ДДҲБСТ: Ҷамъбасти Ҳафтаи дарҳои кушод ва маросими қадршиносии ғолибони олимпида байни хатмкунандагон

02 марти соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Ҳафтаи дарҳои кушод ҷамъбаст шуда, ғолибони олимпиада байни хатмкунандагон дар вазъияти тантанавӣ қадршиносӣ гардиданд.
Дар рӯзи охирини Ҳафтаи дарҳои кушод низ хатмкунандагони шаҳру ноҳияҳои вилоят ба ДДҲБСТ ташриф оварда, бо шароиту имкониятҳои донишгоҳ аз наздик шинос шуданд. Дар Ҳафтаи дарҳои кушод ҳамчунин хатмкунандагон аз дастовардҳои устодону донишҷӯёни донишгоҳ ва дарсҳои намунавии устодон дидан карда, бо шароиту имкониятҳои Маркази таҳсилоти рақамии донишгоҳ ва дигар биноҳои таълимии ин муассисаи бонуфузи касбии олӣ дидан намуданд.
Дар маросими қадршиносӣ роҳбарон ва намояндагони раёсати маориф ва шуъбаҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, раисон ва намояндагони ташкилоту идораҳо ва муассисаҳои молиявиву бонкии ҳамкор, хатмкунандагон ва ғолибони олимпиада иштирок карданд.
Дар оғози маросими қадршиносии ғолибони олимпиада байни хатмкунандагон ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ Ҳомид Ҳошимзода иброз дошт, ки мақсад аз ташкилу ба роҳ мондани Ҳафтаи дарҳои кушод ва олимпиада байни хатмкунандагон ин дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҷалби хатмкунандагон ба таҳсили илму дониш ва ба касбомӯзӣ фаро гирифтани онҳо мебошад.
Иттилоъ дода шуд, дар Ҳафтаи дарҳои кушод, ки санаи 26 феврал дар донишгоҳ оғоз гардида то ба имрӯз идома ёфт, беш аз 10 000 хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳамроҳи омӯзгорони хеш ба ДДҲБСТ ташриф оварда, бо шароити таҳсил, имконияту ихтисосҳо аз наздик шинос шуданд. Дар олимпиада байни хатмкунандагон бошад, беш аз 7000 хатмкунанда тариқи онлайн ва офлайн ширкат варзиданд.
Ёдовар мешавем, ки дар донишгоҳ шуруъ аз санаи 20-январ то 20-феврал даври аввали интернет-олимпиадаи хатмкунандагон баргузор гардида, дар ин давра хоҳишмандон тавонистанд тариқи воридшавӣ ба сомонаи донишгоҳ иштирок намуда, дониши хешро аз рӯи намунаҳои саволномаҳои ММТ барои дохил шудан ба донишгоҳ санҷиданд.
Ғолибони олимпиада дар вазъияти тантанавӣ бо туҳфаҳои арзишманд аз қабили ноутбук, телевизор, планшет, телефону дигар туҳфаҳои зиёди арзишманди раёсати донишгоҳ ва ташкилоту муассисаҳои ҳамкор қадршиносӣ шуданд.
Инчунин, ғолибони олимпиада бо туҳфаҳои хотиравии шарикони ҳамкори ДДҲБСТ аз қабили КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд, ҶДММ ТАҚХ “Матин” ҶСК “Бонки Эсхата”, ҶСП “Ҳумо”, ҶСК “Тавҳидбонк”, ҶСК “Арванд”, ҶСК “Алиф Бонк”, ҶДММ “Ганҷофар” ҶДММ “Арча” ҶСП ТАҚХ “Имон интернешнл”, ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ва Парки технологии ДДҲБСТ қадршиносӣ гардиданд.
Ҳамчунин дар маросими қадршиносӣ дар доираи Ҳафтаи дарҳои кушод ва олимпиада байни хатмкунандагон ба омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ Ифтихорномаву Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like