Беш аз 700 нафар хатмкунандагони мактабҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ДДҲБСТ дидан намуданд

Имрӯз, дар рӯзи нахустини ҳафтаи Дарҳои кушод дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон беш аз 700 нафар хонандагони мактабҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамроҳи устодони хеш ба Маркази таҳсилоти рақамии ДДҲБСТ ташриф оварданд.
Ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ Ҳомид Ҳошимзода ба хатмкунандагон ва устодонашон зимни боздид аз синфхонаҳои барҳавову марказҳои забономӯзи, бонки таълимӣ, синфхонаҳои компютерӣ, лабораторияи криминалистӣ, парки технологӣ   перомуни шароиту имкониятҳои таҳсил дар донишгоҳ маълумот дод. Ба таъкиди Ҳошимзода Ҳ.Ҳ. донишгоҳ  аз рӯи беш аз 40 ихтисоси рақобатпазирии бозори меҳнат мутахассисонро дар самтҳои ҳуқуқшиносиву бонкдорӣ, иқтисодиву молиявӣ, андозу гумрук, барномасозу сиёсатшинос дипломату забондон омода менамояд.
Дар ДДҲБСТ барои донишҷӯёни фаъол Стипендияи раёсати донишгоҳ амал намуда, ғолибони озмуну олимпиадаҳо ва мусобиқаҳои байналмилалӣ пайваста дастгирӣ меёбанд ва ҳатто аз маблағи хониш низ озод мегарданд.
Хатмкунандагони мактабҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров пас аз гирифтани маълумоти лозима дар бораи ДДҲБСТ ва шиносоӣ ба шароиту имкониятҳои фароҳамгардида баҳои баланд доданд.
Ҳамзамон, дар ин рӯз хатмкунандагон дар даври дуюми олимпиада байни хатмкунандагон иштирок карда, донишу малакаи хешро аз рӯи саволномаҳои ММТ санҷиданд.
Ҳафтаи Дарҳои кушод дар ДДҲБСТ идома карда, пагоҳ хатмкунандагони мактабҳои шаҳри Хуҷанд аз донишгоҳ дидан менамояд.

You might also like