қишри аз ҳама осебпазири ҷомеа – яъне ҷавононро ба таълими ғайрирасмии динӣ ҷалб намуда бо ин васила дар шуури онҳо ақидаҳои ифротгароиро ҷо мекунанд. Ин буд, ки имрўзҳо чанд тан аз беватанон аз хориҷи кишвар кур-курона даъвои озодӣ мекунанд, ҳоло он ки ҳамаи онҳо дар як маъно «беномусон ва гурезагони хоҷагони хориҷӣ» эътироф шудаанд, ки ба ғайр аз иғво ва фиребу фитна ягон коре аз дасти онҳо намеояд. Онҳо аз бекорӣ ва бахилӣ мехоҳанд садди роҳи ҳамкориҳои байналмилалии Тоҷикистон шаванд.

Чунин рафтори онҳо дарак медиҳад, ки сафи аъзоёни наҳзати исломӣ аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳу бесавод пурра шудааст ва гуфтанием, ки бас аст ба номи дини мубини ислом нанг овардани Шумо! Тоҷикистони соҳибдавлатро ҷаҳон мешиносад ва дар ягон маврид Шумо ба мақсади нопоку беасоси худ наҳоҳед расид!

Изҳороти омўзгорони кафедраи

 ҳуқуқи гражданӣ ва меҳнатӣ

You might also like