Оғози соли нави таҳсил дар ДДҲБСТ
Имрӯз, 01 сентябри соли 2024 дар саросари кишвари азизамон соли нави таҳсил оғоз шуд. Ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол намудани соли хониши нав омодагӣ диданд.
Дар чорабинии мазкур муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ ва муовини раиси шаҳри Хуҷанд Муяссара Қаҳҳорӣ иштирок намуда, номаҳои шодбоши раисони вилояти Суғду шаҳри Хуҷандро ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ ба самъи иштирокчиён расониданд.
Сипас, ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ Ҳошимзода Ҳомид иштирокчиён, корманду устодон ва донишҷӯёнро бо оғози соли нави таҳсил шодбош намуда, иброз кард, ки имсол, Рўзи дониш ва Дарси сулҳ дар фазои бошукўҳи идона аз таҷлили накўтарин ҷашнвораҳои миллату давлатамон – сию сеюмин солгарди Истиқлоли давлатии кишвари азизамон қайд карда мешавад. Ҳамасола, бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор шудани Рӯзи дониш рамзи арҷгузорӣ ба илму дониш маҳсуб ёфта, ин падидаи нек ба сӯи омилҳои тақдирсози давлату миллат – хираду маърифатпарварӣ ҳидоят менамояд.
Дар чорабинӣ донишҷӯёни соли аввал баромад карда, аз шароиту имкониятҳои фароҳамгардидаи таҳсил дар донишгоҳ васф намуданд ва ваъда доданд, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил карда, забонҳои хориҷиро меомӯзанд ва мутахассисони варзидаву соҳибтахассус гардида, саҳмашонро ба рушди минбаъдаи Ватани азизи хеш мерасонанд.
Сипас, ба донишҷӯёни соли аввал, ки соҳиби холҳои баландтарини Маркази миллии тестӣ гардида ба ДДҲБСТ дохил шудаанд, Сипосномаҳои раёсати донишгоҳ тақдим карда шуд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа