Идеали сиёсии мо ваҳдати миллист!
Тоҷикону тоҷикистониён дар шахси вакилони худ дар Иҷлосияи XVI Шӯрои олии мамлакат интихоби дурусту бехато карда, сарнавишти миллат ва давлати тоҷиконро ба дасти ҷавони ватандўст, ҷасур ва хирадпеша Эмомалӣ Раҳмон супорид.
Маҳз ба сари қудрат омадани фарзанди баномус ва сиёсатмадори ҷавон Эмомалӣ Раҳмон нуқтаи ифтитоҳи наҷоти Тоҷикистон ба вуқуъ пайваст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо рисолати таърихии барқарор кардани сулҳу осоиш сарварии мамлакатро бар дўши худ гирифта буд, аз аввалин рўзҳои фаъолияташ роҳи расидан ба мақсудро дар муколама ва муносибати сулҳомез бо тамоми неруҳои сиёсии мамлакат муайян намуд. Дар яке аз аввалин изҳороташ ба сифати усули аслии фаъолияти роҳбарияти Тоҷикистон иброз намуда буд: «Идеали сиёсии мо ваҳдати миллӣ аст. Мо ягон масъалаи принсипии аслии ҷомеамонро бо роҳӣ зўрӣ ва аз тариқи набарди мусаллаҳона ҳал карданӣ нестем. Муроду мақсадамон бунёдкорӣ асту бас». Марде буд, ки дилсӯхтаи баҳри халқ таҳдиди куштан шуниду натарсид аз маргаш, мардумро сарҷамъ мекард, биё тоҷик ватан хонаи шумо ҳаст гуфта, ҳарф мезад. Чи қадар мушкилу хатарнок буд ҳамон солҳо. Бо вуҷуди ин қадар нотинҷию нооромиҳо бо тадбирҳои хирадмандона ва матонату ҷасорати фавқулода кишвари азизамонро аз вартаи фалокат ва ҳалокат берун овард, мардуми парешонро сарҷамъ намуд ва садҳо ҳазор ғурбатзадагонро ба ватан баргардонид. Бо иродаи Сардори давлат дар як муддатӣ кӯтоҳ харобаҳо ба ободӣ табдил ёфта, иншоотҳои азим ба вуҷуд омадаанд, барои ба ҳам пайвастани тамоми гӯшаву канори мамлакат шоҳроҳҳо кушод, барои робита бо кишварҳои хориҷӣ роҳҳои бузурги мошингард сохта шудаанд. Муҳимтарин комёбиву дастовардҳои кишвари азизи мо Ҷумҳурии Тоҷикистон аз натиҷаи меҳнатҳои шабонарӯзӣ ва иқдомҳои фидокоронаву қаҳрамононнаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳаммаслакони содиқаш мебошад, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ ҳамчун давлатӣ соҳибистиқлол, демократӣ ва дунявӣ мавқеи хосерро сазовор гашт. Бузургтарин дастоварди миллати мо ин пеш аз ҳама, барқарор кардани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар сартосарии Тоҷикистон мебошад. Тавассути таъмини сулҳ ва ваҳдати миллӣ ҳамчунин барои гузаштан ба барқарорсозии иқтисодиёт оғози корҳои созандагию бунёдкорӣ заминаи хеле боэтимод гузошт.
Доимо дар баромадҳояшон Сарвари давлат таъкид менамоянд, ки густариши равобити ҳамаҷониба бо давлатҳои Аврупо дар сиёсати хориҷии мо ҷойгоҳи хосса дошта Тоҷикистонро яке аз кишварҳои дӯст, шарики муҳим ва боэътимоди худ дар арсаи байналмилалӣ медонад. Яке аз муҳимтарин соҳаҳои равобити Тоҷикистон бо Аврупо ин ҳамкорӣ баҳри рушд мебошад.
Имрўз Тоҷикистон узви созмонҳои бонуфузи минтақавӣ ва байналмилалӣ буда, тақрибан бо 150 мамлакати дунё муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва дипломатӣ ба роҳ мондааст. Дар саргаҳи пайванди Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҷаҳони имрўз шахсияти муҳташами Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт. Ин пайванд буд, ки номи тоҷик ва забони тоҷикӣ аз баландтарин минбарҳои ҷаҳон садо дод, ливои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар пойгоҳи бонуфузтарин созмонҳои дунё партавафшонӣ кард. Ба шарофати ҳамин пайванд аст, ки имрўз ҳамкориҳои пайванд бо созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ: Созмони Миллали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ғайра дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи хосса пайдо намуда, аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ гардид. Дар марҳилаи нави бунёди давлати ҷавони Тоҷикистон тақдири баланди миллати куҳанбунёди тоҷик дар симои шахсияти беназири таърихӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон олитарин сифатҳои адолати инсонӣ бузургдилию шуҷоат, раҳму шафқат ва қобилияти нотакрори ваҳдатофариро ато кард ва маҳз ҳамин ҳамоҳангӣ ҷомеаро ба сатҳи баланди хештаншиносӣ расонид.
Аммо гурӯҳе аз хориҷи мамлакат истода, нисбати дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мо суханҳои носазо ва иттилоотҳои бардурӯғро паҳн менамоянд. ТЭТ ҲНИ чун ҳзби ифротӣ шинохта шудааст, акнун бар рӯи сиёҳи худ ниқоби нав ба бар намуда, худро ҳомии озодӣ ва демократия унвон додааст. Ташкилоти дигари ифротии онҳо Паймони миллӣ иддаое паҳн намуда, ки гуё онҳо Пешвои миллати моро дар Аврупо пешвоз мегиранд. Аммо ба пешвозҳои ифротии хоинон касе тарафдор нест. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз худ қаҳрамонтарошӣ намуда, худро дар нақши ҳомии адолат меҳисобанд. Лек аз таъриху гуноҳҳои содиркардаи худ бехабаранд.
Осимова З.О. – устоди кафедраи ҳуқуқи
судӣ ва назорати прокурории ДДҲБСТ