Иттилооти бардуруғи наҳзат

Вақте сухан дар бораи наҳзатиён меравад инсон ғарқи андешаҳо мешавад ва гумон мекунад, ки то ба кай дасисабозиҳо ва гумроҳкуниҳои онҳо, инчунин ба доми фиреб кашиданҳои ҷавонони ноогоҳ хотима меёфта бошад. Ҳангоми рехтани ашки модари бечора, ки фарзандаш фирефтаи наҳзатиҳо шудааст дили инсони ба имон реш – реш мешавад. Чи гуна фарзанди гумроҳ ба ҷои хизмат ба модари бузург, хизмат ба наҳзатиёни хоинро авлотар дониста аз онҳо думболагирӣ кардааст.

Ҳатто аз баҳри модари азизаш, ки ўро бо азобу машаққатҳои зиёд ба воя расонидаасту акнун орзуву ҳавасҳояшро дидан мехост, ки ҷигарбандаш аз вай рў гардонида ба тарафи наҳзатиён рафтааст.

Шахс ба андеша меравад, ки ин чӣ гуна фиребу найранг аст, ки фарзандро бо роҳи фиреб ба сўи худ кашида модарро аз фарзанд ҷудо менамояд. Модари мушвиқ дар мақолаи “Дуои модари фарзандгумкарда” қисса мекунад, ки фарзандаш аз барои намозгузорӣ ба масҷид рафтаасту рафтору кирдораш дигаргун шудааст.   Намозгузорӣ амали фарз аст, лек гуруҳҳои ифротӣ аз минбари масҷид суистифода намуда, ҳамаи намозгузоронро гумроҳ менамуданд.

Наҳзатиён чуноне он ҷавонро ба доми фиреби худ кашидаанд, ки фарзанд модари худро чашми дидан надорад. Оқибат аз наҳзатиён думболагирӣ намуда ба кишвари Русия фирор намудааст. Буд замоне, ки дар ҷанги шаҳрвандӣ роҳбарони мухолифини онвақта мардуми оддиро ваъдаҳои бардурўғ дода онҳоро ба ҳизбашон шомил намуда оқибат дар ҷанги шаҳрванди истифода бурда буданд. Мухолифини имрўза, ки  аз зиндонишавӣ гурехта, тарки ватан намуда дар кишварҳои хориҷӣ таҳти сарпарастии хоҷагони хориҷиашон мисли хизматгорон зиндагӣ доранд.

Ин тоифа шахсон ғурури миллӣ надоранд, ки ба ватан баргарданду мисли дигарон ба ободкориву созандагиҳо ҳамроҳ шаванду  ватанро обод намоянд. Вале хоинони миллат  нангу номус надоранд, ки ба ватан баргарданд, афсўс онҳо на ватан доранду на миллат доранд. Айни ҳол давлати адолатпарвари мо  новобаста аз он, ки шахсони ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ шомилшуда ҳангоми сидқан аз кирдорашон пушаймон шудан онҳоро авф менамояд ва ба зиндагии осоишта раҳсипор месозад.

Вале он гурўҳҳои иғвоангез, ки пешрафту шукуфоии давлати Тоҷикистонро намехоҳанд ва дар кишварҳои хориҷӣ дарвешони беватан шуда гаштаанд.  Наҳзатиён имрўз ҳатто аз сомонаҳои зидди миллӣ тарафдорӣ намуда хабарҳои бардурўғу бешармона ва бадахлоқонаро паҳн намуда истодаанд.

Яке аз чунин сомонаҳои иғвогарона «Востокнюс» мебошад, ки барои наҳзатиёни мухолифин хизмати хирсона мекардааст.  Андеша меравад, ки ин сомонаи ифротиён дар яке аз кишварҳои форсизабони хориҷӣ арзи ҳастӣ доштааст.  Ҳанўз ҳам мухолифин орзуву ният дорад, ки бо ҳар роҳ оромии фазои кишварро халалдор созад ва ҳар чӣ бештар мардумро бо роҳҳои фиребгарона гумроҳ намуда сафи худро зиёд намояд.

Кабирӣ роҳбари ба ном Паймони миллӣ чӣ мақсад дошта бошад ва то ба кай дар хориҷа бе ёди ватан зиндагӣ мекунад. Бояд гуфт, ки мухолифини бешарму ҳаё замоне соҳиби мансабу курсиҳо шуда буданд. Вале аз сабаби он, ки ба мансаб таъиншудагон саводи кофӣ надоштанду бесаводони курситалаб буданд аз ўҳдаи вазифа набаромада зуд ҷойро холӣ намуданд. Масалан худи Кабирӣ дар вохурии худ бо мулло Абдураҳими Кулобӣ ӯро ба нодонӣ таъна зада, хотираи худро варақгардон ва таъкид намуд, ки баъди имзои сулҳ ба ҳайати ҳукумати 30%-а аризаи мулло Абдураҳимро худи Кабирӣ навиштааст.

Дар гузашта онҳо «аз квотаи 30%» соҳиби мансаб шуда буданд. Вале имрўз чиро сипар кардан мехоҳанд ва ба умеди хоҷагони хориҷии худ ҳастанд.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон давлати солҳои навадум нест. Тоҷикистони соҳибистиқлоли имрўза кишвари ободу озоди демократӣ буда худро дар арсаи байналмилалӣ устувору побарҷо намудааст, ки ин ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ба шумор меравад.

Мирзоев А.Н. – сармуаллими

 кафедраи хадамоти гумруки ДДҲБСТ

You might also like