ХУРОФОТПАРАСТӢ ВА ТААССУБКОРӢ ХАЛҚРО БА ГУМРОҲӢ МЕБАРАД

Дар замони муосир ҷомеа раванди бисёр пурдаҳшати сиёсисозии исломро мушоҳида намуда истодааст. Боиси таассуф аст, ки раванди мазкур ба ҷомеаи мо низ таъсири манфӣ мерасонад.

Ифродгароӣ ин пайравӣ ва асос кардани ягон ақида ва амал мебошад. Он аз дигар намудҳои ифродгароӣ бо он фарқ мекунад, ки бо роҳи зӯрӣ тағйир додани сохти давлатӣ ва ғасби ҳокимият, вайрон намудани истиқлолият ва якпорчагию ягонагии давлат равона карда шудааст. Бадбахтӣ дар он аст, ки пешвоёни ин ақидаву хурофотпарастӣ динро асоси фаъолияти худ номида, халқро гумроҳ мекунанд.

Ба муқобили ифродгароӣ бояд ҳам ҷомеа ва ҳам давлат мубориза баранд. Усулҳои мубориза метавонанд гуногун бошанд. Давлат пеш аз ҳама бояд шароити иҷтимоиву иқтисодиеро, ки ба тавлиди ифродгароӣ мусоидат менамояд, бартараф намуда, фаъолияти ғайриқонунии ифродгароёнро пешбинӣ кунад.

Бояд зикр намуд, ки ҷаҳони муосирро талотуми шадиди ифроту террористӣ касб намуда истодааст. Фаъолияти ғайрисозанда, иғвоангезанда ва ғаразҳои таҳрибкоронаи бархе аз ношукрбандаҳо имрӯзҳо сохти давлатдории босуботи аксар давлатҳои рӯи оламро муташанниҷ гардонида истодааст. Ҷоиз ба қайд аст, ки ин ҳама фаъолияти ҷангҷӯёнаи гурӯҳҳои террористиву тундгароӣ аз ҷониби тамоми ҷавонони миллати тоҷик, ки сулҳпарвару ватандӯст ва масъулиятшиносанд, маҳкум карда мешавад ва тарафдори ҷиддии қатъ карда шудани фаъолияти чунин ташкилоту ашхосе ба монанди хиёнаткорони Ватан ҳастанд.

Дар охири асри гузашта халқи азияткашидаи тоҷик бо амри таърих соҳиби давлати мустақилу комилҳуқуқ гардид. Фарзандони сарсупурдаи миллат бо дарки воқеии таҳдиди хатари нобудшавии миллату мамлакат бар зидди ҷанги бемаънӣ, ҷудоиандозии минбаъдаи халқи дар асоси сиёсати нажодкушии тӯлонии душманон камшумор гаштаи тоҷик ба по хестанд. Ин роҳи ваҳдат ва ягонагӣ, роҳи худшиносии миллӣ, роҳҳои омӯзиши таърих, фаро гирифтани осори гаронбаҳои аҷдодӣ ва рушду такомул додан ба маънавиёти худ мебошад. Аз бостон то имруз аксари шахсони маъруф ё маҳбуби таърихро хоҳе шоҳ бошад хоҳ сарлашкар ва ё аз аҳли илму фарҳанг, вазъу норасогиҳои мураккаб ва тақдирсозии кишвараш аз роҳи мубориза ва дорои ифтихордории миллӣ ва ватанпарастӣ ба майдони шӯҳрат овардааст.  Ин рафтор ҷасорат ва мардонагӣ, як рӯву як забон доштан ва ифтихори бошуҷоатро медиҳад.

Хушбахтона, имруз мардумони сарфароз ва хушиқболи миллати тоҷик шукр аз он мекунад, ки Ватани соҳибистиқлоли мо Тоҷикистон ободу зебо гардида, мардумонаш хушу хуррам ва осуда зиндагӣ доранд. Бо иқдомҳои пайгирона ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат дар кишварамон як қатор иншооти сратегӣ, аз қабили шоҳроҳҳо, нақбҳо, роҳҳо, нерӯгоҳҳои барқи обии хурду миёна, қасрҳои фарҳангӣ, боғу гулгаштҳо таъмиру сохта ба истифода дода шуда истодаанд. Диёри азизамон Тоҷикистон зебову назаррабо ва аз диди ҳар як нафари ватандӯст ба биҳишти руи замин табдил гардидааст.

 

  дотсенти кафедраи назарияи

                                                                                   иқтисодӣ Насимова М.А.

 

You might also like