Бегонапарастӣ ва роҳҳои пешгирии ҷавонон аз зуҳуроти номатлуб

Дар солҳои охир таъсиру нуфузи созмонҳои фаромиллӣ-ҷунбишҳои динӣ, гурўҳҳои ифротиву террористӣ бо фарогири ҳар гуна ғояҳои иртиҷопараст ва ифротӣ хеле ба назар мерасанд, ки ҷаҳонро ба такон овардаанд.

Хатари терроризм ва гурӯҳҳои ифротгароӣ яке аз масъалаҳои мубрами замон буда, баҳри пешгирии амалҳои террористӣ, омилҳо ва хусусиятҳои он, тамоми имконият, сабабҳо ва дарёфти роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи терроризм аз ҷониби олимони ҷомеашинос мавриди омӯзиш ва тадқиқи илмӣ қарор гирифтаанд.

Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ радикализми ифротӣ бештар мавқеъгирии мустаҳкам дар Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон низ ҷараёнҳои гуногуни ифротӣ мавқеи худро мустаҳкам намуда истодаанд, ки ин, албатта, боиси таассуф аст. Дар Ӯзбекистон бошад, баъди тағйиротҳои кадрӣ дид ва назари давлатдорони ин кишвар нисбат ба ифротгароии динӣ ба куллӣ тағйир ёфта истодааст, вале решаҳои он дар ин кишвар ҳанӯз ҷой доранд. Масалан, воқеаву ҳаводиси аввали моҳи январи соли 2022 дар Қазоқистон аз он дарак медиҳанд, ки таъсиру таҳдиди созмонҳои ифротӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳанӯз яке аз проблемаҳои асосии минтақа боқӣ мемонад.

Мутаассифона, имрўзҳо бархе аз ҷавонони ноогоҳи кишвари мо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои носозгор шомил шудаанд. Гаравидани ҷавонон ба чунин равияҳои тундггаро бар зидди афкори солимона буда, оқибатҳои нохушу бесомон ба бор меоварад. Ҷавонон бояд бо нерўи тоза ва созанда бар зидди равияҳои ифротӣ аз қабили “Ҳизб-ут-таҳрир”, “Ҳаракати исломии Ўзбекистон”, “Салафия”, “Ансоруллоҳ”, “Толибон”, “Давлати исломии Ироқу Шом”, “Гурӯҳи 24”, “Паймони миллии Тоҷикистон” ва ғайраҳо, муборизаи беамон ва оштинопазир баранд.

Ногуфта намонад, ки айни замон аъзоёни ин гурӯҳҳои моҷароҷӯ ва даҳшатафкан тамоми фаъолияти босамари хешро тариқи Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ тавсеа мебахшанд. Онҳо бо маълумоти бардурӯғ ва беасосу иғвоангез мафкураи ҳанӯз ташаккул наёфтаи наврасону ҷавононро ғалатандеш намуда, талош доранд, ки онҳоро барои расидан ба манофеи сиёсӣ, динию мазҳабии хеш мавриди истифода қарор диҳанд. Таъсиррасонии иттилоотию психологӣ хеле хатарнок мебошад. Чӣ тавре ки донишманд ва бонкдори олмонӣ Натан Майер Ротшилд гуфтааст: “Нафаре, ки иттилоотро ба даст меорад, ӯ ҷаҳонро ба даст хоҳад овард”. Бешак, ин ҳикмати пурмўҳтавост.

Ин гурўҳҳо, ки аз арзишҳои дини мубини Ислом ба коми худ ва ба таври худ чун ниқоб дар ҷодаи расидан ба ҳадафҳои хеш истифода менамоянд, ҷавононро, ки аз дину оини аслии худ бехабаранд, гумроҳ менамоянд. Дини ислом ва моҳияти онро ба ҷавонон нодуруст тафсиру ташреҳ медиҳанд. Бархе ҷавонон дини исломро бо тарзе, ки “хоҷагонашон” шарҳ медиҳанд, ҳамон тавр бидуни ҳеҷ як таҳлилу тадқиқ дастурамали худ қабул менамоянд. Бояд гуфт, ки дар тарбияи насли наврасу ҷавон оила, мактаб ва муҳити иҷтимоӣ таъсири бузурге мерасонанд ва дар асоси таҳлилу тадқиқ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ онҳо соҳиби дониш мегарданд ва ҳамчун шахсият дар ҷомеа мақому манзалати хосаеро касб менамояд.

Воқеаву ҳаводиси ҷаҳони Араб ва Афғонистон шоҳиди ин гуфтаҳост, ки мутаассифона акасари ҷавонони ғафлатзадаи тоҷик низ дар қатори дигар ҷавонҳои миллатҳои мухталиф ба доми ҷангҳои хонумонсўзу харобиовар афтоданд. Онҳо бо андешаи ҷиҳод кардан ба майдони ҷанг азму иқдом менамоянд, аммо дар асл онҳо ба таассуби динӣ дода шуда, фирефтаи найранги сиёсӣ-идеологӣ мешаванд.

Барои пешгирӣ ва нагаравидани ҷомеа ва махсусан қишри ҷавонон метавон чунин пешниҳодҳо ва чораҳоро таклиф намуд:

  • ҷавонон, вақти пурқимати худро беҳуда нагузаронида, бояд ба курсҳои махсуси забономӯзиву ҳунарандӯзӣ ҷалб гарданд;
  • баҳри баланд бардоштани маърифати динӣ-мазҳабии наврасону ҷавонон муассисаҳои таълимӣ, олимону донишмандон ҳар гуна ҳамоишҳои илмӣ, конференсияҳо, мизҳои мудаввар ва сӯҳбатҳои илмӣ баргузор намоянд;
  • дар замони ҷаҳонишавӣ, ки бархӯрди тамаддунҳо ва манфиатҳо ба вуқӯъ мепайванданд мебояд, ки дар тафаккури ҷавонон қобилияти таҳлили иттилоотиро тақвият дода шавад;
  • ҷавонон дар мубориза алайҳи ҷиноятҳои муташаккилона ба мисли терроризму экстремизм, сеператизму радикализми динӣ, кибертерроризм хеле рисолати арзанда ва калидӣ доранд ва онҳо метавонанд боис шаванд, ки ин гуна гурўҳҳо аз байн раванд. Ин ба тафаккури зеҳнии ҷавонон вобаста буда, ташаккулу такомули ҳарҷонибаи ин қишри ояндасози ҷомеа ба илму дониши замонавӣ, тақвияти тафаккури техникӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва динӣ хеле сахт марбут аст. Агар ҳар фарди ҷамъият дорои арзишҳои маънавӣ бошад, ба он арҷ гузорад ва онро пос дорад, итминони комил дорем, ки ў шахси фарҳангсолору некӯкирдор ва созандаву бунёдкор хоҳад шуд.

 

Доктори илмҳои сиёсатшиносӣ,

профессор Акмалова Мунира Абдунабиевна

You might also like