Муаррифии асарҳои Пешвои миллат барои донишҷӯёни таҳсилоти фосилавӣ дар факултетҳои донишгоҳ

Шуруъ аз санаи 22 январи соли 2024 тибқи нақшаи ҳафтаинаи китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар факултетҳои донишгоҳ барои донишҷӯёни таҳсилоти фосилавӣ нуқтаҳои асосии Паёми навбатии Сарвари давлат ва муаррифии асарҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин муаррифии адабиёти тозанашр доир ба ихтисоси донишҷӯён аз ҷониби кормандони китобхонаи илмӣ доир шуд.
Зимни муаррифии асарҳои Пешвои миллат гуфта шуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ роҳнамои ояндасози миллати тоҷик мебошад. Зеро дар он самтҳои рушди Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, тандурустӣ, илму маориф, сайёҳӣ ва муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор гирифтаанд.
Сипас, дар идома китобдорон маводи таълимии тозанашрро муаррифӣ намуданд. Дар намоиш китобҳои дарсӣ, комплексҳои таълимӣ–методӣ, дастурҳо вобаста ба тахассусашон, ки аз ҷониби устодону омӯзгорони донишгоҳ интишор гардидаанд, муаррифӣ карда шуд. Мутолиаи маводи таълимӣ дар раванди омӯзиш барои донишҷӯён заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард. Зеро китобҳои мазкур ҷиҳати даст ёфтан ба дониши мукаммал ва маълумоти аниқу саҳеҳ вобаста ба тахассусмандӣ барои донишҷӯён хидмати арзишманд анҷом медиҳад.
Мақсади баргузории муаррифии китобҳои тозанашр ин  ҷалби ҳарчи бештари донишҷӯён ба китобхонаву китобхонӣ, иштироки онҳо дар ҷараёни дарсҳо бо маводи таълимӣ ва қонеъ кардани ниёзҳои иттилоотии истифодабарандагон мебошад.

You might also like