Густариши ҳамкориҳои байналмилалии ДДҲБСТ дар доираи барномаҳои байналмилалии Фулбрайт
Санаи 31 августи соли 2024 бо ташаббуси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва дастгирии бевоситаи ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, тибқи барномаи бонуфузи байналмилалии Фулбрайт (Fulbright specialist program), доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷон Шчембари аз Донишгоҳи Фордҳами ИМА, ҷиҳати рушди ҳамкориҳои байналмилалии донишгоҳамон ва МТОК- и Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ташриф овард. Меҳмонро ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ Ҳошимзода Ҳ.Ҳ. ва муовинони ректору шахсони масъул пазироӣ намуданд. Зимни мулоқоти судманд масъалаҳои рушди муносибатҳои байналмилалии донишгоҳ дар самти такмили ихтисоси омӯзгорон, ҷиҳати ворид шудан ба доираи донишгоҳҳои ТОП-1000 МТОК хориҷи кишвар баррасӣ гардиданд. Профессор Ҷон Шчембари ба ректори донишгоҳ барои пазироии гарму самимона изҳори миннатдорӣ намуда ваъда дод, ки барои баланд бардоштани сифати таълим, маҳорату малакаи педагогии омўзгорони донишгоҳ ва табодули таҷриба саҳм мегузорад.
Дар нақшаи якмоҳаи сафари кории профессор Ҷон Шчембари гузаронидани тренингҳо, мастер-классҳо, презентатсияҳо оид ба иштирок ба барномаҳои байналмилалии Фулбрайт, Эрасмус+, мизҳои мудаввар ва вохӯриҳо бо омӯзгорон ва донишҷӯён пешбинӣ гардидааст.
Бояд хотиррасон намуд, ки донишгоҳ соли 2023 бо Донишгоҳи Эгейи Ҷумҳурии Юнон Созишнома имзо намуд, то омӯзгорони донишгоҳ дар барномаи мазкур имконияти иштирок пайдо намоянд.
Аз ҷумла, санаи 01.09.2024 муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Бобоҷониён Д.Д. ҷиҳати иштирок аз рўйи барномаи байналмилалии Эрасмус+ ба Донишгоҳи Эгейи Ҷумҳурии Юнон сафари корӣ намуд.
Аз рўйи лоиҳаи байналмилалии Эрасмус+ байни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Донишгоҳи Полша, барои табодули байналмилалии академии омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳамон Созишнома дар назар аст.
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дастуру ҳидоятҳои муҳтарам Пешвои миллатро оид ба густариш додани ҳамкориҳои байналмилалӣ дастгирӣ намуда, барои рушди он саҳми босазо гузошта истодааст.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа