Дарси намунавӣ бо усули муосир
Бо усули нав, мақсаднок ва бо сифат ба роҳ мондани таълими фанни технологияи информатсионӣ ба демократикунонию гуманизатсиякунонии таҳсилот такони ҷиддӣ мебахшад. Аз тарафи омўзгорони соҳибтаҷриба ташкили дарсҳои кушоду намунавӣ бо усулҳои наву мақсаднок, интиқоли таҷриба ба мутахассисони ҷавон дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мунтазам роҳандозӣ мешавад.
Санаи 05.11.2019 дотсенти кафедраи технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ ва барномарезӣ Ғаюров Ҳаким Шарифович дар мавзӯи “Мафҳуми дохилкунӣ, таҳриркунӣ ва форматиронии матнҳо дар виросторони коркарди матнҳо” аз фаннӣ технологияи информатсионӣ барои муҳассислини бахши аввали ихтиоси 1-40.01.01-02-системаҳои автоматикунонидашуда дарси намунавии лексионӣ доир намуд. Дарс тариқи онлайн, тибқи талаботи дарси муосир ба роҳ монда шуд. Бахусус, дар ҳар як қисмати дарс: баёни мавзўи нав, мустаҳкамкунӣ, кори мустақилона, санҷишу баҳогузорӣ, тарзи корбарии омўзгор бо хонандагони сустхон, супориши вазифаи хонагӣ, ҳавасмандкунии хонандагон методҳои мувофиқ интихоб ва истифода шуданд.
Ҳамзамон, аз тарафи устод усулҳои фаъоли таълим, дар мисоли лексия-дидактика ва лексияи бинарӣ истифода гардид. Донишҷӯён вобаста ба нақшаи мавзӯъ бо тарзи амалӣ барномаҳо таҳия карданд, ки аз алоқамандкунии донишҳои назариявӣ бо амалия дар раванди машғулият шаҳодат медиҳад.
Вобаста ба талаботи дарси муосир ба ташаккули неруи зеҳнӣ ва равонию саҳеҳии нутқи шифоҳии донишҷўён аҳамияти ҷиддӣ зоҳир гардида, мазмун ва мундариҷаи дарс аз нуқтаи назари илмӣ, амалӣ ва методӣ ба хонандагон дастрас гардид. Дар машғулияти лексионӣ, ки 50 нафар донишҷўён иштирок доштанд, бо китоби дарсӣ, КТМ, дастурҳои методӣ ва маводи тақсимотӣ вобаста ба фанни технологияи информатсионӣ пурра таъмин буданд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

