ДДҲБСТ: Ҷамъбасти мусобиқаи футбол барои дарёфти “Ҷоми раёсати донишгоҳ “
Мусобиқаи футбол барои дарёфти”Ҷоми раёсати донишгоҳ”, ки бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон байни кормандон ва устодони донишгоҳ роҳандозӣ шуда буд, ҷамъбаст шуд.
Дар мусобиқаи мазкур шаш даста аз факултетҳои донишгоҳ ва раёсати донишгоҳ иштирок ва байни ҳам рақобат намуданд.
Дар маросими ҷамъбасти мусобиқаи мазкур ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ Ҳомид Ҳошимзода иштирок намуда, иброз дошт, ки ҷиҳати тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш махсусан футбол, ки байни ҷомеа маҳбубияти хоса дорад, чунин мусобиқаҳо минбаъд низ идома дода шавад.
Роҳбари донишгоҳ зимни қадршиносии ғолибон ва бозингарони беҳтарин онҳоро барои пирӯзӣ дар мусобиқаи мазкур табрик карда, медалу диплом ва туҳфаҳои хотиравии раёсати донишгоҳро тақдим намуд.
Дар мусобиқаи футбол барои дарёфти “Ҷоми раёсати донишгоҳ” дастаи факултетӣ ҳуқуқшиносӣ сазовори ҷои якум, дастаи раёсати донишгоҳ мақоми дуюм ва тими факултети технологияҳои инноватсионӣ ва баҳисобгирии бухгалтерӣ сазовори ҷои сеюм гардиданд.
Дастаҳои ғолиб ва бозингарони беҳтарин дар вазъияти тантанавӣ қадршиносӣ шуданд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа