Иқтидори заиф, вале ҳангомаҳои ба ном қавии мухолифин

Ҳайати расмии давлат, пеш аз ҳама, муаррифӣ, ифода ва ҳимояи манфиатҳои миллию давлатии Тоҷикистонро дар ҳамоиши ҷаҳони дорад. Дар конфронси САҲА, ки аз 16 то 26 сентябри соли ҷорӣ дар Варшава доир гардид, се ҳадафи асоси лдошт. Якум, муаррифии дуруст ва қатъии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои рӯзномаи конфронс. Дуюм, инъикоси объективии воқеиятҳои ҷомеаи Тоҷикистон дар мавзӯъҳои матраҳшаванда дар он ҳамоиш ва сеюм, рӯшанӣ андохтан ба саволу дархостҳое, ки иштирокчиёни ин конфронс дошта бошанд.

Зарурати музокира бо он афроди норозӣ ва бо ном мухолиф надорад. Тасаввуроти онҳое, ки дар берунанд ва талош доранд худро ҳарифи давлати Тоҷикистон матраҳ кунанд, дар бораи давлати Тоҷикистон маълумотҳои бисёр кӯҳна ва ғайривоқеӣ доранд. Давлати Тоҷикистон имрӯз дигар на давлати соли 1992 аст, на давлати соли 1997 ва ҳатто на давлати соли 2015. Онҳо тасаввур карда натавониста истодаанд, ки Тоҷикистон имрӯз як давлати қавӣ ва устувор буда, аз назари сиёсӣ, сохторию идорӣ, иқтисодӣ бисёр қавитар аз пеш аст. Давлат машғули ободонӣ, созандагӣ, миллатсозӣ, ваҳдатсозист. Давлат таърихи навини миллатро месозад. Бинобар ин, мухолифати чанд нафар ба раванди бузурги созандагӣ ва ваҳдати умумимиллӣ таҳдиди амали расонида наметавонанд.

Ба чунин шахсон фаҳмонидан лозим аст, ки ин саргардонии беҳударо бас кунанд, бар зидди давлату миллати худ баромад накунанд, ҳамчун шаҳрванд ба Тоҷикистон баргарданд. Садҳо нафар аз ҳамсафонашон бо ихтиёри худ баргаштанд ва ҳоло дар Тоҷикистон озодона зиндагӣ доранд. Ватан ободу озоду шукуфон аст, дигар ба осоиштагии он халал эҷод накунанд, мо як бор ин роҳро тай кардем. Фарҳанги мо, одоби миллӣ ва инсонии мо сулҳпарвари ва сулҳовари аст. Баъзе аз роҳбарияти собиқи ҳизби манъшудаи наҳзат, ҳазорон нафар собиқ аъзои қатории он дар кишвар озод кору зиндагӣ доранд. Масалан Мирзомуҳаммадии Навид, Саидиброҳими Назар, Мавлавӣ Аёмиддини Саттор, Абдурраҳим Карим  ва дигарон роҳи дуруст интихоб карданду имрӯз дар Ватан зиндагии осуда доранд.

Давлат имрӯз ҳатто касонеро, ки аз Сурия ва Ироқ, аз ҷабҳаҳои ҷанги террористӣ ба ихтиёри худ баргаштаанд, авф кардааст. То имрӯз қариб 200 нафар аз ин роҳ бо ихтиёри худ баргаштаанд. Бо ин мақсад ҳатто дар Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳот ворид шудааст, ки бозгаштагон ба тариқи содакардашуда авф мешаванд.

Иқтидори афроди «мухолиф» бисёр заиф ва маҳдуд мебошад, шояд пуштибононашон қавӣ ҳастанд, аммо кудрати худашон маҳдуд аст. Зеро аз назари сохторию ташкилотию шахсиятӣ он ҷо қувваи воқеие боқӣ намондааст. Бинобар ин, давлат онҳоро на ҳамчун ташкилот, балки ҳамчун шахс ва шаҳрванди бо ихтиёри худашон баргашта метавонад баррасӣ ва авф кунад. Ду соли охир дар расонаю шабакаҳои онҳо ба нашр мерасад, метавон дид, ки ҳарфҳои онҳо дигар холиянд. 90 фисади тамоми матлабҳои ахири онҳо аз туҳмат, таҳқир, дашном, масхара, шахсиятсӯзии номардона, дурӯғи рӯирост ва ғайра иборатанд. Ин нишонаи ба охир расидани потенсиали ин афрод аст. Ин нишонаи надоштани ҳадаф, барнома, идея барои ҷомеа аст.

Рафтори касоне, ки худро ҳайати наҳзатию исломӣ меноманд, ҳайратовар аст, Ислом ин қадар дурӯғу ҳақорату таҳқиру туҳматро ба пайравонаш иҷозат намедиҳад. Шахси мусулмон падару бобои касе, арвоҳи гузаштагони касе, духтари касе ё модари касеро густохона таҳқир намекунад, дар ҳаққи касе рӯирост туҳмат нашр намекунад. Чунин амалҳои туҳмат, таҳқир, дашном, масхара, шахсиятсӯзии номардона, дурӯғи рӯирост ҳаргиз боварӣ ва эҳтироми ҷомеаро сазовор гашта наметавонад.

Бинобар ин, онҳо шояд дар фазои иттилоотӣ бо дурӯғу дашному ҳақоратҳои худ шинохта шуда, машҳур бошанд, Аммо, онҳо ҳаргиз дар он фазо маҳбуб, мақбул ва таъсиргузор нестанд, хусусан дар фазои дохилии мамлакат.

Азимова Н. – н.и.п., дотсент,

мудири кафедраи фанҳои риёзӣ-

табиатшиносии муосири ДДҲБСТ

You might also like