ДДҲБСТ: Баргузории конференсияи илмӣ-амалии байнидонишгоҳӣ таҳти унвони “Муаммоҳои криминалистикаи тоҷик дар замони муосир”
Бахшида ба Рӯзи криминалистика, эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва истиқболи 30-солагии Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи илмӣ – амалӣ доир шуд, ки дар он олимону коршиносон ва намояндагони донишгоҳу донишкадаҳои вилоят иштирок ва баромад карданд.
Ҳамоиш бо ибтикори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика ва пешгирии коррупсия доир шуд.
Дар конфронс намояндагони раёсати донишгоҳ, коршиносону муҳаққиқон доир ба паҳлӯҳои илми криминалистӣ маърӯзаҳо намуданд.