Қадамҳои устувор дар илми ҳуқуқшиносӣ
13 марти соли ҷорӣ дар Маркази таҳсилоти рақамии ДДҲБСТ ҷаласаи кафедраи ҳуқуқи конститутсионии факултети ҳуқуқшиносӣ доир ба муҳокимаи рисолаи доктории унвонҷу Санавваров Ғолибҷон дар мавзӯи “Асосҳои консептуалии танзими маъмури-ҳуқуқии муносибатҳои муҳоҷиратӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: таҳлили комплексии назариявӣ, қонунгузорӣ ва амалиявӣ” ки зери назари мушовири илми д.и.ҳ. професори Академияи миллии илмҳо Иброхимов С.И. барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмхои ҳуқуқшиносӣ пешниҳод шудааст, баргузор гардид. Дар ҷаласа муқарризони расмӣ и.в. профессори кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва молиявии Донишгоҳи ҳуқуқшиносии Тошкент Нематуллоев Ҷурабек, д.и.х. профессори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Неъматов А.Ф., д.и.х. профессор Иброхимов С.И. иштирок доштанд. Ба рисолаи илмии унвонҷӯ д.и.х. профессор-директрои маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода А., д.и.х. професори кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи ДДХБСТ Мухаммадиев И.С. тақриз пешниҳод намуда, эродҳои худро ҷиҳати мукаммал намудани таҳқиқот иброз намуданд. Дар интиҳо аз ҷониби муқарризони расмӣ бо дарназардошти ворид намудани таклифу пешниҳодҳо рисола ба Шурои дифои Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия дода шуд.