Конференсияи вилоятӣ бахшида ба Рӯзи Модар дар ДДҲБСТ
Дар асоси нақшаи чорабиниҳои қарори Раиси вилояти Суғд аз 25 январи соли 2024, №22 «Дар бораи таҷлили Рӯзи Модар» 1 марти соли 2024 дар толори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-амалии вилоятӣ дар мавзӯи «Дастовардҳои занон дар даврони соҳибистиқлолии давлати Тоҷикистон» баргузор гардид.
Конференсияи мазкур бо мақсади татбиқи сиёсати давлат дар ҷодаи дастгирии занону бонувон, қадршиносӣ аз саҳми арзандаи онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ, таъмини фаъолнокии минбаъдаи онҳо, таҳкими нақш ва мақоми занону модарон дар ҷомеа ба ифтихори Рӯзи Модар доир гардида, дар он олимон, собиқадорони меҳнат, фаъолон, устодону донишҷӯён ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.
Нахуст, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Хуршедахон Хоҷазода конференсияро ҳусни оғоз бахшида, оид ба дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва дастовардҳои занону бонувон сухан кард.
Сипас, сарходими Институти илмҳои ҷомеашиносӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, барандаи ҷоизаи ба номи Маҳастӣ, дорандаи медали «Хизмати шоиста» Умедахон Ғаффорова дар мавзӯи «Саҳми занон дар рушди илм» суханронӣ намуд.
Ҳамчунин, муовини директори Маркази солимии репродуктивии вилоят Мадинахон Саидхоҷаева оид ба «Дастовардҳои занон дар соҳаи тандурустӣ» ибрози андеша карда, иброз дошт, ки имрӯз баҳри саломатии модару кӯдак дар муассисаҳои нигаҳдории тандурустӣ тамоми шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст.
Собиқадорони меҳнат вобаста ба баргузории конференсия ва нақшу мақоми Зан-Модар дар ҷомеа сухан карда, ба бонувону духтарон таъкид доштанд, ки бузургии Зан-Модар, пеш аз ҳама, дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин, нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад ва мо бояд имрӯз баҳри пешрафти ҷомеаю кишвари худ саҳмгузор бошем.